СЕМИНАРИ ИЛМӢ -АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ " КОНСТИТУТСИЯИ ИНСОНМЕҲВАР "

Санаи 3 - юми ноябри соли 2023 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ семинари илмӣ - амалӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинар муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ Абдухалилзода Кароматулло ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд.

Нахуст, муовини директори Марказ Абдухалилзода Кароматулло аз номи роҳбарият кулли кормандон ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба бисту нуҳумин солагрди Конститутсия табрику муборакбод намуда, таъкид намуданд, ки “Таҷлили рўзи Конститутсия бесабаб нест.

Имрўз он оромию осудагӣ ва хушҳолию хушнудии мардум, ки дар саросари кишвар дида мешавад, маҳсули ҳамин Конститутсия аст. Конститутсия дар таъмини фазои орому осудаи кишвар воқеан ҳам нақши бузург дорад. Маҳз ба шарофати Конститутсия мардуми мусулмони кишвар аз тамоми озодиҳои динӣ бархўрдоранд”.

Сипас, мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Шоев Фирӯз дар мавзуи " КОНСТИТУТСИЯ – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ” суҳбат намуда, иброз доштанд, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарин кишварҳои ҷаҳон шинохта шудааст.

Ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияҳои беҳтарин кишварҳои ҷаҳон мавриди омӯзишу тадқиқ қарор дода шуданд ва дар асоси онҳо Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мутобиқат ба ҷомеаи демократӣ қабул карда шуд”.

Қайд карда шуд, ки аз се ду ҳиссаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар бар мегирад, ки метавонем онро конститутсияи инсонмеҳвар гӯем.

Дар фарҷом миёни иштирокдорони ин ҷамъомад саволу ҷавоб сурат гирифт.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика