СИТОИШИ ДОНИШУ ХИРАД ДАР “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМИ ФИРДАВСӢ

Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.
**
Миёна нишинад ҳам андар миён,
Бидон, к-ат зи дониш наёяд зиён.
**
Туро донишу дин раҳонад дуруст,
Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст.
**
Ба ранҷ-андар орӣ танатро, равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.
**
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Аз омӯхтан як замон нағнавӣ!
**
Чу дидор ёбӣ ба шохи сухун,
Бидонӣ, ки дониш наёяд ба бун.
**
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
**
Ба ҷое ки коре чунин уфтод,
Хирад бояду донишу дину дод.
**
Ҳамасола пирўз бодиву шод,
Дилат пур зи дониш, сарат пур зи дод.
**
Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.
**
Нигаҳ кун, ки донои Эрон чӣ гуфт,
Бад-он гаҳ, ки букшод роз аз нуҳуфт,
Ки душман ки доно бувад, беҳ зи дўст,
Або душману дўст дониш накўст.
**
Ҷавонони донои донишпазир,
Сазад, гар нишинанд бар ҷойи пир.
**
Хирад бояду донишу ростӣ,
Ки кажжӣ бикўбад дари костӣ.
**
Биёмўз дониш ту, то эдарӣ,
Ки он ҷо ҳама бар зи дониш х(в)арӣ
**
Агар донишимард гӯяд сухан,
Ту бишнав, ки дониш нагардад куҳан.
**
Ба дониш ҳамеша нигаҳ дор дин,
Ки бар ҷонат аз дин бувад офарин.
**
Зи дониш дари бениёзӣ биҷўй,
В-агарчанд сахтит ояд ба рўй.
**
Ба дониш бувад ҷону дилро фурўғ,
Нигар, то нагардӣ ба гирди дурўғ.
**
Фурўтан бувад шаҳ, ки доно бувад,
Ба дониш бузургу тавоно бувад.
**
Ҳар он кас, ки дониш фаромуш кунад,
Забонро зи гуфтор хомуш кунад.
**
Зи дониш чу ҷони туро моя нест,
Беҳ аз хомушӣ ҳеҷ пероя нест.
**
Мудоро хирадро бародар бувад,
Хирад бар сари дониш афсар бувад.
**
Ба дониш равонро тавонгар кунед,
Хирадро бад-ин бар сар афсар кунед.
**
Сари ростӣ дониш ояд нахуст,
Хунук к-он аз оғоз фарҷом ҷуст.
**
Ба дониш физою ба Яздон гарой,
Ки ў бод ҷони туро раҳнамой.
**
Ки нодон фузунӣ надорад зи хок,
Ба дониш писандида кун ҷони пок.
**
Агар чашм шуд тира, дил равшан аст,
Равонро зи дониш ҳамон ҷавшан аст.
**
Тани мурда чун марди бедониш аст,
Ки нодон ба ҳар ҷой беромиш аст.
**
Ба дониш бувад бегумон зинда мард,
Ҳунук ранҷбардори пояндамард.
**
Гиё чун сухан дону дониш чу кўҳ,
Ки бошад ҳамасола дур аз гурўҳ.
**
Ба дониш бувад шаҳрёр арҷманд,
На аз ганҷу мардони тахти баланд.
**
Ҳар он мағз, к-ўро хирад равшан аст,
Зи дониш ба гирди танаш ҷавшан аст.
**
Ба дониш бувад мардро эманӣ,
Бубандад зи бад дасти оҳарманӣ.
**
Сухан монад аз мо ҳаме ёдгор,
Ту бо ганҷ дониш баробар мадор.
**
Дари дониш аз ганҷ номитар аст,
Ҳамон назди доно гиромитар аст.
Ба дониш нигар, дур бош аз гуноҳ,
Ки дониш гиромитар аз тоҷгоҳ.
**
Ба дониш бувад шоҳ зебои тахт,
Ки донанда бодиву пирўзбахт.
**
Ба дониш бувад мардро обрўй,
Ба бедонишӣ то тавонӣ, мапўй.
**
Чунин гуфт донанда деҳқони пир,
Ки дониш бувад мардро дастгир.
**

Таҳиякунанда:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика