Аз нигоҳи донишмандони илми фиқҳ ба корҳои хайр даъват кардан ва аз корҳои бад парҳез додан, як амри савоб аст. Доир ба ин мавзӯъ ҳам оятҳои қуръонӣ ва ҳам ҳадисҳои паёмбар, бисёр зикр шудаанд. Паёмбари ислом (с) чунин гуфтаанд: “Эй Алӣ, агар тавонӣ, ки як нафарро дар роҳи рост ҳидоят кунӣ, савобаш бароят аз садақа кардани шутурҳои сурхмӯй бештар аст”. Агар ба умқи ин ҳадис назар афканем, дар он ду чизро мушоҳида мекунем: Якум, ин ки ҳадиси паёмбар ҷумлаи шартист, яъне “агар тавонӣ”, ин маънои онро дорад, ки ба роњи рост њидоят намудан кори сањлу осон нест, он аз инсон дониш, малакаю мањорат ва талоши зиёдро талаб менамояд. Сониян, ин љо сухан ба бузургї ва савоби беинтињои ин амал далолат менамояд. Яъне садақаи сад шутур баробари савоби ба роҳи рост њидоят кардани як нафар нест.
Рӯҳониёни суннатӣ солҳои дароз барои суҳбат бо мардум, илм меомӯхтанд ва бе иҷозаи устодонашон даст ба коре намезаданд. Онҳо таҷрибаи калони илмӣ – амалӣ доштанд. Бо кӣ, чӣ тарз суҳбат карданашонро хуб дарк мекарданд. Ин буд, ки мардум дар ҳолати осоиш зиндагӣ мекарданд. Аммо салафимаобони имрӯз ду ҳарф наомӯхта, на танҳо ба андеша ва рафтори дигарон эҳтиром наменамоянд, балки беибо ба таҳқиру мазаммат ва куфру бидъат хонӣ мегузаранд. Кофир хондану бидъаткор эълон кардан, як амали одии онҳо гаштааст.
Пажӯҳишгарон бар он назаранд, ки ҳар кас ҷуръати мавъиза карданро надорад, зеро он дониши амиқу омодагии ҷиддиро тақозо мекунад. Шахсе, ки ба минбар мебарояд ва барои мардум аз умури динӣ сухан мекунад, бояд оятҳои қуръонӣ, ҳадисҳои паёмбар, иҷмои саҳоба, қавли тобеин, мазҳаб ва дигар донишҳои зарурии ҷомеаро аз қабили, таърих, ахлоқ ва сиёсатро хуб донад. Аммо мутаассифона баъзе рӯҳониёнеро вохӯрдан мумкин аст, ки ҳарчанд дар бораи дин маълумотҳои кофӣ доранд, аммо донишҳои замонаро кам медонанд. Аз ин рӯ, ба эшон зарур аст, ки донишҳои замонавиро хуб аз бар намоянд ва баъдан соҳиби минбар бошанд.
Пажӯҳишгарони масоили дин таъкид мекунанд, ки мавъизаҳо бояд созанда бошанд, зеро мардум ба рӯҳониён эътиқод доранд ва дар аксар маврид ҳарфи дуруст ё нодурусти онҳоро ташхис карда наметавонанд. Масъулони бахши дин мегӯянд, онҳо дар ҳар ҷаласа бо рӯҳониён ба такрор ба такрор мегӯянд, ки суханҳои худро санҷида ва бо далелҳои дурусту қавӣ ба мардум бигӯянд.
Аммо имрӯзҳо чун фазои интернетист, дигар минбари тамоми рӯҳониёни навгаро интернет шудааст. Ҳарчанд дар он баъзе рӯҳониёни суннатии фаъолро аз қабили Домулло Мавлавии Бохтарӣ, Домулло Ҳоҷи Мирзо Ибронов ва дигаронро мушоҳида намудан мумкин аст, яъне дигар барои мавъиза кардан танҳо минбари масҷид муҳим нест. Имрӯз мафҳуми як макони умумие, ки дар он дастаҷамъона намоз гузошта мешавад, гирифтааст. То солҳои пеш тамоми рӯҳониён аз минбарҳои масҷид мардумро даъват мекарданд. Имрӯзҳо қариб, ки ин ҳолат намондааст, аксар рӯҳониёни навпайдо рӯ ба шабакаҳои интернетӣ оварданд. Ин амал аз як ҷиҳат хуб аст, ки инсонҳо дар ҷойи худ истода ба саволҳои диниашон ҷавоб мегиранд ва ё масъалаи диниашонро ҳал менамоянд. Аммо ташвишовар дар он аст, ки то ҳол рӯҳониёни суннатии мо ба шабакаҳои иҷтимоӣ хуб пайваст нашудаанд ва дар майдони муборизаҳои интернетӣ ба таври зарурӣ фаъол нестанд. Мутаассифона ин фазои холиро аз берун баъзан рӯҳониёни ифротӣ пур кардаанд, ки ташвишовар аст.
Дар ин ҷо, тавассути ниҳодҳои дахлдор то андозае минбарҳои масоҷид ҳал шудаанд, аммо ташвишовар ҳамон бо ном рӯҳониёни интернетӣ мебошанд, ки пеши роҳи онҳоро гирифтан хело душвор аст. Ягона роҳе, ки пеши роҳи эшонро мегирад, ин бо донишҳои замонавӣ мустаҳкам намудани рӯҳониёни суннатӣ ва дар майдони интернетӣ ворид намудани онҳост.
Рамазониён Аҳтам