ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАШВАРАТИ КОРӢ ДОИР НАМУДАНД

14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати кишвар, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди ташаккулёбии буҷети давлатӣ ва тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бознашр аз сомонаи president .tj

Яндекс.Метрика