Рафтори ноҷавонмардонаи чанд ҷавони бадсиришту бадахлоқ дар Олмон зимни сафари Пешвои миллат ба ин кишвар имрӯзҳо вирди забони ҳамагон гардидааст. Ҳамаи онҳое, ки аз илм, сиёсат ва дину ахлоқ каме бархӯрдоранд, рафтори онҳоро ҳамчун як шакли зуҳури бефарҳангӣ, амали ифротӣ ва таҳқири фарҳанги динию миллӣ маҳкум карда истодаанд.
Воқеан ҳам вақте ба рафтори онҳо баҳо доданӣ мешавем, саволе пеш меояд, ки чаро онҳо имрӯз дарбадар дур аз ватану пайванди хешанд? Магар барои онҳо зану фарзанд ва хешу ақрабо азиз нест? Магар онҳо нисбат ба ватану диёри хеш ягон зарра меҳру муҳаббат надоранд? Албатта, доранд. Лекин ҷаҳолат, кӯтоҳандешӣ, бемасъулиятӣ, сиришти ифротӣ онҳоро роҳбар гардиду ба ин ҳоли табоҳ дур аз диёру Ватан афтоданд.
Ҳамин ҷаҳолату сиришти нопоки онҳою ҳаммаслакони онҳо барои мардуми шарифи тоҷик бори гарон гардид. Маҳз ба сабаби кӯтоҳандешии онҳо миллати бофарҳанг ва дурандеши тоҷик ба гирдоби ҷанги бародар бар зидди бародар кашида шуда буд. Аммо мутаассифона, агар сиришт нопок мегардидааст, вай ба осонӣ зудуда намешудааст. Ғараз ва ҳадафи нопок ин сириштро ором намегузоридааст.
Ҳангоме, ки Пешвои миллат сафари Олмонро анҷом доданд, сиришти нопок боз аз худ дарак дод. Ин ноҷавонмардон бо чанд амали аҳмақона ва экстремистии худ эҳтимол гумон карданд, ки шахсиятҳои сиёсӣ ҳастанду принсипҳои демократиро риоя менамоянд. Лекин, афсӯс, ки аҳли хирад ба онҳо дигар хел баҳо медиҳад. Ҳеҷяк рафтори онҳо ба рафтори шахсияти сиёсӣ ва пайравӣ аз принсипҳои демократӣ монанд нест. Баръакс, онҳо бо ҷаҳолат, бефарҳангӣ ва афкору аъмоли ифротӣ худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданду халос. Онҳо аз номи дини ислом сухан гуфтанро дӯст медоранд. Магар рафтори онҳо бо фармудаи қуръонӣ«Пас, ҳар ки мулоқоти Парвардигори худро умед дорад, бояд ки кори писандида кунад ва дар ибодати парвардигори хеш шарик наорад» (Каҳф, 18-110) мувофиқат менамояд? Рафтори ноҷавонмардона ва ифротии онҳо ба талаботи кадоме аз оятҳои қуръонӣ ҷавобгӯ мебошад? Чаро ин шахсиятҳо аз дини ислом бисёр ҳарф мезананд, лекин худ хурдтарин талаботи онро иҷро намекунанд? Гузашта аз ин, магар онҳо бо чунин рафторашон ҳам ба дини ислом ва ҳам ба миллат доғ намеоранд?
Бешак, онҳо бо ин рафторашон худро муаррифӣ карданд, ки онҳо кистанд? Бо ин рафторашон аввал фарҳанги динии худро, сониян, мутаассифона, фарҳанги миллии худро ба намоиш гузоштанд. Яъне, онҳо миллати тоҷикро низ бадном карданд. Ахиран, бо ин рафторашон онҳо сиришти ифротии худро ба маъраз гузоштанд.
А. Кароматулло