САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор ба ҳисоб меравад. Пайдоиши сада мувофиқи солшумории шамсӣ 10-ум рӯзи моҳи Баҳман ва дар солшумории милодӣ бошад, ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ба назари муҳаққиқон ҷашни сада омадани ҷашни Наврӯзро ба мардум мужда медиҳад.
Пайдоиши калимаи сада дар адабиётҳо ба таври гуногун омадааст. Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулӯъ кардан”-ро дорад. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи “sadok” ва дар форсии миёна ба гунаи “sadag” омадааст. 
Дар байни донишмандон оид ба истилоҳи «Сада» фикрҳои гуногун мавҷуд аст, ки ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: “Сада вожаи форсӣ аст. Дар паҳлавӣ бояд ба шакле аз ин ашкол: сат [sat], сатаг [satag], садҳаг [sadhag], садҳ [sadh], сата [sata] буда бошад. Дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Маъмулан, вожаҳое, ки аз форсии миёна ба форсии ҷадид даромада ва ба “ҳо”-и ғайри малфуз хатм мешаванд, дар асл ба ҳарфи “гоф” ё “коф” тамом мешавад. Ҳамчунин, ҳарфи “т” дар паҳлавӣ, дар форсии ҷадид ба “д” ва дар арабӣ ба “зол” табдил мешавад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авесто ба ҳар ҳол вожаи сата [sata] ба маънии сад, адади сад мебошад, чунонки дар форсӣ низ Сада ба маънии сад сол дар баробари қарн ба кор меравад».
Шоир, Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши шоир Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филиззот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин ба назм даровардааст:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Абурайҳони Берунӣ дар “Китоб-ут-тафҳим” ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии ойини Сада нисбат медиҳад. Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдодӣ Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро бо афрӯхтани гулхан ва дар атрофи он рақсу бозӣ намудан бо шукӯҳу шаҳомоти хоса пешвоз мегирифтанд.
Ба андешаи фолклоршинос Дилшод Раҳимов ҷашни Сада ҳарчанд суннати хоси зардуштӣ набошад ҳам, марбут ба бузургдошти оташ аст, ки оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд мебошад. Зардуштмазҳабони остонҳои Кирмону Язди Эрон ва умуман зардуштиёни ҷаҳон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомот пазироӣ менамоянд. Дар шаҳри Кирмон то имрӯз суннати мардумии Садасӯзӣ барҷо мондааст, ки бахусус деҳқонон як чанд рӯз пеш ба ин ҷашн омодагӣ мегиранд. Теппаи ҳезумро, ки баландиаш тақрибан ба 5-6 метр ва қутраш 12-14 метр мерасад, гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо нафар одам ҷамъ омада, хурсандӣ мекунанд ва сайругашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ баъзе деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонии ҳосил бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин ҷо бармеояд, ки иди Сада рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад.
Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳи тамом истиқбол мегардид. Беҳуда нест, ки дар бузургдошти Сада шоири тавоно Фаррухӣ (асри XI) чунин овардааст: 
“Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз, 
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз”.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: “Миллати тоҷик, ки дорои анъанаҳои ғанӣ ва бостонӣ мебошад, расму оин ва маданият, ба инкишофи тамаддуни чаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст. Анъанаҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада дар як давраи тӯлонии таърихӣ дар тарғиби ахлоқ ва ҷаҳони маънавии созанда нақши бузург доштаанд”. 
Имрӯз мо ифтихор аз он дорем, ки Пешвои миллат ин ҷашнҳоро расман ҷашнҳои миллӣ эълон намуда, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ин ҷашни бостонӣ аз нав эҳё гардид ва ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 30 январ таҷлил мегардад. Мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи хотираи фарҳангӣ ва хотираи гаронбаҳои ахлоқии наслгирӣ ҳифз менамоем.
 
Фотимаи Шерафган – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика