Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи шарифи Тоҷикистон воқеан ҳам таърихӣ ба ҳисоб меравад. Воқеан ҳам Паёми сарвари кишвар сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои меҳнативу дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад. Дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ватани азизамон Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ, хулосабарорӣ, натиҷагирӣ ва ояндабинӣ қарор гирифта, аз амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, рушди бемайлони тамоми ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани вазъи ичтимоии аҳолӣ мужда дода шуд.
Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
Маърифати ҳуқуқӣ ба василаи муҳими танзимкунандаи рафтор ва фаолияти шахс дар ҷомеа ба шумор рафта, омили мусоид баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат аст. Маҳз сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар дар чаҳорчубаи қонун муқаррар шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти воқеии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳо муваффақ гардад. Дар шароити вусъат пайдо намудани ҷаҳонишавӣ ва рушди равандҳои демократӣ аҳамияти маърифатнокии ҳуқуқӣ ба маротиб боло рафтааст. Моҳиятан дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳар шаҳрванд бояд ба мавқеи мустақили шаҳрвандӣ ва шахсияш муносибати бошуурона дошта бошад ва ба равандҳои гуногуни ҷамъиятӣ бохирадона муносибат намояд. Дар чунин шароит маҳз донишҳои ҳуқуқии зарурӣ, устувории иродаи сиёсӣ ва мафкуравӣ метавонанд фаолияти шахсро дар доираи муайянкунандаи қонун ва тартибот таъмин созанд.
Таҷрибаи давлатдории кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки сардори давлат бо ташаббусҳои худ як ишора менамояд ва роҳро мекушояд ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан олимону донишмандон минбаъд идомаи ташаббусро ба даст гирифта, дар роҳи татбиқи амалӣ ва шарҳу тавзеҳи илмии он талошҳои беандоза менамоянд.
Дар ҳақиқат аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ» кулли олимону донишмандони ҳавзаи илмҳои гуногунро водор менамояд, ки доир ба ин ибора шарҳу тавзеҳи илман асоснокшуда истифода баранд то оммаи аҳолӣ аз моҳияти он хабардор шаванд ва дар боло бардоштани савияи донишҳои оммавӣ-ҳуқуқии ҳарӯзаи худ талош намоянд.
Санавбар Шарифова, сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ.