Покизагию назофат аз назари ислом

Ҳадафи аслии таълимоти дини мубини ислом даъвати инсонҳо ба маърифату ахлоқ, меҳру муҳаббат, раҳму шафқат, хайру саховат, покизагии иффат, самимияту садоқат, дўстию рафоқат, сулҳу ваҳдат, адолату ҳақиқат, манъу маҳкуми зуҳуроти номатлуб ва инъикоси ҳаёти ҳасанаву амнияти ҷомеа буда, 1400 сол боз сабзишу густариш меёбад. 
 
Қуръони карим дар мудати 23-сол ба Пайғамбари охирзамон (с) нозил шудааст, то ин ки оҳиста-оҳиста ба мардуми олам расонида шавад. Қуръон нури илоҳист ва сарчашмаи маърифату адаб аст, ки ба омўхтани тамоми донишҳо даъват мекунад: «Ва то донишёфтагон бидонанд, ки Қуръон ба ростӣ аз ҷониби Парвардигори туст ва бад-он имон биёваранд ва дилҳояшон бад-он ором гирад. Ва Худо касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост ҳидоят мекунад» (Сураи «Ҳаҷ», ояти 54).
 
«Бихон ба номи Парвардигорат, ки биёфарид» (Сураи «Алақ», ояти 1).
Ин оят аввалин ваҳйест, ки аз ҷониби Худованди олам ба Пайғамбар (с) фиристода шуд. Аз ин оят маълум мешавад, ки инсон бояд бо номи мубораки Парвардигор доим дар талаби илм бошад, дониш андўзад ва аз корҳои зишту нораво дурӣ гузинад. 
 
Ояти мазкур далели он аст, ки бе омўхтани дониш аз зумраи ҳидоятшудагони комил нахоҳем шуд.
Пайғамбари акрам (с) низ дар боби донишомўзӣ фармудаанд: 
«Дониш мояи ҳаёти ислом ва сутуни имон аст» (Ривояти Имом Аҳмад).
«Худо онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки дониш ёфтаанд, ба дараҷоте барафрозад ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!» (Сураи «Муҷодала», ояти11).
Худованд дар ин оят возеҳу фаҳмо баён кардааст, ки инсонҳои донишманду аҳли андеша, мартабаи хосе доранд.
 
Мутаассифона, на ҳама аҳли андешаанду на ҳама мусулмонон аз дониши андухтаи хеш самаранок истифода мебаранд ва аз корҳои номашруъ канораҷўӣ менамоянд. Натиҷаи даст задан ба корҳои номашруъ, аз қабили зино, ба он оварда расонидааст, ки солҳои охир бемории даҳшатноке дар олам густариш ёфтааст, ки онро вабои аср ва дар истилоҳи тиббӣ ВИЧ/СПИД (вируси норасоии масунияти бадан) мегўянд. Ин вирусе мебошад, ки низоми ҳимояи ҷисмро халадор карда, онро аз мубориза бар зидди бемориҳои сирояткунанда бозмедорад, зеро Худованд дар ҷисми инсон ҷиҳозе офаридааст, ки ҳар гуна бемориҳои зараровар ба ҷисми инсонро дур месозад. Вақте ин вирус ба ҷисм ворид мешавад, низоми ҳимояи ҷисм ба он муборизаро оғоз менамояд ва баъди чанде ин низом дар мавриди ҳимоя аз намудҳои гуногуни вирусҳо хеле заиф мегардад. Вируси мазкур дар баъзе моеъҳои дохили ҷисми инсон хун, нутфа ва моеи маҳбал зиндагӣ мекунад ва маҳз он боиси сар задани бемории СПИД мегардад.
 
Тибқи маълумоти ЮНЭЙДС аз оғози паҳншавии умумии ВИЧ то ба имрўз тақрибан 37 млн. одам бо ин вирус сироят шудааст. Танҳо соли 2016 бо ин вабои аср 1,8 млн нафар мубтало гардида, зиёда аз як миллион нафар фавтидааст.
 
Таҳқиқотҳо муайян намудаанд, ки ҳаррўз дар олам 4,9 ҳазор нафар аз ин вирус заҳролуд мешавад. Ин вазъият дар Аврупо ташвишовар буда, 2 млн. нафар дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо ин вирус зиндагӣ мекунанд. Ин вирус асосан бо роҳи сўзандору, алоқаи ҷинсӣ ва хунгузаронӣ паҳн мешавад.
 
Дар расонаҳои хабарӣ ва маводи таҳлилии ватанӣ он нуктаро қайд менамоянд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ паҳнкунандагони асосии ВИЧ /СПИД мебошанд. Эътиборан аз оғози соли 1988 ҳар сол 1 декабр ҳамчун рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД ҷашн гирифта мешавад.
 
Ҳарчанд бисёре аз кишварҳои мусулмонӣ дар ин ақидаанд, ки ВИЧ ба онҳо дахл накардааст, аммо ин ғалат аст. Дар кишварҳои арабӣ зиёда аз 75 ҳазор нафар гирифторони ВИЧ ба қайд гирифта шудаанд. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз 75000 шахси гирифтори ВИЧ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар Африқои Шимолӣ ва Шарқи Наздик зиндагӣ мекунанд ва зиёда аз 4 миллион сироятшудагон сокинони Ҳиндустон мебошад. Ҳоло ҷое, ки аз ин вабо осуда будан мумкин бошад, вуҷуд надорад.
 
ВИЧ/СПИД дар мамолики мусулмонӣ сусттар паҳн мешавад ва агар тадбирҳои заруриро андешем, мо метавонем паҳншавии ин вирусро дар ҷомеа зери назорат бигирем.
 
Ба ҳамагон маълум аст, ки бемории ВИЧ/СПИД (вируси норасоии масунияти одам) бемории ҳалокатбор буда, ҳар сол дар миқёси олам ҷони чанд миллион нафарро аз байн мебарад ва теъдоди гирифторони ин мусибат, ки онро «вабои аср» меноманд, сол ба сол зиёд мегардад. Ин беморӣ ҳамчун вабо сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии худро дорост, имрўзҳо роҳҳои муолиҷа, аз байн бурдан, кам кардани шиддати он ва нигоҳ доштани ҷамъият аз зарарҳои ногувори он мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дорад.
 
Ин вирус инчунин дар асоси алоқаи ҷинсии номашрўъ, ки онро зино меноманд, сар мезанад. Беҳуда нест, ки то ба имрўз тамоми динҳои осмонӣ (яҳудият, масеҳият ва ислом) дар ҳаром будани зино иттифоқи назар доранд ва алайҳи он мубориза мебаранд.
 
Дини мубини ислом ин амали зишт, яъне зиноро шадидан маҳкум намуда, ҳамчун як фасоди иҷтимоӣ бо он ҳамеша дар мубориза аст, то ҷомеаи башариро аз пош хўрдани низоми солими хонаводагии аҳли башар ҳифз намояд: «Ва наздик нашавед ба зино (ва корҳоеро, ки сабабгори водор намудани инсон ба зино мешавад, анҷом надиҳед), зеро зино беҳаёӣ ва роҳи бад аст» (Сураи «Исро», ояти 32).
 
Аз ояти мазкур маълум мегардад, ки дини муқаддаси ислом 1400 сол муқаддам аз ин амали зишт, ки боиси ангезиш ва густариши вирусҳои сирояткунанда миёни табақаҳои аҳолие, ки даст ба кирдори нангини танфурўшӣ ва фоҳишагӣ мезананд, изҳори нигаронӣ карда, онро шадидан маҳкум намудааст. Дар ҳоле, ки дар он замон ягон намуд васоили муайянкунандаи вирусу микробҳо аз қабили лабораторияву микроскопҳо вуҷуд надошт. Аз хатарҳои глобалии ҳазорсолаҳои баъдӣ изҳори нигаронӣ намудани ислом, ин илми ғайбии Офаридгори яктост, ки бандагонашро аз вуқўъ дар чоҳи ҳалокат ва расвогии дунёву охират ҳушдор медиҳад.
 
Инчунин Худованд дар Қуръони карим мусибату гирифториҳои инсонро аз кирдори ў вобаста дониста, дар сураи «Шўро», ояти 30 мефармояд: «Ва ҳарчи бирасад ба шумо аз мусибатҳо пас ба сабаби гуноҳест, ки дастҳои шумо ба амал овард». 
 
Ҷисми солим ҳадяи Аллоҳ буда, ҳар як фард саробони он мебошад. Барои ҳамин тибқи дастуру фармоишоти ислом мо барои истифодаи нодуруст ё сўистеъмоли ҷисм ягон хел ҳақ надорем. Дини ислом никоҳро ташвиқ мекунад ва хоҳишҳои шаҳвонӣ бояд танҳо дар доираи никоҳ амалӣ гарданд. Ислом инчунин истифодаи маводеро, ки метавонанд эҳсосотро заиф гардонанд, манъ мекунад. Аз ҳамин сабаб, истеъмоли маводи нашъаовар, аз қабили героин ва нўшокиҳои масткунанда қатъиян манъ мебошад. Зеро, касалиҳои сироятӣ бештар бо истифодаи сўзандоруҳои аз ҷониби нашъамандон такроран истифодабурдашуда паҳн мегардад.
 
Ҷойи таассуф аст, ки баъзе мусулмонон аз ноогоҳии ҳақиқати ислом даст ба муносибатҳои шаҳвонии беникоҳ ва номашрӯъ мезананд. Маънии ислом итоат кардан ва мутеъ будан ба иродаи Аллоҳ аст. Аз ин бармеояд, ки мусулмон набояд ҳеҷ амалеро, ки ислом манъ кардааст, анҷом диҳад. Дар ислом покию назофати рўҳию ҷисмӣ, макони истиқомат ва муҳити атроф, ки се шохаи асосии он - ақоид, аҳком ва ахлоқро дарбар мегирад, аз муҳимтарин мавзўъҳо ба шумор меравад.
 
Вақте инсон ба тафсили фарзҳо, суннатҳо ва мустаҳаботи вузӯъ бо диққат назар меафканад, воқеан ҳам, исломро беҳтарин оини покӣ ва барномаи беҳдошти саломатӣ меёбад. Масалан, вақте мо таваҷҷуҳ ва таъкиди илми тиб ва беҳдошти имрўзаи ҷаҳонро дар бораи покизагӣ ва шустушӯи дандонҳо бо иршодот ва намунаҳои амалии Расули Худо (с) дар ҳудуди тақрибан ҳазору чорсад сол пеш муқоиса менамоем, мебинем, ки онҳо аз пешрафтатарин дастовардҳои илми тибби имрўз, бе ҳеҷ тардиде афзалияту бартарӣ доранд.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12 майи соли 2018 аз зиёд шудани гирифторони бемориҳои сироятӣ изҳори нигаронӣ карданд, зеро он ба генофонди миллат зарар мерасонад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бемории ВИЧ/СПИД бештар тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ оварда шуда, баъзеашон дониста ё надониста ҳамсарону фарзандони худро сироят месозанд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ баъди баргаштан ба ватан бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд. 
 
Яке аз иқдомҳое, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ҷорӣ ва ҳатмист, ин пеш аз ақди никоҳ аз муоинаи тиббӣ гузаштани арусу домод мебошад. Вале дар ин самт корро ҷиддӣ ба роҳ мондан лозим аст. Зеро тақаллубӣ дар ин масъалаи басо муҳим хиёнат ба миллату Ватан аст.  
 
Ҳаргиз фаромўш кардан лозим нест, агар ин дунёамонро бо мутеъ гаштан ба хоҳишҳои нафсонии хеш туфайли машғул шудан ба амалҳои нохубе, ки бар зарари аҳли ҷомеа мебошад, хароб созем, пас чи гуна метавонем охирати худро обод созем?!
 
Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир 
Яндекс.Метрика