Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки ҳамчун рӯзҳои фаромӯшнашаванда ба ҳисоб мераванд. 8-март аз чунин рӯзҳост, ки онро ҳамчун рӯзи байналхалқии занон дар даврони пешин ном мебурданд. Дар аввал ин таърихро ҳамчун рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон мешумориданд. Он иди бонувон набуда. Балки ҷашни заноне буд, ки бар зидди ноадолатиҳои рӯзгор мубориза бурда буданд.
Ин вобаста ба рӯзест, ки 8-марти соли 1857 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА коргарзанони фабрикаи пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кутоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он вақтҳо дар як шабонарӯз 16-соат кор мекарданд. Аммо музди ночиз мегирифтанд. Мардон баъди намоиши эътирози рӯзи кории худро то 10-соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-марти соли 1957 иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк ҳазорҳо нафар занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва садҳои дигар даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз додан ва иштирок намудан дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, инчунин баробарҳуқуқиро бо мардон талаб карданд.
Дар таърихи 28-феврали соли 1908 бо даъвати Ташкилоти занони сотсиал-демократи шаҳри Ню-Йорк дар бораи баробарҳуқуқии занон гирдиҳамоӣ баргузор гардид. Дар ин гирдиҳамоӣ 15000-нафар занон бо талаби кутоҳ намудани рӯзи корӣ, баробарҳуқуқии занон ва зиёд намудани маош ба майдон баромада буданд.
Инчунин таърихи ҷашнгирии иди занон ба номи Клара Сеткин алоқаманд аст, ки гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил додааст. Ҳарчанд, ки барои ин кор на як рӯз сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун зодрӯзи «пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дуввуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии рӯзи «Муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад, ки он бояд пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ хизмат кунад. Ҷашнгирии Иди Бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқу озордиҳои онҳо буд. Санаи ҷашнгирии Рӯзи байналхалқии Занон мувофиқи пешниҳоди узви Кумитаи Марказии Ҳизби сотсиал-демократӣ Елена Гринберг 19-март таъин шуд. Бори нахуст, Рӯзи байналхалқии Занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария маҳз 19-уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 он дар ҳамон кишварҳо, вале 12-май баргузор гардид. Соли 1913 аз мушкилоти ташкилотӣ ихтилофот ба вуҷуд омад: дар Олмон онро 12-март, дар Австрия. Чехия. Венгрия, Швейтсария, Ҳоландия 9-март, ва дар Фаронсаю Русия 2-март ҷашн гирифта буданд. Танҳо соли 1914 дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналхалқии занонро дар саннаи 8-уми март ҷашн гирифтанд, ки минбаъд ҷашнгирӣ дар ҳамин рӯз қарор гирифт.
Дар Русия ҷашнгирии рӯзи занон ҳанӯз аз соли 1913 шурӯъ гардид. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март ҳамчун иди давлатӣ эълон гардид. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Конститутсияи соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфта дар ҳаёт татбиқ шуд. Бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз соли 1965 он рӯзи ғайрикорӣ эълон гардид. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8-март чун иди бонувон боқӣ монд. Он дар дигар мамолики муштаракулманофеъ, аз қабили Русия, Озорбойҷон. Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова ва ғайра чун рӯзи байналхалқии занон ҷашн гирифта мешавад.
Ба таърих дуруст назар афканем дар бисёр маврид занҳо аз ҳуқуқҳояшон маҳрум буданд. Нисбаташон нобаробариҳои зиёд ҷорӣ буд. Аз корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангӣ дур буданд. СММ доир ба ҳуқуқҳои занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа 18-декабри соли 1979 Конвенсия қабул намуд ва ин Конвенсия 3-сентябри соли 1981 дар эътибор даромадааст. Конвенсия барои барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон бахшида шудааст. Ин Конвенсия аз дебоча, 6-қисмат ва 30-модда иборат буда, ҳар як қисм ба масъалаи муҳиме нисбати некӯаҳволии ҳайёти занон бахшида шуда аст. Мақсади асосии Конвенсияи СММ дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон баробарии ҳуқуқҳои занон бо мардҳо, дар интихобот ва дигар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ баробар иштирок намудани мардҳо ва занон аст. Масъалаи баробарҳуқуқии занон бо мардон дар дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ инъикос гардидааст.
Қуръон ва аҳодиси Паёмбари гиромии ислом (с) муҳимтарин сарчашмаҳои меъёрӣ барои танзими муносибатҳои аҳлии ҷомеа ба шумор мераванд ва махсусан дар Қуръони карим меъёрҳое нисбат ба ҷойгоҳи зан дар оилаву ҷомеа мавҷуданд, ки дар ягон китоби муқаддаси динҳои дигар вуҷуд надоранд. Аз нигоҳи дини ислом зан пеш аз ҳама сутун ё пояи асосии маънавият ва тарбияти фарзанд буда, барои шавҳар василаи оромиши қалб ва ҳамсару ҳамдам мебошад. Худованди мутаол дар китоби осмонии худ мефармояд: «Яке аз нишонаҳои азамат ва қудрати Худованд ин аст, ки аз ҷинси худатон ҳамсароне барои шумо офарид, то ки шумо дар канори онҳо ором гиред ва дар миёни шумо меҳру муҳаббат андохт». (Сураи Рум, ояти 21) Пайғамбари гиромӣ (с) дар ин маврид фармуданд: «Ман шуморо ба хуб будан бо занон тавсия ва насиҳат мекунам ва шумо ин гуфтаи маро бипазиред». Аз гуфтаи мазкур бар меояд, ки зан аз назари ислом мақому манзалати баланд дорад. Яке аз сураҳои Қуръони карим ки бо номи Нисо аст дар бораи занон мебошад. Дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба ҳуқуқи зан дар хонавода ва ҷомеа меъёрҳо ва арзишҳое додааст, ки ба арзишҳои умумиинсонӣ комилан мувофиқат мекунанд.
Яке аз асарҳои панду ахлоқие, ки ба қалами мутафаккири барҷастаи ислом Муҳаммад Ғаззолӣ мансуб аст бо номи «Насиҳат-ул-мулук» маъруф аст, ки тули зиёда аз 10 аср мешавад дар таълиму тарбияи инсон нақш мегузорад. Ғояи марказии асар панду насиҳат буда, тавассути ҳикояву андарзҳо ба ҳайёти инсон таъсир мерасонад. Боби ҳафтуми асар «Андар сифати занон ва хайру шарри онон» аст. Тоҷикон новобаста аз марҳилаҳои тахрихӣ ва давру замон, ҳатто пеш аз ислом ки дини Зардуштиро парастиш мекарданд ва дар китоби «Авесто» ҳам дарҷ гардидааст, ба зан-модар эҳтироми хосае доштаанд. Дигар мутафаккирону донишмандон ва шоирону нависандагон дар асарҳои хеш зан- модаро бисёр тавсиф кардаанд.
Имрӯзҳо мақоми зан дар ҷомеа ва оила баланд мебошад. Дар урфият гуфтаанд, ки «Зан чароғи хонадон аст». Дар ин ҳикмат маънии бузурги фалсафӣ ниҳон буда, он мақоми занро дар оила баён месозад. Дар бораи пешрафти инсоният ва барпо гардидани форматсияҳои ҷамъиятӣ мақоми роҳбарӣ дар оила ҳамчун ҷузъи ҷомеа ба зан тааллуқ дошт, ки он марҳалаи «Модаршоҳӣ ном дошт». Дар анъанаҳои фарҳангии халқи тоҷик зан аз ҳурмату эҳтиром ҳамеша бархурдор буд. Махсусан дар адабиёт нақши ӯ ҳамчун модар ва ҳимоятгари ободии хона тарранум карда мешавад.
Қонунгузорӣ нисбати ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад:
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон медорад: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, метавонанд оила бунёд намоянд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану швҳар баробарҳуқуқанд». Давлат мақоми махсуси занро дар оила ва ҷомеа баён доштааст.
Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат мебошанд. Давлат ба модарон имтиёзҳои зиёд додааст. Зан ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи мо дар баробари мардон бояд тамоми имкониятҳоро баҳри иштирок дар ҳаёти сиёсии мамлакат дошта бошад. Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат низ ба масъалаи таҳсилу донишомӯзии занон дахл намуда, ҳамвора таъқид менамояд, ки духтарон ва хусусан духтарони ноҳияҳои дурдаст ба таҳмил ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд ва соҳиби касби муайян бошанд, то дар оила ва муносибатҳои оиладорӣ тавонанд роҳи зиндагии хешро ёбанд. Инчунин барои тарбияи дурустӣ кӯдак, ки аз оила сарчашма мегирад, модар бояд оқилу донишманд бошад.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи давлат нисбати занону модарон бештар гардид. Дар ин давра барномаҳои махсус тарҳрезӣ мегарданд. Ташкил намудани квотаҳои Президентӣ барои таҳсили духтарони деҳот дар ҳама мактабҳои олию миёнаи махсуси кишвар яке аз чунин дастовардҳо мебошад. Чуноне, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд карда буданд «…то имрӯз дар ососи квотаи президентӣ зиёда аз 1400-нафар духтарон аз гӯшаю канори гуногуни мамлакат донишҷӯ гардидаанд. Вале ин ҳоло моро қонеъ карда наметавонад ва дар ин самт бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонид, то ки сафи донишҷӯён аз ҳисоби духтарон сол аз сол афзояд». Дар баробари ин, идрорпулии президентӣ барои донишҷӯдухтарону писарон ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бештари барандагони озмунҳо наврасону ҷавондухтарон мебошанд, низ аз ҷумлаи иқдомҳои неки муҳтарам Ҷаноби Олӣ мебошанд, ки аз ғамхории онҳо нисбат ба ҷавондухтарону ҷавонписарони Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.
Дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳама сола 8-уми март ҷашн гирифта мешавад. Дар миёни занон анъана шудааст, ки дар ин сана аз мардон таваҷҷуҳ ва гулу туҳфаҳо интизоранд. Дар гӯшаву канори мамлакат ба муносибати ин ид аз ҳукуматҳо сар карда то идораву корхонаҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва маҷлисҳо ороста мешаванд. Аз соли 2009 дар Тоҷикистон ин ид аз номи «Иди Бонувон» ба «Иди Модарон» номгузорӣ карда шуд ва чун пешин рӯзи 8-март ҷашн гирифта мешавад.
Ба муносибати ин иди бузург, ки аҳамияти таърихӣ дорад модари азизи худ ва кулли модарони ватани азизамро самимона табрик намуда таманнои онро дорам, ки ҳамеша болои кишвари азизамон осмони софу беғубор, дар лабони модарону кӯдакон табассуму ханда ва дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат, ободӣ ва рушди устувори ҷамъиятию иқтисодӣ ҳукмфармо бошанд.
Санавбар Шарифова - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ