Рӯҳи ман Шоҳнома асту ҷисму ҷонам порсист!

Лаҳҷаам дурри дарӣ, аммо забонам порсист,
Рӯҳи ман Шоҳнома асту ҷисму ҷонам порсист.
Аз табори Рустаму аз зодгоҳи Орашам,
Тирҳоям вожагунасту камонам порсист.
Ин забони воҳид, ин паҳнои фарҳанги сутург,
Гунг агар ман хоб дидам, тарҷумонам порсист.
Ин забони Рӯдакиву Мавлавиву Ҳофиз аст,
Ин ҷунуни ишқ дар хуну рагонам порсист.
Мавлавивор дӯст дорам ин забони Шамсро,
Ин забони шеъру мантиқ дар даҳонам порсист.
Ҳар куҷо дар ман ниҳоли дӯсти биншондаанд,
Боғи сулҳу оштиам, боғбонам порсист.
Аз Самарқанду Бухоро то Ҳироту Кошғар,
Аз Бадахшон то Хуҷанду Исфаҳонам порсист.
Ҳар куҷо ҳастем, бо ҳар лаҳҷае ҳамроҳи мост,
Синд то Кӯлобу Теҳрон, Бомиёнам порсист.
Аз Аҳуро монд ин овоз дар гӯши замон,
Ман худои меҳраму пайғамбаронам порсист.
Меравам аз фарш то арши Худо бевосита,
Роҳпаймои сулукам, нардбонам порсист.
Шавқи парвоз аст дар ман бекарон то бекарон,
Кафтари озодагиам, осмонам порсист.
Наҷиб Борвар

Таҳиякунандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика