Дар таърихи ҳуқуқи башар сохторҳои ҳуқуқии мухталиф ташаккул ёфтаанд, ки аз рўйи пайдарҳамии таърихӣ дар ҷомеаи башарӣ ба давраҳои асосии зерин ҷудо шудаанд, дунёи қадим, асрҳои миёна, давраи нав ва навтарин.
Сабабу омилҳои пайдоиш дар ҳар як соҳа заминаҳои ибтидоие мебошанд, ки қадамҳои аввалини ба вуҷуд омадани ин соҳаро фароҳам меоранд ва дар ташаккули он саҳми арзандаеро ҷой мегузоранд.
Пеш аз он, ки мавзўи таърихи пайдоиш ва ташаккули фиқҳи исломӣ омӯхта шавад, қобили зикраст, ки сабабу омилҳоеро ёдовар мешавем, ки заминаҳои мазҳабҳои фиқҳиро фароҳам сохтаанд:
1.Ба гурӯҳҳои сиёсӣ ҷудо шудани мусулмонон:
Парокандагиву ҷудоии [мусулмонон] яъне ба гурӯҳҳои сиёсӣ чудо шудани онҳо яке аз заминаҳои пайдоиши мактабҳои фиқҳи исломиро ба бор овард.
Чуноне ки гуфта шуд, ҳар як гурӯҳ аз гурӯҳҳои хавориҷу шиа дорои тамоюли хос буданд: Шиаи пайрави Алиро майл ба сӯйи Алӣ, хонадони ӯ ва ба ҳар касе буд, ки аз гурӯҳи Алӣ бошад ва эшон душманону мухолифони Алиро маломат карда, гоҳе ба такфир ва бароат аз онҳо мепардохтанд ва гуфтаҳову ақидаҳои ононро арҷ намегузоштанд, эътироф намекарданд.Аҳли хавориҷ ба Абўбакру Умар ва тарафдорони онҳо таваҷҷўҳ дошта, аз Усмону Алӣ, Муовия ва касони тарафдори онҳо эҳсоси бадбинӣ, хушунат ва танаффур дошта, ба раъйи онон истинод намекарданд. Тарафдорони Муовия ва ё оммаи мусулмонон бошанд, ба ҳар ду гурўҳ нафрат дошта, барои онҳо ягон эътиборе қоил набуданд ва ҳамаи тарафҳои сиёсӣ сиёсати пешгирифтаи худро ҳақ медонистанд.
2.Паҳншавии шаҳрҳои мусулмонӣ:
Ҳангоми зиёд гардидани шаҳрҳои мусулмонӣ донишмандону саҳобаҳо, ки баъзе муаллим ва баъзе ҳофиз буданд, аз Мадина ба шаҳрҳои дигар нақли макон карданд ва шаҳрҳои навро барои худ ватан сохтанд ва ҷамоате бузург аз тобеин бо саҳобагон дар ин интиқол ҳамроҳ буданд, ки бинобар мусоидат ва эътирофи саҳобагон онон низ дар додани фатво ва нашри ҳукми шаръӣ иштирок мекарданд.
3.Шоеъ шудани ривояти ҳадис:
Омилҳои парокандагии сиёсӣ, моддӣ ва бисёрии теъдоди ҳадисҳо ва вижагии ҳар шаҳр бо муҳаддисони худ- дар интишори фатво ихтилофи бисёр ба вуҷуд овардаанд, ки ҳар як дар эҷоди тафовутҳои фатвои мазҳабҳои роиҷ унсури қавӣ мебошанд, ки дар натиҷа аҳли ташайюъ, хавориҷ ва мусулмонони пайрави мазҳабҳои дигар соҳиби маҷмўаҳои фатовӣ гардиданд, ки дар баробари умумият тафовуту фарқҳоро ҳам доро буданд.
4.Зуҳури дурӯғгӯйӣ дар ривояти ҳадис аз расулуллоҳ (с):
Муслим дар муқаддимаи «Саҳеҳ» -и худ бо исноди худ аз Товус чунин ривоят кардааст, ки ӯ гуфт: яъне Башир ибни Каъб ба назди Ибни Аббос омада, ба ӯ ҳадис гуфтан гирифт. Пас, Ибни Аббос ба вай гуфт: «Баргард ба фалон-фалон ҳадис». Пас, ў гуфт: «Намедонам, ки оё ҳамаи ҳадиси маро донистӣ ва инашро инкор кардӣ ё ҳамаи ҳадисамро инкор кардӣ ва инашро донистӣ?» Ибни Аббос ба ў гуфт: «Мо аз расулуллоҳ (с) ҳадис мегуфтем, ҳангоме ки бар ин кор дурўғ гуфта намешуд, вале вақте, ки мардум ба «суъуба» ва «залул» (шутурони саворӣ) нишаста [ба сафар баромаданд], мо аз расулуллоҳ (с) ҳадис гуфтанро тарк кардем».
Аз Ибни Сирин ривоят аст, ки ў гуфт: «Аз иснод намепурсиданд». Вале вақте ки фитна воқеъ шуд, гуфт: «Риҷолатонро ба мо номбар кунед». Он гоҳ ў ба аҳли суннат нигариста, ҳадиси эшонро мепазируфт ва ба аҳли бидъат нигариста, ҳадиси эшонро намепазируфт.
Аз Шаъбӣ ривоят аст, ки мегуфт: «Ҳориси Аъвар ба ман ҳадис гуфт, вале ў дурўғгў мебошад».
5.Пайдо шудани шумораи бисёре аз мавлоҳои таълимгирифта.
Ба таҳқиқ бисёре аз фарзандони қавму миллатҳои оини исломро пазируфта форсҳо, румиҳо ва мисриҳо ба ҷомеаи исломӣ дохил шуданд ва эшон ба [исми] «маволӣ» маъруф шуданд.
6.Ибтидои низоъ дар байни аҳли раъю ва аҳли ҳадис:
Тавре, ки гуфта шуд, ҳуқуқшиносони садри аввал дар фатвоҳои худ ба Китоб (Қуръон) ва сипас ба суннат (ҳадис) такя мекарданд ва агар дар ин [кор] оҷиз мемонданд, ба раъй, ки он қиёс ба маънои васеи он мебошад, фатво медоданд. Онҳое, ки баъди эшон рўй кор омаданд, аз миёни онҳо касоне ёфт шуданд, ки ҳангоми фатво бар ҳадис таваққуф карда, аз ин ҳад таҷовуз намекарданд ва барои ҳалли ҳар як масъала аз ҳадис асосе меёфтанд, ба он фатво медоданд. Гурўҳи дигаре бар он буданд, ки шариатро аз ҷиҳати маъно ба ақл дарёбанд ва дорои асосҳои мавриди муроҷиат кардан ба он медонистанд ва бинобар он, эшон дар амал кардан бар мабнои раҳнамоии Китобу суннат, модоме ки аз ин ду сарчашмаи муътамад роҳ пайдо мекарданд, ба гурўҳи аввал мухолифат намекарданд, валекин бинобар камоли эътимоде, ки аз дарки (ё идроки) шариат доштанд, дар баробари бино ниҳодани шариат бар асосҳои мустаҳкаме, ки аз Китобу суннат бунёд шудаанд, аз фатво додан ба раъйи хеш дар он чи ки барои он нассе намеёфтанд, худдорӣ намекарданд.
Ба он далел миёни ин ду даста «аҳли ҳадис» ва «аҳли раъй» чунин ҳад гузошта шудааст, ки якумиҳо дар зоҳири нас(с)ҳо таваққуф мекунанд, аз ғайри он ки дар иллати онҳо баҳс кунанд ва кам иттифоқ меафтад, ки онҳо ба раъй фатво диҳанд; дувумиҳо дар иллати аҳком ва робитаи миёни масъалаҳо баҳсу таҳқиқ мекунанд ва агар ягон осоре (ҳадисе) наёбанд, аз ба кор бурдани раъю рӯй намегардонанд.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки онҳо боризтарин сабабу омилҳое ҳастанд, ки заминаҳои пайдоиши фиқҳиро фароҳам овардаанд.
Наботов М.А. - сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ