Рӯзгоре барои ибрат...

Шоев Зиёвидин пас аз таҳсил дар мактаби миёна (солхои 1973-1983), адои хизмати харбӣ (солхои 1984-1986) ва хатми  факултети шарқшиносии Донишгохи давлатии Тоҷикистон (1991) фаъолияти меҳнатиро аз вазифаи муаллими забони арабӣ дар мактаби миёнаи рақами 1 ба номи А.М. Горкий собиқ ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира шаҳри Вахдат) оғоз намудааст.

Солҳои 1993-1997 дар аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баховаддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Аз соли 1997 то соли 2013 дар шуъбаи таърих ва фалсафаи дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ дар вазифаҳои лаборант, лаборанти калон, ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмӣ кор кардааст. 

Аз соли 2013 ба Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба кор гузашта, аввал дар вазифаи сармутахассис (то соли 2014) ва сипас дар вазифаи сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ то имрӯз софдилона фаъолият намуда истодааст.

Зиёвидин Шоев соли 2011 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таълимоти динҳои тавҳидӣ дар бораи нубувват ва рушди он дар ислом» бо муваффақият дифоъ намудааст. 

Муаллифи беш аз 40 мақолаҳои илмӣ ва беш аз 100 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад, ки доираи васеи масъалаҳои мубрами марбут ба таърих ва фалсафаи дин ва диншиносии муқоисавиро дар бар гирифта, дар маҷаллаҳо, маҷмӯаҳои илмӣ ва сомонаи Марказ нашр шудаанд. Мавсуф ҳамчун роҳбари тахассусӣ  ва масъули иҷрои Барномаи илмӣ-таҳқиқотии Маркази исломшиносӣ  «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2015-2019)  дар таълифу таҳрир ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии дар доираи  барномаи мазкур иҷрошуда саҳми муҳим гузоштааст.

Дар айни замон, Шоев Зиёвиддин масъулияти роҳбарии тахассусии Барномаи илмӣ-таҳқиқотии Маркази исломшиносиро дар мавзӯи «Муқовимат бо ифротгароии хушунатомез дар ҷомеа ва фазои иттилоотӣ» (барои солҳои 2020-2024) ба зимма дошта, барои пурраву самаранок ва дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро шудани ҳамаи корҳои дар ин барномаи панҷсола матраҳшуда талош намуда истодааст. 

Ӯ яке аз идеологҳои шинохта ва донишманди Марказ аст, ки пайваста дар тарғиби мафкураи солим миёни ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо ва баромадҳо мекунад. 

Шоев Зиёвиддин ҳамчун мутахассиси ботаҷрибаи илмӣ дар коркард ва татбиқи нақшаҳои кории шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ ва умуман Маркази исломшиносӣ фаъолона ширкат намуда, дар тарбияи муҳаққиқону кормандони ҷавони Маркази исломшиносӣ ва сайқал додани таҷрибаву малакаи илмию касбии онҳо мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Мавсуф дар байни ҳамкорон ҳамчун инсони нексиришту покманиш, мутахассиси донишманду масъулиятшинос ва поквиҷдону ростқавл соҳиби обрӯ ва эҳтироми шоиста мебошад.

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарият ва кулли кормандони Марказ ҷашни зодрӯзи Зиёвиддин Шоевро самимона табрику таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама барори кору саодати рӯзгор, тансиҳатӣ, сарбаландӣ, дастовардҳои беназир ва беҳатрин хушиҳои зиндагиро орзу менамояд.

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика