Пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъист

Барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва муқовимати густурда бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд.

Ҳар як фарди ватадўст ва худогоҳ бояд аз ин зуҳуроти номатлуб худорӣ намояд. Боиси тазаккур аст, ки коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Коррупсия дар шароити ҳозира монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии давлат ва афзоиши самаранокии ниҳодҳои бозаргонӣ мебошад.

Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида оқибатҳои нохушро бабор меоварад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида баҳри амали намудани он чораҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст.

Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвар фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дар вилояти Хатлон низ таъмин гашта истодааст.

Қайд гардид, ки баҳри пешгирии коррупсия ва ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба ин зуҳуроти номатлуб ба роҳбарони идораҳо, корхона ва муассисаҳои давлатии ҳудуди вилояти Хатлон 210 дастури хаттӣ ва 198 пешниҳод оид ба татбиқи он ирсол карда шуд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур ва фаъолияти Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва корхонаю муассисаҳои он аз тарафи кормандони раёсат 33 маротиба санҷишҳо гузаронида шуда, дар натиҷа нисбат ба 192 нафар шахсони мансабдор барои иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи онҳо роҳ доданд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Мақсад аз татбиқи стратегия баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин иқдомот барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона шудааст.

Хулоса ин аст, ки пешгирии коррупсия ва муқовимат бар зидди он кори дастаҷамъӣ буда, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд дар ин самт фаъол бошанд.

Баромади сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Карим Иброҳим генерал-майори адлия дар Иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халки вилояти Хатлон даъвати шашум оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 29 сентябри соли 2021, №314 оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон.

Бознашр аз саҳифаи Агентӣ

Яндекс.Метрика