Сиёсати «Миҳна» ва аҳамияти назариявию амалии он

Вожаи «миҳна» арабӣ буда, ба забони тоҷикӣ «озмоиш» тарҷума мешавад. Маҳз бо маънои «озмоиш» вай дар давраи халифа Маъмун дар нисбати диндору дингароҳо сиёсати махсуси халифаро ифода менамояд. Халифа Маъмун (786-833), ки модараш форс буд, дар муқоиса бо дигар халифаҳои ислом бо як қатор сифатҳои шахсӣ ва хидмати назаррасаш дар рушди илму фарҳанги башарӣ фарқ карда меистад. Ӯ соли 813 баъд аз волигии Хуросон халифаи Бағдод шуда, дар хилофат як зумра тағйиротҳои ҷиддӣ ворид менамояд. Халифа Маъмун ба сифати пайравӣ ба академияи Гундишопур дар Бағдод Байтулҳикма (хонаи ҳикмат) ташкил менамояд. Ӯ ҳамчун ҳомии илму дониш дар идоракунии хилофат донишмандонро ҷалб менамояд, ҳамчун астроном расадхонаи астрономӣ сохта, ба истифода медиҳад. Маъмун дар Бағдод китобхонае бунёд намуда, аҳли илмро ба он ҷалб менамояд. 
 
Маҳз ҳамин илмдӯстии ӯ сабаб мегардад, ки муносибати вай ба дини ислом ва баъзе масоли бунёдии он тағйир ёбад. Ҳамчун шахси илмдӯст ва ақлгаро аз ҷараёни ақлгарои муътазила ҳимоя намуда, таълимоти онро барои тамоми қаламрави хилофат ҳатмӣ мешуморад. Чун ӯ ба дурустии сиёсати ақлгароёнааш дар нисбати дини ислом боварии комил дошт, аз ҷонишини баъд аз худаш -  Муътасим низ хоҳиш менамояд, ки сиёсати мазкури ӯро идома диҳад. Сиёсати ақлгароёнаи ӯ дар нисбати дини ислом баъд аз Муътасим дар давраи хилофати Восиқ низ роҳандозӣ карда мешавад. Сиёсати мазкури халифа Маъмун танҳо дар давраи халифаи баъдӣ шикаст мехӯрад. 
 
Яке аз амалҳои оқилона ва дурандешонаи халифа Маъмун дар нисбати дини ислом роҳандозӣ намудани сиёсати «Миҳна» буд. Моҳияти сиёсати мазкур дар он ифода меёфт, ки вай тамоми донишмандон ва фақеҳони қаламрави хилофатро аз имтиҳон ё озмоиш гузаронида, фаҳмишу тасаввуроти муътазилиро доир ба бархе аз масоили динӣ ба онҳо ҳамл менамуд. Ба қавли дигар донишмандону фақеҳонро маҷбур менамуд, ки хусусиятҳои тасаввуроти муътазилиро ҷонибдорӣ намуда, аз он пайравӣ намоянд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо тамоми донишмандону фақеҳон ба ҷуз ду нафар, ки яке Аҳмад ибни Ҳанбал буд, сиёсати мазкури халифа Маъмунро ҷонибдорӣ менамоянд. 
 
Дар робита ба ин сиёсати Маъмун бояд таъкид намуд, ки ин сиёсати ӯ ҳадафҳои муайяни сиёсиро пайгирӣ менамуд. Мувофиқи ақидаи баъзе муҳаққиқон сиёсати «Миҳна» ба хотири таъмини амният, сулҳу салоҳ ва бардоштани тафриқа байни сунниҳо ва шиаҳо роҳандозӣ шудааст. Чун равияи шиа аз ҷанбаҳои муайяни ақлгароӣ бархӯрдор будааст ва ҷараёни муътазила низ бо ақлгароии худ фарқ менамудааст, Маъмун бо ҷонибдорӣ намудан аз ақоиди динии муътазила маҳз чунин ҳадафи дунявиро дунболгирӣ намудааст. 
 
Новобаста аз ҳадафҳои халифа Маъмун сиёсати мазкури ӯ шомили аҳамияти муайяни ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ мебошад. Аҳамияти назариявии ин сиёсат пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки аввалин маротиба дар қаламрави хилофат барои муносибати ақлонӣ дар баҳодиҳӣ ба масоили динӣ ҳамчун ҳоким имконияти воқеӣ эҷод намуд. Агарчанде ҷараёни муътазила каме пештар пайдо шуда бошад ҳам, вай ҳамчун як ҷараёни ақлгаро дар як муддати муайян дар сатҳи давлат (хилофат) дастгирӣ ёфт.  Ҷои шубҳае нест, ки сиёсати ақлгароёнаи мазкур дар нисбати дин барои пайдоиш ва ташаккули ақидаҳои озодандешона, махсусан шакл гирифтани афкори фалсафӣ дар оянда заминаи назариявӣ гузоштааст. 
 
Ҳамзамон, набояд фаромӯш кард, ки сиёсати «Миҳна» аз аҳамияти амалӣ низ орӣ нест. Пеш аз ҳама, ин сиёсат ба таври амалӣ нишон дод, ки дин ва тасаввуротҳои динӣ падидаи ҷамъиятӣ мебошанд. Агар матлабро мушаххастар баён намоем, сиёсати ақлгароёнаи халифа Маъмун амалан нишон дод, ки дин маҳсули сиёсат буда, аз он вобастагии ҷиддӣ дорад. Яъне, сиёсатҳо метавонанд динро ба ҳар маҷрое, ки зарур аст, равона созанд. Имрӯз дар гӯшаю канори мухталифи олами ислом ба зуҳур расидани ин ё он шакли дини ислом маҳсули он сиёсатест, ки дар қаламрави ҷомеаи мазкур ҳукмрон мебошад.
 
Аҳамияти дигари амалии сиёсати «Миҳна» аз имтиҳони ҷиддии мафкуравӣ гузаронидани  пешвоёни дин аст. Ҳангоме,  ки дар садаи IX на пешвои муқаррарии дин, балки донишмандону фақеҳони дин мавриди имтиҳон қарор додашуда, маҷбур карда мешавад, ки мавқеъ ё нигоҳи динии сиёсати ҳукмрон нисбат ба дин пазируфта шавад,  пас чаро чунин сиёсат дар ибтидои садаи XXI роҳандозӣ карда нашавад. Дар ҳолате, ки ҷомеаи феодалии асримиёнагӣ тибқи манфиатҳои ҷамъиятии давлат динро мавриди истифода қарор дода, дар ин самт қадами аввалро гузошт ва барои ояндаҳо роҳнамо гардид, чаро ҷомеаи садаи XXI чунин иқдомро барои беҳбудии ҷомеа роҳандозӣ нанамояд? Аз нигоҳи мо садаи XXI садҳо маротиба бештар ҳақ дорад, ки чунин сиёсат, яъне тибқи манофеи давлату миллат ҷорӣ намудани сиёсати диниро ба роҳ андозад. 
 
Ҳангоме, ки дар ҷомеаи тираи асримиёнагӣ донишмандону фақеҳони дин вобаста ба талаботу манофеи давлат имтиҳон гирифта шуданд, пас, чаро донишмандону фақеҳони дин дар садаи XXI бо дарназардошти  манофеи давлату миллат имтиҳон гирифта нашаванд. Зарурат ва мубрамияти сиёсатии «Озмоиш» дар нисбати донишмандону фақеҳони дин дар ҷомеаи имрӯза, махсусан, дар он ифода меёбад, ки иддае аз ашхоси номбурда аз имтиҳони ҳадафмандонаи лоиҳакашони хоричӣ гузашта, сиёсати зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро пардапӯшона роҳандозӣ менамоянд ва ё ҳадда ақал дар зери таъсири чунин сиёсат қарор доранд.  
 
Хулоса, сиёсати «Озмоиш» барои ҷомеаи мутамаддини имрӯза намунаи хуби идоракунии дин аст. Баҳри ҳифзи манофеи миллию давлатӣ ҷомеаро зарур аст, ки донишмандону фақеҳони динии худро аз имтиҳони «Садоқат ба Ватан» гузаронида, вирусҳои зиддимиллию зиддидавлатии лоиҳакашони хориҷиро дар сиришти онҳо бояд безарар гардонад. 
 
Зимни роҳандозӣ намудани сиёсати «Озмоиш» на бояд аз мадди назар дур сохт, ки ҳатто дар муҳити асримиёнаи феодалӣ на таълимоти пазируфташуда ва маъмулии динӣ, балки манфиати  ҷомеа меъёри муайянкунанда ва қутбнамо гардида буд. Аз ин рӯ, имрӯз низ меъёри мазкур бояд маҳаки сиёсати ҷомеа дар нисбати дин бошад. 
 
Абдухалилзода К.   
Яндекс.Метрика