
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вориди Қирғизистон шуд
Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистонро муовини Раиси Девони Вазирони Қирғизистон Бақит Торобоев пешвоз гирифт.
Қоҳир Расулзода, имрӯз 26-уми октябр дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар Бишкек баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Мавзуи асосии ҷаласа баррасии масъалаҳои пурранамоии мушаххаси ҳуҷҷатҳои консептуалии қаблан қабулшуда гуфта мешавад.
Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмон то соли 2035 амалӣ мешавад. Дар ҷаласаи охирини Шурои сарони давлатҳои СҲШ, ки моҳи июл дар Ҳиндустон баргузор шуд, Стратегияи ҳамкории иқтисодӣ то соли 2030 қабул гардида буд.
Иштирокдорони ҷаласа доир ба мушаххасан пуррасозии мундариҷаи ин ду ҳуҷҷати барномавӣ мубодилаи афкор менамоянд.
Азия плюси тоҷикӣ