Дар ҳама давру замон танҳо давлату миллате, ки ба илму маориф рӯ оварда, ба ташаккули маърифати зеҳнии мардум назари хоса зоҳир менамояд, дар амри болоравии сатҳи зиндагӣ ва дониш, ғанои иқтисодиёт ва раҳоӣ аз зуҳуроти номатлуби барои ҷомеа хатарнок муваффақ мегардад.
Маҳз, нуфузи илму фарҳанги асил аст, ки ин давлати миллии моро ба як мулки ободу зебо табдил дода, тавассути фурӯғи маърифат мақбули хосу ом гардонид.
Ҷавонон меросбарони аҷдодони бузург – Исмоили Сомонӣ, Абўалӣ ибни Сино, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва садҳои нобиғаҳои давру замон мебошанд. Ҷавонони имрўза гирифтори мушкилоти зиёде мебошанд, ки аз ҷумлаи ин мушкилот фирефта шудан ба равияҳои гуногуни ифротӣ аст. Равияҳое, ки онҳоро ташкилотҳои экстремистӣ ривоҷ медиҳанд, дар асл чун заҳри қотиле мебошанд, ки ҷавонони мо, бе ин ки аз ҳақиқати он огоҳӣ дошта бошанд, ба онҳо мепайванданд. Агар мо пеши роҳи ин гуна равияҳоро нагирем, бегумон ҷавонони мо ба доми онҳо меафтанд.
Дар замони муосир фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ вобаста ба ҷалби сарбозону пайравони нав, бо усули алоқаи бевосита, инчунин ба таври фосилавӣ, ба воситаи шабакаи интернет ба роҳ монда шудааст. Саркардагони ташкилотҳои экстремистӣ тавассути чунин пойгоҳҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ маводи иғвогарона ва ифротии худро паҳн намуда, фазои маҷозиро ҳамчун дастгоҳи пурқувват барои ҷалби ҷавонони ноогоҳ истифода мебаранд.
Имрўз дар дасти ҳар як ҷавон телефони мобилӣ мавҷуд аст, ки ба шабакаи интернет дастрасӣ дорад. Дар шабакаи интернет сомонаҳои Одноклассники, Фейсбук, Твиттер, Вконтакте, мессенҷерҳои Вайбер, Вотсапп, Телеграм, Инстаграм, Зелло ва ғайра мавҷуданд, ки дар онҳо гурўҳҳои ба ном исломӣ фаъолият мекунанд. Чунин гурўҳҳо ҷавонони зудбоварро бо интишори ояту ҳадисҳои тарҷумааш ғалат ва фатвоҳои гуногуни ғаразнок ба сафҳои худ ҷалб менамоянд. Ин бениҳоят хатарнок аст! Пас, агар мо фарзандони худро таҳти назорати қатъӣ қарор надиҳем, аз тарбияи дурусти онҳо бепарвоӣ намоем, онҳо метавонанд оқибат туъмаи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ гарданд.
Бояд донист, ки тариқаи ҷалб кардан ва дар оянда ифротгаро намудани ҷавонон чунин аст:
- алоқаи бевоситаи ҷавонони ноогоҳ бо таблиғгарони ташкилотҳои террористӣ;
- надонистани мақсади аслии чунин мубаллиғон;
- муддатҳои тўлонӣ гўш кардан ва ё тамошои наворҳои таблиғотии равияву ҷараёнҳои ифротии динӣ аз тариқи шабакаи интернет;
- истифодаи ғайримақсадноки мессенҷерҳои Вайбер, Вотсапп, Телеграм, Инстаграм ва ғайра;
- пайдо намудани дўстону шиносҳои нав дар шабакаи интернет бе огоҳӣ аз шахсият ва мансубияти онҳо ба гурўҳу ташкилотҳои ифротгаро, ворид шудан ба баҳсҳои динӣ дар шабакаҳои гуногуни интернетӣ;
- мутолиаи адабиёти ифротӣ ва ғайра.
Аз ин рў, мо вазифадорем, ҷавононро огоҳ созем, ки аз фитна дар канор бошанд, дар интернет ба ягон гурўҳҳои динӣ аъзо нашаванд, дар фазои маҷозӣ ба сухани онҳое, ки худро мулло, диндор, худотарс вонамуд мекунанд, бовар накунанд! Онҳо ба рўи худ ниқоби исломро кашида, дар асл дасисабоз ва мардумфиребанд, мехоҳанд ҷавонони моро фирефта намуда, онҳоро ба вартаи ҳалокат афкананд.
Ифротгароён асли исломро пинҳон намуда, ба ҷавонон фақат куштор, хунрезӣ, ҳиҷрат, шаҳодат ва ҷиҳодро талқин мекунанд. Оё ҷавонон медонанд, ки дар асл ҷиҳод чист? Ҷиҳод ҳимояи марзу буми Ватан аст, ҷиҳод омўзиши илм аст, ҷиҳод хидмати падару модар аст, ҷиҳод тарбияи дурусти фарзандон аст.
Хушбахтона, аксар ҷавонони мо аз асли воқеа, аз фиребу найранги эмиссарҳои ташкилотҳои террористӣ огоҳ гаштаанд ва бовар дорем, дигар ба доми онҳо гирифтор намешаванд. Ҳамагон оқибати кори шахсони фиребхӯрдаро дида, ба хулоса омадаанд, ки зиндагии осоишта, тарбияи фарзандон, таматтуъ аз хушиҳои ҳаёт беҳтарин роҳи зиндагист. Ҳар кас хоҳад, ки дар роҳи Худо хизмат кунад, бояд ба Ватану миллат хизмат кунад. Зеро ҳифзи Ватану хизмати шоиста, некиву накўкорӣ, ҳилму бурдборӣ, эҳтироми волидайн, дастгирии бечорагону обод кардани диёри азиз савоби беандоза ва подоши бепоён дорад.
Дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.
Падару модарон бояд ба таълим ва тарбияи фарзандони худ диқкати ҷиддӣ зоҳир намоянд, онҳоро аз корҳои бад боздошта, ба сӯи илму маърифат роҳнамоӣ кунанд, зеро таълиму тарбияи фарзандон, боздоштан аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо вазифаи муқаддаси падару модарон аст.
Наврасону ҷавонон бояд дар вақтҳои холӣ, ба ҷои истифодаи ғайримақсадноки интернет, ба китобхонаҳо раванд, дар назди устодон дарсҳои иловагӣ гиранд ва ба ин восита дониши худро мукуаммал созанд.
Ояндаи миллати мо ба ҷавонон вогузор шудааст аст. Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат фармудаанд, ки:“Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”.
Баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, бо мақсади тарғиби илму маърифат, ҷалби таваҷчуҳи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ менамояд. Дар ин раванд дар ҷумҳурӣ пайваста озмунҳои гуногун аз қабили «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Чароғи маърифат» ва ғайра гузаронида мешаванд. Чунин иқдомҳои маърифатпарваронаи давлати мо таваҷчуҳи ҷомеа, бахусус наврасону ҷавононро ба китобхонӣ ва омӯзиши илмҳои муосир бештар намуданд. Инро ба назар гирифта, барои ҳавасмандкунонии бештар, ҷоизаҳои чунин озмунҳо чанд маротиба зиёд карда шуданд.
Мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳем, онҳоро ба омўзишу тадвини илму дониш ҳидоят намоем, ба мактабҳои беҳтарин монем, аз хониши онҳо бохабар шавем, аз «дўстону насиҳатгарон»-и шубҳанок дур намоем, аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба ном «исломӣ» нигоҳ дорем, то ин ки дар оянда насли солим ба воя расида, ба халқу Ватани худ хизматҳои шоиста кунанд. Ҳар кас барои Ватани худ, давлати худ, ояндаи худ, фарзандони худ масъул аст, агар фарзанд солеҳ бошад, мояи ифтихор аст ва агар дар таълиму тарбия беаҳамиятӣ кунем, пушаймон хоҳем шуд.
Мо дар Ватани тинҷу ором, зери осмони софу беғубор осудаҳолона зиндагӣ мекунем. Ҳифзи амонии Ватан корест, ки ба ҳар сокини кишвар вобастагӣ дорад ва ҳамаи мо дар нигоҳдошти сулҳу субот вазифадорем. Мо бояд тамоми имкониятҳоро истифода барем ва барои амну суботи Тоҷикистон талош варзем. Танҳо ваҳдат, иттиҳод ва якдилӣ метавонад ватани моро аз хатари ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ нигоҳ дорад.
А.Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон