Сафари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ВМКБ

Дирӯз, 17/03/2024 сафари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шералӣ Кабир ва сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ ба шаҳри Хорӯғ оғоз гардид.

Боздиди мо бо ҳамроҳии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ аз корхонаҳои саноатии шаҳри Хоруғ, сохтмони иншоотҳо ва мавзеи корхонаҳои саноатии сохташаванда доир гардид.

Мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа идома доранд...

Гузориш аз ш. Хорӯғ.

Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика