ТАСЛИЯТИ РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НИСБАТИ ДАРГУЗАШТИ ДОНИШМАНДИ МАЪРУФ ВА СОҲИБМАКТАБИ ҲУҚУҚ ТОҲИРОВ ФОЗИЛ
Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати кормандону устодони Марказ, аз марги нобаҳангом ва даргузашти ҷонгудози донишманди маъруфи кишвар, академик Тоҳиров Фозил Тоҳирович сахт андӯҳгин буда, ба аъзои оила ва наздикону пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонанд.
Тоҳиров Фозил Тоҳирович академики АМИТ, академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор ҳамчун олими соҳибмактаб дар ҷумҳурӣ ва
берун аз он шуҳрат дошт. Ў соли 1939 дар ноҳияи Конибодом ба дунё омадааст. Солҳои 1961-1966 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Солҳои 1966-1995 дар кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ ба сифати аспирант, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи муаллимон ва донишҷўён, котиби кумитаи ҳизбӣ, ноиби ректори донишгоҳ оид ба
шуъбаи ғоибона (1973-1978), ноиби
ректори донишгоҳ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ (1986-1990) ва солҳои 1990-1995 ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст.Профессор Ф.Т. Тоҳиров шахсияти фаъоли иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт. Ў солҳои зиёде узви Шўрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Кумитаи назорати конститутсионии Тоҷикистон, комиссияи Шўрои Олӣ оид ба таҳияи рамзҳои давлатии Тоҷикистон (1991-1994), раиси Шўрои ректорон, узви Шўрои илмию методии раёсати бойгониҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон, ноиби президенти Ассотсиатсияи илмҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, раиси Шўрои махсусгардонидашудаи назди донишгоҳ оид ба дифои диссертатсияҳои номзадӣ доир ба ҳуқуқ, узви раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд..
Хидматҳои бедареғи академик Ф.Т. Тоҳиров дар инкишофи илму маориф, ташаккули мактаби
ҳуқуқшиносии миллӣ бо унвонҳои ифтихории «Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Барои меҳнати шоён», «Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Тоҷикистон» ва як силсила ифтихорномаҳо қадр шудаанд.
Бо заҳмати академик Ф.Т. Тоҳиров Шўрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ таъсис ёфта, таҳти сарварии мавсуф фаъолият дошт. Таҳти роҳбарии илмии
ў А.Ғ. Холиқов, И.Б. Бўриев, И.Д. Сафаров, М.А. Солеҳов, Р. Зойиров, К.Н. Холиқов, А.Х. Маликова, А.С. Достиев, А.А. Каҳҳоров, Р.М. Раҷабов, Г. М. Бобокалонов, У.А. Азизов, Э.С. Насурдинов, Л. Нусратов, Д. Муллоев рисолаҳои
номзадӣ ва профессорон Сотиволдиев Р.Ш., Холиқзода А.Ғ., Насриддинзода Э.С., Сафарзода Б.А., Азиззода У.А. рисолаҳои докториашонро ҳимоя намудаанд. Ў бо маърўзаҳои илмӣ борҳо дар конгрессу симпозиумҳое, ки дар Миср, Италия, Олмон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Лаҳистон, Австрия, шаҳрҳои Федератсияи Россия ва ИДМ доир шудаанд, дастовардҳои илми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда буд.
Асарҳои маъруфи профессор Ф.Т. Тоҳиров «Становление советского права в Таджикистане» (1987), «Правовая система Таджикской АССР» (1988), «Ташаккули ҳуқуқи шўравӣ дар Тоҷикистон» (1994), «Правовая система дореволюционного Таджикистана»
(1998), «Шариат ва танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-оилавӣ» (бо забони тоҷикӣ ва русӣ, бо ҳаммуаллифӣ, 1999), «Таърихи давлат
ва ҳуқуқи дунёи қадим» (2003), «История государства и права Республики Таджикистан» (қисми 2, 2001), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ (дунёи қадим
ва асрҳои миёна)» (2004), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ (давраи нав ва навтарин)» (2007), «Хрестоматия по истории
государства и права Таджикистана, 1917-1994 гг.», «Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана» (нашри дуюм бо ислоҳу иловаҳо, 2019) дар инкишофи илми ҳуқуқ саҳми шоиста доранд.
Шамъи хотира ва ёди устод Фозил Тоҳиров дар дили мо, шогирдону устодон, ҳамеша дурахшон хоҳад буд.
РУҲАТОН ШОД ВА ҶОЯТОН ҶАННАТИ ҶОВИДОН БОД, УСТОДИ АЗИЗ...
Бо эҳтиром,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим