БЕҲТАРИН МАРДУМ МУАЛЛИМ МЕШАВАНД
Дар базми ишқ шамъи фурузон муаллим аст,
Парвардигори руҳи ҳакимон муаллим аст.
Муаллим кист?!
Муаллим қиблаи ҷамъият аст. Қиблаест, ки ҳар кас аз ӯ ҳарфе омӯхт, барояш рӯзону шабон саҷда оварад. Ӯ машъале фурӯзон ба даст дорад аз хирад, аз маърифат, аз садоқат, аз муҳаббат... Машъале, ки мардумро ба ҷодаҳои нуронӣ, ба арсаи рӯзгорони пурнишот ва гулбезу маънирез ҳидоят менамояд! Муаллим чун қутбнамост, ки мардумро ба макони маърифат ҳидоят менамояд ва мардум сари ҳар амалу ҷадали хеш, сари ҳар уқдакушоие, сари ҳар тасмиму андешае рӯй ба ӯ меоваранд, бо ӯ маслиҳату машварат меороянд, бо ихлосу муҳаббат, бо боварии том.
Муаллим он касест, соҳибмаърифат, донишманд, соҳибистеъдод, накӯкор ва ибратомӯзи имрӯзи рӯзгор. Ӯ касест, ки суханаш адаб, ишорааш маънӣ, кирдору рафтораш кони ҳусну малоҳат ва хираду заковаташ дурри ноёбу гаронбаҳост. Ӯ касест, ки ҷомеа аз ӯ ибрат мегирад. Зеро, пурдону пуртаҷрибаву пурхирад аст ва аз як ҳарфи алфози кас дунёи хубу бадро тафовут дода метавонад.
Бузургону фозилони олам, тамоми аҳли башар, ки соҳибхираду соҳибкасбу ҳунарманд ҳастанд, аз муаллим омӯхтаанд ва муаллимҳо ҳам муаллим доштанд. Муаллим аз вожаи “илм” аст ва он кас муаллим ном бурда мешавад, ки тамоми вуҷудаш аз илм сиришта аст ва ин неъмати беназири Илоҳиро ӯ ба шогирдон интиқол медиҳад.
Аҳли илму фан, фозилону орифони бузурги ҳар давру макон, доҳиёниу пешвоёни олам, аҳли дин мадорис низ ва ҳамаи ҳунарварону соҳибмақомҳои дигар шогирди муаллим будаанду ҳастанд ва ё аз устоде таълим мегирифтаанд. Бе устод ва бе муаллим ҳеҷ кас худ аз худ мулло, доно ва ҳунарманд нашудааст. Ба қавли Мавлоно “Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд...”
Аз навиштаи касе хонда будам: “Башарият аз ду табақаи одамон беҳад миннатгузоранд: яке олимон, дигаре муаллимон. Олимон онҳоеанд, ки солиёни зиёд илму дониш - маълумот меофаранд, онро чошу бод мекунанд, ба мардум барои истифода қарор медиҳанд. Муаллимон онҳоеанд, ки ҳамин тухми маълумотро фаъолона байни мардум, бахусус, насли инсон мепошанд, меомӯзанд, талқину ташвиқ ва роҳи татбиқи онро таъкид мекунанд. Мо ба ин ду табақа таҳсин хонда, афзалиятро ба муаллим медиҳем, зеро олимон ҳам дастпарвардаи муаллимонанд.”
Устод Ҷалол Икромӣ дар китоби “Устоди ман, мактаби ман, худи ман” дар бораи устод чунин нигоштааст: “Тамоми бузургони мо пеш аз ҳама ба устоди худ миннатдорӣ намудаанд, устодро аз падар беҳ шуморидаанд: “Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!” гуфтааст Саъдӣ. Бале, ҳаққи устод ба шогирд бузург аст, вале афсӯс ки ин ҳақиқатро одам дар ҷавонӣ дарк намекунад ва фақат пас аз ба камол расидан мефаҳмад!”
Бале, мо ҳам ин амали хайри муаллимони маҳбубамонро хеле дертар дарк кардем, он гаҳ дарк намудем, ки натавонистем дар баробари мақому манзалати он азизони ба биҳиштрафта хидмате карда ва ё арҷ гузошта бошем.
Муаллими гиромӣ! Туро ба чӣ ташбеҳ кунам?... Туе, ки рӯшноибахши торикии ҷонӣ ва зулмати андешаро нуру зиё мебахшӣ. Ту қофиласолори ва боғбони боғу бӯстони меҳру муҳаббатӣ ва мо навниҳолоне будем, ки моро аз сарчашмаи зулолу мусаффои ишқу муҳаббат обёрӣ кардӣ ва сарзамини шӯразори ақлу андешаамонро шодоб сохтӣ, ҳама кори ту кори ишқу муҳаббат буд. Эй ки беҳин рӯзи худро вақфи фардои мо кардӣ ва ҳамчун шамъ қатра-қатра сӯхтӣ, то дилу ҷон, афкору андешаҳои моро равшанӣ бахшидӣ. Равшанӣ бахшидани торикиҳоро шамъ аз ту омӯхта. Бубахш, ки туро ба шамъ ташбеҳ кардам. Оре, беинсофист, ки туро ба шамъ ташбеҳ кунем, зеро шамъро месозанд то бисӯзад, аммо ту месӯзӣ то бисозӣ.
Муаллимонамон ҳамеша китобу дафтару хома рӯи даст доштанд. Ҳамеша дар фикру зикри он буданд, ки чӣ тарзу тариқи мақбулу созгореро пеша намояд, то мо - шогирдонашро ҳарчӣ зудтар ба олами вусъатманди илму дониш ворид созад. Ғарам-ғарам китобҳоро варақ-варақ саҳфагардон мекарданд, ноогоҳ аз он ки аз шаҳкитоби зиндагиаш худашон саҳфаҳои башумор монда. Бешубҳа муаллимони мо профессорони даврони хеш буданд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ