САДА – ҶАШНИ ПИРӮЗИИ ҲАЁТ ВА РӮШНОӢ

Аз истиноди сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки тоҷикон миллати фарҳангпарвару тамаддунсозанд. Ин соҳибфарҳангиву тамаддунофарӣ буд, ки то кунун ҷомеаи башарӣ аз ёдгориҳои таърихиву арзишҳои фарҳангии ин миллат ном мебаранд. Маҳз, суннатҳои фарҳангӣ буд, ки халқи тоҷикро халқи тоҷдору бофарҳанг ва заминагузори тамаддуни башарӣ мешиносанд. 
Яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик, ки дар ин ҷашни Сада аст, ки дар оғози шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ таҷлил мегардад. Агар ба моҳҳои тақмивии солшумории мелодӣ ҳисоб кунем, он ба поёни шаби 30 ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ин ҷашн аз куҳантарин ҷашнҳои таърихии халқи тоҷик маҳсуб гардида, таърихи онро ҳатто қадимтар аз Наврӯз донистаанд. Сада ҷашни пайдоиши оташ фаҳмида мешавад. Бар асоси иттилои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба давраи Ҳушангшоҳ, подшоҳи дуюми Пешдодиён рафта мерасад. Фирдавсии бузург дар “Шоҳнома” менависад: “Ҳушанг подшоҳи Пешдодиён бо чанде аз ҳамроҳонаш рӯзе аз кӯҳ мегузашт, ки мори сиёҳе намудор шуд ва Ҳушанг санге гирифта, ба сӯи мор андохт ва мор фирор кард, санг ба кӯҳ бархурд ва аз он оташ бархост. Ҳушанг аз бархостани оташ аз ду санг дар ҳайрат монда, он оташро ҳамчун нури яздонӣ пазируфт. Аз он рӯз бузургдошти оташро ҷашн гирифта, онро бо номи Сада маъруф кард. 
...Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр” [2].
Ин аст, ки олими ватанӣ Муҳаммадқул Ҳазратқулов оташи ҷашни Садаро нури илоҳӣ ва тантанаи рӯшноӣ дониста, баён медорад, ки: “Ҳамин робитаи оташи заминӣ, ки аз тариқи оташҳои фалакӣ то ба нури аҳуроӣ рафта мерасад, як ҳалқаи ногусастании олами моддӣ (табиат) бо оламҳои муҷарради улвиро барқарор мекунад”.
Абӯрайҳони Берунӣ менависад: “Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгориҳои Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳаргоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс - падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машёна (нахустин ҷуфти инсон дар таърихи асотири эронӣ) ба сад расиданд ва низ омада: “Шумори фарзандони Одам (а) Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид” [1]. Яъне, таърихи пайдоиши ин ҷашни куҳанбунёд ба пайдоиши аввалин инсонҳо рабт гирифтааст.
Сунану анъаноти ҷашни Сада мисли анъаноти Наврӯзу Меҳргонӣ нишона ва рамзи инсондӯстию инсонмеҳварӣ, шукри неъматҳои табиӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, хештаншиносӣ, интизори ояндаи нек ва ҳамдаму ҳамрози якдигар буданро ифода мекунад. Ин румузу қадршиносиҳои сунани Сада буд, ки гузаштагонамон Садаро бо афрухтани оташ бо рақсу шодмониҳо ҷашн мегирифтанд. Ҳамчунин, анъанае низ вуҷуд доштааст, ки деҳқонон хокистари оташи Садаро ба замини кишт мепошиданд. 
Аслан, ҷашни Сада дар шомгоҳи рӯзи даҳуми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ бо афрухтани оташ дар марказҳои шаҳр ва ё баландии куҳистон ҷашн гирифта мешуд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин ҷашн бо таври дастаҷамъӣ ва бо гирд омадани мардум дар марказҳои шаҳр, маҳалла, деҳаҳо бо афрухтани оташ таҷлил карда мешавад. Нишонаҳои ҷашни Сада ва одатҳои хос ба он дар баъзе шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла Кирмон, боқӣ мондаанд. Ба назари муҳақиқи ватанӣ Давлатшоҳ Маҳмудов “маросиме то ҳанӯз дар Эрон бо номи “Садасӯзӣ” мавҷуд аст ва дар ин маросим гуфторҳои мардумие ба мисли: “Садаи деҳқонӣ, чиҳил кунда сӯзонӣ, ҳанӯз гӯйи зимистонӣ” дар хотираи халқ ҳифз шудааст” [3].
Аз одатҳои дигари ҷашни Сада оростани хони идона ва рақсидану шодӣ кардан буд, ки фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ суннатҳои хос ба ин ҷашнро чунин баён доштаанд: “Ниёгони мо пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ, шохчабурӣ, ба тартиб овардани дарахтону буттаҳо ва гулҳо машғул мешуданд. Ин суннати неки ниёгонро бояд имрӯз низ идома дод.
Дастархони идонаи Сада аз таомҳои зимистона, анвои меваҳои хушк ва шириниҳои суннатӣ иборат мебошад. Дастархон бояд начандон бузург бошад ва дар он танҳо маҳсулоти хӯроквории анъанавӣ гузошта мешавад. Ба таомҳои зимистонии маъмул оши палав, ширбиринҷ, қурутоб, равғанҷӯш, бат ва ғайра дохил мешаванд. Меваҳои хушк, аз қабили мавиз, ғулинг, донашӯрак, бодому писта, чормағз, олучаи хушк, тутмавиз ва ғайра унсурҳои дастархони ҷашни Сада ба шумор мераванд. Ба қатори шириниҳои суннатӣ: набот, қандалот, парварда, хурӯсқанд, ҳалво, ширинӣ, асал, нишалло ва амсоли инҳо шомиланд. Ба намоиш гузоштани таому шириниҳо ва хушкмеваҳои маҳаллӣ сабаби ҷалби меҳмонон ва сайёҳон гашта, таблиғи заҳмати богдорон, пазандагон ва ҳунармандон низ мебошад” [4]. 
Фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён омода намудани дастархони ҷашни Садаро аз мош, гандум, лӯбию нахӯд хӯрокҳое ба монандӣ кичирӣ, кашк, далда, ширрӯған, қурутоб, дӯғ, ҷӯшӣ, умоч ва ғайра ном бурдааст, ки ҳар кадом ҳикмати худро дорад.
Вобаста ба суннатҳои ҷашни Сада Пешвои миллат гуфтаанд: “Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд, яъне анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷавҳари ҷашни Садаро ташкил мекарданд. Онҳо якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик гуфта, хони зебо меоростанд ва орзу мекарданд, ки аз баракати он ба диёрашон фасли бобарору фаровонӣ қадам гузорад, сардӣ дур шуда, гармиву серобӣ фаро расад”.
Ҳамчунин, Пешвои миллат қайд медоранд: “Дар миёни суннатҳои Сада гулханафрӯхтан мавқеи асосӣ дорад, ба ин маънӣ ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ, яъне манбаи гармӣ ва нур номид”.
Бояд гуфт, ки ҷашни Садаро анъанаҳои миллию фарҳангиаш ҳусни дигар медиҳад. Маҳз, анъанаю одатҳои ин ҷашн аст, ки мардум бесаброна бо шодию нишот омад-омади ин ҷашни миллиро интизор мешаванд.     
Маҳз, бо дастгирию ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои миллат таҷлили ҷашнҳои таърихӣ эҳё гардида, суннатҳои мардумии ин ҷашнҳо барои боз ҳам таҳкимбахшидани принсипи инсонмеҳварӣ дар байни ҷомеаи тоҷик бори дигар равнақу ривоҷ ёфтанд.
Моҳияти инсондӯстию шукргузорӣ аз неъматҳои илоҳӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, нигоҳи нек ба оянда доштаи ҷашнҳои миллист, ки васфи некашон дар таълифоти бештаре аз донишмандон ба назар мерасад. Хоқонии Шервонӣ дар ин маврид мегӯяд:
Фархунда кард Хусрави Машриқ ба фарри ту,
Наврӯзи фарруху Садаву Меҳргони хеш.
 
Адабиёти истифодашуда:
1.Абӯрайҳони Берунӣ. Осор-ул-боқия. - Душанбе,1980.
2.Фирдавсӣ. Шоҳнома. - Душанбе, 1987.
 
Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика