Семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Таъсири тундгароии динӣ ба раванди шаклгирии ҷаҳонбинии шаҳрвандон: таҳдидҳо ва роҳҳои пешгирии он» дар шаҳр Бохтар

Санаҳои 24-25 январи соли 2024 бо мақсади амалисозии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2026» ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, коҳиш додани гаравиши шаҳрвандон ба фарҳанги бегона, ғояҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастӣ, зоҳирпарастии динӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноӣ бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки ходимони дини шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ҷ.Балхӣ ва А.Ҷомӣ семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Таъсири тундгароии динӣ ба раванди шаклгирии ҷаҳонбинии шаҳрвандон: таҳдидҳо ва роҳҳои пешгирии он» баргузор карда шуд.
Яндекс.Метрика