2129 сол қабл Марк Туллий Ситсерон дар шаҳристони Арпино дар 100 километри Рими кунунӣ зода шудааст.
Падараш аз заминдорон ва шаҳсаворони бузурги маҳаллшон буд.
Ситсерон аз ҷумла назди файласуфи номдори замонаш Филон забони юнонӣ, фалсафа ва суханварӣ омӯхт ва дар шинохти фалсафаи Юнон аз саромадони рӯзгори худ шуд.
25 сола буд, ки яке аз осори мондагорашро дар бораи дониш ва равиши суханварӣ навишт, ки ҳанӯз муътабар ба шумор меояд.
Зиндагии ӯ се фароз дар риштаҳои суханварӣ, сиёсат ва фалсафаро нишон медиҳад, ки дар робита бо ҳар кадом навишторе ҳам аз ӯ ба ёдгор мондааст.
Ситсерон мегӯяд : " Марди бузург касе аст, ки дар синаи худ қалби кӯдакона дошта бошад".
Ӯ нахуст дар додгоҳҳои умумии пойтахти Рум ба ваколат ва сипас ба доварӣ пардохт ва ба ин хотир суханрониҳои мондагоре дар заминаҳои гуногуни ҳуқуқӣ навишт ва эрод кард ва дар ҳамаи онҳо қонунмадориро таъкид ва вазифаи ҳар фард донист.
Ситсерон аз шинохтатарин андешмандони рӯзгори кӯҳан ба шумор меояд, зеро аз ӯ осори бисёре аз ҷумла 800 нома, 50 суханронӣ ва чандин асари назарӣ ба ҷо мондааст, ки ӯро ба унвони яке аз қуллаҳои адабиёти лотин медонанд.
У ҳамчунин, пештози озодихоҳӣ ва мардумсолории 2 ҳазор сол пеш аз мелоди Масеҳ аст.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ