Семинари илмӣ - амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Имрӯз, 7- уми октябри соли 2024 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ Семинари илмӣ-амлӣ баргузор гардид.

Сараввал директори Маркази исломшиносӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сипас, устодони Донишгоҳи миллӣ Дустзода Ҳамрохон дар бораи таърихи бурду бохти забони тоҷикӣ ва Ғаффоров Шоҳрух дар бораи хидмати бузургон аз қабили Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон дар ҳифз ва нигоҳдошти забони тоҷикӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом байни кормандони Марказ ва забоншиносон доир ба масъалаҳои забони муҳовира ва гуфтугӯи имрӯзаи тоҷик саволу ҷавоб сурат гирифт.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика