Рӯза баҳри саломатӣ

Мебисозад ҷону дилро бас аҷоиб к - он сиём,

Гар ту хоҳӣ то аҷаб гардӣ, аҷоиб дон сиём!

Гар туро савдои меъроҷ аст бар чархи ҳаёт,

Дон, ки асби тозии ту ҳаст дар майдон сиём.

 

Рӯза дар тибби қадим аҳамияти хосса дошт, Пифагор ва Гиппократ баъзе бемориҳоро бо рӯза табобат мекарданд. Ҳорис ибн Калди, табиби машҳур дар замони рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) буд, ки Ӯ рӯзаро ягона воситаи табобати бемориҳо медонист. Ибни Сино як фасле аз китоби қонунро ба мудово ва муолиҷа бо рӯза ихтисос додааст. 

Имрӯз фарбеҳӣ маъмултарин бемории ғизоӣ дар Амрико, Англия ва аксари мамолики аврупоӣ ба шумор рафта, ба саломатии бисёри одамон таъсир мерасонад. Барномаи рӯзадорӣ дар ислом интихоби парҳез барои аз даст додани вазн нест, балки ҳадафи аслӣ ва ҳақиқии Ислом аз рӯзадорӣ барои пиромуни худ ҷузъи муҳими вазифа ва ҳамчун фаризаи офаридгор маҳсуб меёбад. Барномае мебошад, ки комилан муназзам ва усуле, ки аз ҷиҳатҳои мухталиф барои таъмини саломатии башар муфид ва зарурӣ аст.

Рӯза на танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ муҳим аст, балки аз ҷиҳати саломатии рӯҳӣ низ қобили таваҷҷӯҳ мебошад. Дарвоқеъ, барномаи рӯзадорӣ татбиқи барномаи мукаммали саломатӣ аз ҷиҳати солимии рӯҳӣ ва солимии ҷисмонӣ мебошад.

Илова бар ин, чарбҳои захирашудаи бадан дар давоми як моҳи рӯзадорӣ тадриҷан ҳазм мешаванд, бе камтарин таъсири манфӣ ва оқибатҳои вазнин.

Пеш аз он ки чарб дар атрофи узвҳо солҳо ҷамъ шавад, ҳар рӯз бо парҳези якмоҳа бахше аз захираҳоро ҳазм ва хориҷ мекунад.

Ҷолиб он аст, ки дар тӯли 50 соле, ки дар Олмон дармонгоҳи рӯзадорӣ таъсис ёфтааст, дар ин дармонгоҳ беш аз 50 000 нафар беморони табобатнашаванда бо рӯзадорӣ шифо ёфтаанд.

 

Мекунад рӯза дилро мунҷалӣ,

З-он сабаб фармуд Ҳақ ассавму лӣ.

Дардмандонро давои беғаш аст,

Бар гунаҳкорон сипар аз оташ аст.

Рӯзадоронрост музди бешумор,

Кас надонад ғайри зоти Кирдгор.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                      Исоев Н.

 

 

 

Яндекс.Метрика