Барои муборизаи дуруст бурдан бо ифроти динӣ қабл аз ҳама зарур аст ошкор кард, ки ин ҳаракату амалҳои ифротӣ ҳамчун унсури зотӣ ва ҷузъи ногузири ҳастии ислом ҳамчун дин таркибан баромад мекунанд (тундравии зотӣ) ва ё ифроту террор иллатҳо, бемориҳои иҷтимоию паразитиеанд, ки фазои мусоиди сабзишро вобаста ба замону макон дар сутуни фарҳанг ва ҷаҳонбинии исломӣ пайдо кардаанд (тундравии эндогенӣ) ва ё ҳолати аксуламали рафтори номутаносибест, ки зери фишори неруҳои беруна дар он пайдо шудааст (тундравии экзогенӣ).
Муайян кардани ин ҳолатҳои зуҳури ифрот ва иртиботи он бо дини ислом ба бисёр масъалаҳо ва мушкилиҳои муқовимат бо ин зуҳуроти манфӣ рўшноӣ меафканад. Мо имкон пайдо мекунем, ки равиши дурусти илман асоснокро дар муқовимат бо он коркард намоем. Решаҳои онро безарар гардонем. Лекин бояд ба инобат гирифт, ки муваффақияти мо аз ҳолат ва сатҳи ҷойгиршавии ин зуҳуроти манфӣ дар паҳнои дин ва ё ҷаҳонбинии динӣ сахт вобаста аст. Агар сатҳи васлшавии ифроту террор дар хамирмояи худи дин ҳамчун унсури тундравии зотӣ бошад, масъала бениҳоят вазнин то ҳадде ислоҳталабу инқилобӣ мешавад.
Мо дар назар дорем, ҳолатеро, ки ифроту террор ҳамчун унсури зотӣ пурракунандаи сифати ҳодисаи иҷтимоиянд. Нахуст мо вуҷуди ин зуҳуроти манфиро бо ҳамин сифат дар зоти ислом ҷустуҷў менамоем. Мисол, барои он ки аз назари биосотсиоравонӣ одам комил бошад, вай дорои ду даст, ду по, ду чашм, ақл, сар, шуур, истеъдоди фикркунӣ, сухан гуфтан, ҷинсият ва дигар узвҳою сифатҳои муқаррарӣ бояд бошад, ки онҳо ҳамчун узвҳои зотии инсон баромад менамоянд. Бидуни онҳо орагнизми зинда инсон буда наметавонад. Дар ислом низ агар ифроту террорро ҳамчун ҷузъи таркибии зотии дин қабул намоем ва бе он динро тасаввур карда натавонем, пас мушкилии мо бо дин ба таври қатъӣ оштинопазир хоҳад монд.
Илми муосири диншиносӣ одами диндорро аломати асосии ҷудошавии инсон аз олами ҳайвонӣ , динро ҳамчун зуҳуроти нахустини пайдоиши ҷомеаҳои инсонӣ шинохтааст. Функсияҳои асосии динро илми муосири диншиносӣ (1) дар қабул ва фаҳми арзишии олами атроф (шартан назари экзистенсионалӣ), (2) компенсатсионӣ- ҷавоб ба саволҳои ҳалнокардаи хирад, (3) коммуникативию интегратсионӣ бо услуи муттаҳидсозии одамон дар иҷтимои муайян, (4) ахлоқию меъёрӣ бо танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳоят (5) танзимию назоратӣ муайян кардааст , ки ҳамагӣ ба муттаҳидӣ, ваҳдат оромии башар нигаронида шуда, ҳадафаш ҷорӣ намудани тартиботу низом ва назорат дар муносибати байни одамон аст.
Агар табиати муборизаи некию бадӣ, адлу инсоф ва ноадлӣ, раҳму шафқат ва номеҳрубонӣ ва дигар дихотомияҳои мусбату манфиро бингарем, ки чи тавр ҳамаи динҳо бо ғалабаи неруи мусбат кўшишҳо менамоянд, равшан мегардад, ки дин чи таъсире бар тарбияи инсон ва мафкураи ўро таърихан доро будааст. Ё таваҷҷуҳ намоем ба кафолати амалҳои хайру ҷазо барои кирдорҳои бади инсонӣ тавассути биҳишту дўзахаш. Агар, ҳамин кафолат, ки тавассути эътиқод ва боварии фардӣ ва иҷтимоӣ тавлид мешавад вуҷуд намедошт, кору рўзгори зиндагии инсон маънии худро то ҳадде гум намуда, ба гумон буд, ки инсон аз ҳамон ҳолати аввали барбарии худ ба самти тамаддун ҳаракат мекард.
Роҷеъ ба марговар будани низоми муътадили ҳаёти инсонӣ дар ҳолати набудани эътиқод ба фардо Кант, Маркс, Достоевский ва дигар бузургон зиёд гуфтаанд. И.Кант ва Ф.Достоевский (“Бародарон Карамазовҳо”) аз дидгоҳи эътиқоди динӣ дуруст таъкид менамоянд, ки «агар боварӣ бар оянда нест, пас, ҳама чиз иҷозат аст», яъне озодӣ бесарҳад мемонад, озодии бесарҳад анархия ва бенизомӣ, бефарҳангӣ ва ваҳшоният аст. Бемасъулиятӣ, ки инсонро ба даҳшатҳо мекашад баҳси дигару хоса аст. Бале, то ҷое ҳамон боғҳои ҷаннату саодати неъматҳои биҳишти ваъдагӣ будааст, ки аксари насли одамиро дар масири таърих ба амалҳои нек водор кардааст ва ҳамон оташи дўзах буд, ки муъминонро аз амалҳои зишт зиёд бозпас гардонидааст.
Ҳатто Суқрот барин файласуфи озодипарастро дар даврони пириаш, ки ба таҳлили рўзгори гузаштааш пардохта, кўшиши дарки тақдири фардояш намудааст, адли «тарозуи аъмол» азият додааст . Ин ҳама гувоҳи он аст, ки табиати одамӣ то ҷое ба ҷаҳонбинии эътиқодӣ васлияти таърихӣ дорад ва он дар даврони муайяни зиндагӣ нафарони мухталифро ба самти худ ба тарзи худ ва ба шароити ба худ хос имкони кашиданро дорад. Ва ин кашиш танҳо аз зоҳир набуда, ба талаботи ботинии инсон низ реша дорад. Бинобар ин, дар кори муносибат бо дин ва мафкураи динӣ ҳамеша мутафаккирони бузургу давлатҳои муваффақ дар таърих сиёсати ҳамаҷониба санҷидашударо ҷорӣ мекарданд. Шамоли демократия ва интиқоли арзишҳои барои миллатҳои таҳҷоӣ бегона тавассути бод додани ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ сиёсати давлатҳои ҷавони миллиро дар ин самт мазмунан камранг гардониданд. Ин раванд шояд ҷое мақсадноку ҷое табиӣ сурат гирифт.
Ба андешаи мутафаккири варзидаи мавзўи адолат Ҷон Ролз «Адолат – ин нахустин накўкори падидаҳои ҷамъиятист, монанди он ки ҳақиқат нахустин накўкори низоми андешаҳост» . Афлотун дар асараш «Давлат», дар мубоҳисаи байни мўйсафед Кефал ва Суқрот, аз забони Кефал – дар ҷавоби саволи Суқрот, ки чӣ масъала барои инсон бештар аз сарвату дороиаш накўтар ва қиматтар аст, менависад: «Шояд бисёриҳо ба ман бовар накунанд, вале ин масъалаи адолат аст. Медонӣ Суқрот, вақте ҳар касе фикри мурдан ба сараш мезанад, ба тафаккури ў тарс ба андешае меояд, ки қаблан дар вақти ҷамъи сарват фикр накарда буд. Ривояте, ки аз Аид ба мо расидааст, доир ба он, ки дар он дунё касе, ки адлро вайрон кардааст, ба ҷазо гирифтор мешавад, агар то ин муддат ўро азият намедод, акнун рўҳашро безобита мекунад: мабодо ин ҳақиқат бошад? Ва ин тарс бо сабаби пирӣ, нотавонӣ, аз наздикӣ ба олами дигар ва ё бинобар андешаи баъзе бо такмили рўҳӣ зиёда мегардад. Ҳамин тавр, ин масъалаи дар вақташ барои ў ноаён ба ў тарсу шубҳа меорад, ў ба амалҳои худ менигарад, ки мабодо касеро наранҷонда бошад. Дар ин зина ҳар касе инсонҳоро зиёд ранҷонда беадлӣ кардааст, мисли кўдак дар изтироби ҷазои дар пешистода гўё акнун аз хоб бедор шуда бошад, мудҳишотро интизор аст. Ва он касе, ки баръакс, дар амалаш беадлиро кам мебинад ва ё умуман эҳсос намекунад, зиндагии хуб мегузаронад… Аз ин рў, доштани дороӣ дар зиндагӣ, албатта хуб аст, аммо на барои ҳар кас, балки танҳо барои онҳое, ки бовиҷдонона ин дороиро ба даст овардаанд» .
Тарзе мо мебинем, ҷаҳонбинии динӣ ҳамон тавре, ки баъзеҳо андеша доранд, ин танҳо назар нисбат ба шинохти Офаридгор ва итоат ба амрҳои он нест, балки бештар аз он боварӣ ба адлу инсоф, ғалабаи некӣ бар бадие аст, ки Худованд рисолати асли худ қарор додааст. Худи шинохти Худованд ҳамчун Офаридгор ва ба қадру манзалати Ў ҳамчун неруи ҳаётбахш расидан ин риояи қонуни ибтидоии адл аст. Дар зинаи аввали зуҳур ҳар дин ин симатро дар худ қавӣ ҷойгир кардааст, дар акси ҳол ғалабаи онҳо ва эътирофашон дар қолаби тафаккури мардум, ки ба манфиат лабрез буда, аз маҷмуи талаботҳои мухталиф иборат аст, номумкин мегардад.
Таҳлил, омўзиш ва қиёси ҳодисоти таърихӣ дар саргаҳи зуҳури динҳо, рисолати таълимоти ақидавӣ, таъйиноту вазифаҳои марказию ҳадафҳои аслиашон аз назари илмӣ бо дарку фаҳми фарзандони донишманду нуктасанҷи таърихии равияю фирқаҳои дину оинҳо куллан ифодагари онанд, ки ҳеҷ як дини ҷаҳонӣ дар таркибаш унсури зотиеро ба сони куштан, таркондан, тарсондани мардуми бегуноҳу маҳв кардани оммавиро ҳамчун воситаи татбиқи ғаразноки гурўҳе бар муқобили дигарон масъалагузорӣ накардааст. Аз ҷумла ислом низ.
Баръакс онҳо бо мақсади тарбия меъёрҳо муқарар кардаанд ва бо нияти ислоҳ ҳидоятҳо кардаанд. Ин ҳолат моро ба хулосаи аввал меорад, ки ифроту террор аз сифатҳои зотӣ ва таркибии таълимоти динӣ, аз ҷумла таълимоти исломӣ, нестанд ва буда ҳам наметавонанд.
Зеро рисолат ва таъйиноти ҳар дин, аз ҷумла ислом, мафкура ва ҷаҳонбинии пайравонашро атрофи принсипу арзишҳое муттаҳид намудан аст, ки ба ҳадафи марказии он созгор бошад. Ҳадафи марказии Худованди бузург некӣ ба бандагон, сабукгирӣ дар зиндагӣ ва саодати онҳост, чунки Худованд одилу раҳиму меҳрубон аст. Ҳаққи ниҳоӣ ба ҷониби Валтер аст, ки дар саволи он ки ба фирки Шумо Худо ҳаст ё не (?) ҷавоб гуфтааст: “Ман намедонам, ки Худо ҳаст ё не, вале ман яқин медонам, ки дар сурати будан Вай танҳо одил аст, ба ғайри он буда наметавонад”. Дар воқеъ, рисолати офаридгорӣ, тавре Монетескё мегўяд, Офаридгорро дар назди дигар қонуниятҳое мемонад, ки ба инобат гирифтани онҳо барояш ногузир мегардад. Мисол, барои зуҳури инсон дараҷаи муътадили ҳаво зарур мегардад, ки бо тартиб даровардани кайҳон он ҷойиз мешавад, барои зиндагии саодатманди инсон бошад арзишҳое чун адлу инсоф, озодӣ, баробарӣ, некўкирдорӣ, меҳрубонӣ, раҳму шафқат, бахшояндагӣ ва ғ. зарур аст, ки дин онҳоро тарғиб менамояд.
Акнун мемонад ду ҳолати дигар: яке, ҳолати вуҷуди эндогении ифроту террор дар ниҳоди динӣ ва дигар, ҳолати экзогении вуҷуди он. Эҳсосоти пешманзари раванди ҳодисот гувоҳи онанд, ки ҳарду ҳолат вобаста ба шароитҳои таърихӣ дар кори бадбахтии фарҳанги исломӣ асаргузоранд. Нахуст, зери ҳолати эндогенӣ мо ҳолатеро мадди назар дорем, ки дар организми зиндаи иҷтимоии тамаддуни исломӣ нуктаю паҳноҳое вуҷуд доранд, мафкураи тундраву ифротӣ имкони ақлию мантиқии васлшавӣ ва рушдро ба мисли бемории муайяни иҷтимоӣ дороанд. Ин беморӣ дар заминаи гуногунафҳмӣ ва ҳазми нодурусти оятҳо, берун аз контексти таърихӣ бидуни ба инобат гирифтани талаботи замону макони нозил шудани аҳком ва сарфи назар намудани хосияти ҷузъу кулли меёърҳо ва надоштани таҷрибаи тамизи амрҳои инфиродию меъёрӣ бинобар қафомонии илмӣ рўи кор задааст.
Яъне маҳаки асосии рушддиҳандаи ин ҳолати тазодмандӣ сатҳи тафаккур ва мафкураи субъектон аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар ҳолатҳои муайяни ишораи аҳком аст, ки дар натиҷа имкони дугуна ва сехўра фаҳмидани онҳо вобаста ба равиши мафкура имконпазир шудааст. Дар якҷоягӣ ҳарду ҳолат шабеҳи васлшавии бемории саратон ва ё дигар бемориҳо дар бадани инсон мебошад, ки бо шароити муайяни ғизо, боду ҳаво ва ҳолати узвҳо имконпазирии часпидани вирусҳоро муҳайё менамоянд. Ҳолати заифии организм ва мусоидат ба часпиши беморӣ маҳз ҳамон даврони сатҳи пасти тафаккури мусулмононро нишон медиҳад, ки дар хамирмояи ислом сабзиши нодурсти фикр қомат меофарад ва ҳамчун ҷузъи таълимоти исломӣ кўшиши нашъунамо менамояд. Ин ҳолат бо далелҳои зиёд худро кўшиши ворид намудан ба табиати зотии ислом менамояд. Вале аз сабаби бегона буданаш ба таъйинот, ҳадафҳои марказӣ ва рисолати дин вай паҳнои мувофиқ пайдо накарда, ҳамчун иллат ва беморӣ дар тани дин мечаспад ва ё дар ниҳоди ботинии ў дар ҳар як паҳнои мувофиқе вобаста аз шарту шароит реша медавонад. Бинобар он, ин тундравиро тундравии эндогенӣ меномем, зеро вай паҳнои мувофиқи васлшавиашро дар сарчашмаҳо ва таълимоти динӣ ва ё дар падидаҳои бунёдии он пайдо менамояд.
Холиқзода А.Ғ.
Ваҳобзода А.В.
Баромбеков В.А.