Саломат Мусо ва афкори ғарбгароии ӯ

Нависандаи маъруфи Миср Саломат Мусо ба сабаби мушкилоти иҷтимоӣ дар синни 19-солагӣ ба Аврупо ҳиҷрат намуда, се соли ҳаёташро дар Фаронса ва чор солро дар Англия сипарӣ менамояд. Зист ва фаъолият дар кишварҳои пешрафта дар зеҳн ва мафкураи нависанда таъсири амиқ расонида, дар муносибати ӯ ба фарҳанг як таҳаввулоти ҷиддӣ ворид намудаанд. Ӯ андешаҳои худро дар китобаш “Имрӯз ва фардо” хеле бадеӣ ва ҷолиб баён доштааст. Огоҳӣ бо андешаҳои як шахсияти аз фарҳанги пешқадам огоҳ барои аҳли ҷомеаи мо низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. 

Саломат Мусо “тақдирро ситоиш менамояд, ки халқи Миср аз лиҳози зоҳир ва хислатҳои ботинӣ аврупоӣ мебошанд. Аз сохтори ваҷҳ ва хислат онҳо ба англисҳо ва итолиҳо наздиктаранд. Дар Сурия ва Шимоли Африқо низ ҳол чунин аст. Мардумони ин кишварҳо низ аз лиҳози зоҳир ва хислат аврупоӣ мебошанд. Пас, барои чӣ, изҳор медорад Саломат Мусо,  ҳама якҷоя фарҳанг ва тамаддуни аврупоиро қабул намуда, либоси осиёиро аз худ бадар накунем? Ин мазҳаби ман аст, ки тибқи он дар тӯли ҳаётам пинҳону ошкор амал мекунам. Ба дурустӣ, ки ман кофир ба Шарқ ва муъмин ба Ғарб мебошам. Дар ҳар чизе, ки ман менависам, кӯшиш мекунам, ки дар зеҳни хонандагонам ҳамон хусусияҳоеро корам, ки бо он Аврупо дар асри нав тавсиф меёбад ва хонандагонамро водор мекунам, ки рӯяшонро ба Ғарб гардонанд”. 

Саломат Мусо муносибати манфии худро ба фарҳанги арабӣ сароҳатан иброз дошта, таъкид менамояд, ки “ин эътиқод, ки мо шарқӣ ҳастем, дар мо чун беморӣ ҷой гирифтааст. Ин беморӣ дар ҳолати шадидшавӣ қарор дорад. Ин беморӣ, ба ақидаи ӯ, дар он ифода меёбад, ки мо дар зеҳнамон ҷой мекунем, ки моро воҷиб аст, ки ба фарҳанги арабӣ содиқ бошем, китобҳои арабиро омӯзем, ибороти онро аз самими қалб омӯзем, чуноне ки адибони мискинамон чу Мозанию Рофеӣ мекарданд, Ибни Румиро омӯзем, дар бораи асли Мутанаббӣ баҳс намоем, дар бораи Алӣ ва Муовия суҳбат кунем, байни онҳо фазл гузорем, барои Ҷоҳиз таассуб варзем ва кӯшиш намоем собит намоем, ки арабҳо илмҳоро медонистанд...”. 

Муносибати манфии Саломат Мусо ба фарҳанги арабӣ дар ҷумлаҳои зерини ӯ боз ҳам шакли шадидтарро гирифтааст: “Ҳар оина, бар мо барои араб ягон навъи садоқат воҷиб нест. Ҳирсона омӯзиши фарҳанги онҳо барои ҷавонон марговар буда, исрофи нерӯяшон аст”. Фарҳанги арабро барои ҷавонон марговар маҳсуб донистани Саломат Мусо ба он маъно аст, ки фарҳанги мазкур барои онҳо манфиатовар нест. Аз ин рӯ, омӯзиши он исрофи нерӯ буда, ҷавононро аз омӯзиши фарҳанги пешрафта бозмедорад. Бешак чунин андешаҳои Саломат Мусо хеле пешқадамона буда, аз кӯшишу талошҳои ӯ барои ҳамқадами замон будани фарҳанги Миср далолат менамояд.  

Қобили зикр аст, ки Саломат Мусо ба санъати рақсу мусиқаи ғарбӣ низ эҳтиёҷ доштани мардуми Мисрро таъкид намудааст: “Ҳар оина  мо ба чизе эҳтиёҷ дорем, ки дилҳои моро ба ҳаяҷон меорад ва онҳоро бо эҳсоси боварӣ ба ҳаёт пур мекунад. Он чизро мо маҳз дар робита бо Ғарб ва аз ғарбиён гирифтани рақс, оҳанг ва мусиқа пайдо карда метавонем. Аммо шеъри арабӣ, қофияҳои якрангаш дилбазании моро эҷод менамояд ва он таблзании судониёнро мемонад”. 

Барои Саломат Мусо забони арабӣ низ “забони бадавист, ки агар дар муҳити бо ҳолати фарҳангии тараққикунанда дучор омадан, чуноне ки айнан ҳозир дар чунин ҳолат зиндагӣ менамоем, қариб ки иҷрои вазифаашро кафолат намедиҳад. Ана, ман дар ҳуҷрае ҳастам, ки намедонам, мебели онро ба арабӣ чӣ тавр тавсиф намоям, лекин метавонам, ки онро ба англисӣ тавсиф кунам”.  

Саломат Мусо муътақид аст, ки забони арабӣ василае мебошад, ки мардумро бо фарҳанги қадима пойбаст карда, онро аз пешравиҳо, дигаргуниҳо, навгониҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бозмедорад. Ӯ дуруст қайд мекунад, ки аз интишору тақвият ёфтани забони мазкур дар байни аҳли ҷомеа қишрҳои махсус манфиатдор мебошанд ва пайваста барои тавсеа ёфтани фазои истифодаи он кӯшишу талошҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. Ба ақидаи Саломат Мусо маҳз қишри мазкурро мо бояд аз раванди таълими аҳли ҷомеа дур гардонем то таълиму тарбия самти дилхоҳро касб намояд. Дар ин бора ӯ навиштааст: “Ҳар оина, забони арабӣ, идома медиҳад Саломат Мусо, дар эътиқоди ман, танҳо забони навишт буд, яъне ҳатто дар замони зуҳури Қуръон забони мурда буд. Лекин омӯзиши забони арабӣ дар Миср тавассути  шайхҳое, ки мағзи сарашонро бо омӯзиши  фарҳанги арабӣ, яъне фарҳанги қарнҳои торик банд аст, идома меёбад. Пас, то ин шайхҳоро аз таълими он бознадорем ва таълимро ба ашхосе, ки дар фарҳанги нав ба масофаи дур рафтанд, таслим нанамоем, мо ба ислоҳи таълим даст зада наметавонем. Мо, ҳар оина, ба забони қадимаи мардуми араб майл дорем, чун дар зеҳнҳои мо аз он қарзи аблаҳона реша давондааст, ки мо шарқиёнем ва бар мо воҷиб аст, ки каромати халқи арабро ҳифз намоем, таърихи онро ҳимоя намоем. Эътиқоди мо дар шарқӣ буданамон моро бар як қатор бадбахтиҳое дучор мегардонад, ки садоқат ба забон аз ҷумлаи сабуктарини онҳо нест.

Барои Саломат Мусо на танҳо тағйири фарҳангу низоми таълим, балки тарзи либоспӯшӣ низ яке аз омилҳои муҳими ворид намудани шахс ба тамаддуни нав мебошад. Ӯ дуруст қайд менамояд, ки пазируфтани ин ё он тарзи либос, ки метавонад одат гардад, ифодагари муносибати шахс ба тамаддуни нав ва кашфи олами ботинии ӯст. Яъне, дар қабули тарзи либос ё тарзи зист як навъ робита байни олами зоҳирию олами ботинии шахс мавҷуд мебошад. Инсон тарзи либоси нав, яъне қулай, осон, муфид, сабук ва маъқулиро қабул намуда, бо ин роҳ, аз як тараф, қатъи робитаи худро бо анъанаҳои қадимаи  хурофотӣ, аз тарафи дигар, ҳамқадами замон будану майли бо арзишҳои нав зистани худро ба маъраз мегузорад. Дар робита ба андешаи баёнгардида нуқтаи назари Саломат Мусо доир ба зарурат ва аҳамияти кӯлоҳ хеле ҷолиб мебошад: “Дар воқеъ истифодаи кӯлоҳ (қубъа) аз чизе, ки дар байни мо ва бегонаҳо қаробат ворид менамояд, бузургтар аст ва он моро уммати ягона мегардонад.  Вай рамзи фарҳанг буда, онро ҳар як марди мутамаддин мепӯшад...Ва мо чун кӯлоҳро мепӯшем, бо он мо на танҳо либоси аврупоиро мепӯшем, балки либосеро истифода мебарем, ки мардуми мутамаддин барои дар сар гузоштанаш иттифоқ кардаанд...Дар воқеъ мардуми мутамаддин одатҳое доранд, ки бо он одатҳо онҳоро мешиносанд ва пазируфта мешаванд. Қабули кӯлоҳ аз ҷумлаи чунин одатҳост... То он даме, ки мо кӯлоҳро барои мардонамон ва занонамон напазирем ва ҷудо шудани худро аз Шарқ эълон накунем, ҳар оина мо дар назари худ ва назари аврупоиён мардуми шарқӣ боқӣ хоҳем монд”.

Чӣ хеле ки аз навиштаҳои Саломат Мусо бармеояд, дар андешаи ӯ мафҳуми “шарқӣ” ифодагари фарҳанги қафомонда, пойбанди хурофот ва дур аз фарҳангу тамаддуни пешрафта аст. Барои дар радифи мардуми пешқадами ҷаҳон будан қатъи омӯзишу таълими арзишҳои қадима ва роҳандозӣ намудани арзишҳои нав, ки Саломат Мусо онҳоро дар ҷорӣ намудани фарҳанги аврупоӣ мебинад, зарур аст. 

Хулоса, Саломат Мусо ҳама гуна рафтору кирдор ва гуфтори бо фарҳанги қафомондаро монеи рушду тараққӣ ҳисобида, модернгароёна зистанро таблиғ менамояд.

 

Абдухалилзода Кароматулло

Яндекс.Метрика