Бидуни шак Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ хеле муассир ва илҳомбахш буд. Новобаста аз он, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар соли сипаригашта дар буҳрони азими иқтисодию сиёсӣ қарор дошт, мардуми шарафманди кишвар зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари худ ба дастовардҳои хеле назаррас соҳиб шуданд. Истеҳсоли зиёди маҳсулоти хоҷагии халқ, зиёд шудани пасандозҳои аҳолӣ, паст шудани сатҳи камбизоатӣ, афзудани шумори ѓолибони мусобиқаҳои варзишию дастовардҳои мактаббачаҳою донишҷӯёни кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ гувоҳи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз монеаҳою душвориҳои табиию таҳмилӣ зина ба зина пешрафт намуда, зиндагии шоистаро баҳри шаҳрвандони худ муҳайё карда истодааст.
Қобили зикр аст, ки иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат дар хусуси оѓоз намудани дигаргуниҳо аз сохтмони роҳҳо мубрамият ва саҳеҳии худро амалан нишон дода, собит намуданд, ки иқдоми мазкур барои дастовардҳои муҳими тақдирсоз, чун рушди иқтисодиёт, истиқрори робитаҳои гуногунҷабҳа байни гӯшаҳои дурдасти кишвар ва тавлиди ваҳдату ягонагӣ дар кишвар сарчашмаи зарурӣ будаанд. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ин ташаббуси пешгирифташуда сол ба сол суръати нав касб намуда истодааст ва имсол ба ҳудуди ноҳияҳои дурдасти кишвар расидааст, ки боиси хушнудии тамоми аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.
Яке аз ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, ки имрӯз хурду калон барои он аҳсан мехонанд, ниҳолшинонӣ аст. Имрӯз зимни гузаштан аз ҳар гуна кӯчаю шоҳроҳ сокинони кишвар дарахтони ҳамешасабзро дида, рӯҳу илҳом мегиранд ва бо як рӯҳияи болида, чеҳраи пуртабассум ва нигоҳи хурсандона қаноатмандии худро изҳор медоранд. Ҷои шубҳае нест, ки Пешвои муаззами миллат ҳолати мазкур ва зарурати идомаи ниҳолшинониро дарк намуданд ва супориш доданд, ки то соли 2040 амалкарди мазкур пайваста идома дода шавад.
Бояд таъкид намуд, ки дар баробари ҳамаи дигар супориш ва ташаббусҳои Пешвои миллат инчунин дастури ӯ дар хусуси ба вуҷуд овардани имконият барои худтатбиқсозии ҳар фард дар ҷомеа сазовори таҳсин ва дастгирии ҳамагон аст. Пешвои миллат аз қудрату тавоноӣ, малакаю маҳорат ва дониши фарзандони баномуси миллати тоҷик қаноатмандӣ изҳор намуда, пайваста аз он ҳамчун мардуми фарҳангдӯст ва созанда ёдовар мешаванд. Аз ин рӯ, аз тарафи Пешвои миллат мутмаинона таъкид гардид, ки дар сурати офаридани имкониятҳои хуб миллати тоҷик ба эҷодкориҳои нав ва муассир даст мезанад. Пешвои миллат ба нерӯи созандагӣ ва ихтироъкории ҷавонони кишвар боварии худро изҳор доштанд ва аз тамоми сохторҳои масъул даъват ба амал оварданд, ки амалкарди мазкур дар ҳамаи самтҳои фаъолият ҳамаҷониба дастгирӣ карда шавад.
Яке аз мавзӯъҳои муҳим дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ин тозагию ободӣ дар кишвар буд. Пешвои миллат тозаю озодагиро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ таъкид намуда, қайд намуданд, ки дар ин самт ягон нафар набояд бетараф бошад. Тозагию ободии кишварро мо бояд аз дару хонаи худ оғоз намоем. Ҳар нафар агар дар тозагию ободии хонаи худ, кӯчаю паскӯча ва деҳаи худ саъю талош намояд, пас, ин саъю талоши ӯ чунин маъно дорад, ки чунин фард дар тозагию ободии кишвар низ саҳмгузор будааст.
Чун анъана яке аз мавзӯъҳои хеле муҳим ва барои миллат тақдирсоз дар Паёми имсола мавзӯи истиқлолу озодӣ буд. Пешвои миллат аҳамият ва арзиши бебаҳои истиқлолу озодиро таъкид намуда, даъват ба амал оварданд, ки ҳар фарди баномус бояд баҳри ҳифзи истиқлолу озодии кишвар талош намояд. Дар шароити хеле пурмоҷаро ва фитнаангези имрӯза ҳифзи истиқлолу озодӣ аз масоили хеле мубрам боқӣ мемонад. Ба касе пӯшида нест, ки абарқудратҳо барои ҳифзи манофеи геополитикии худ ба ҳар гуна иқдоми гӯшношунид даст заданашон мумкин аст. Дар чунин шароити мураккаб дар атрофи Пешвои муаззами миллат боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, аз истиқлолу озодии хеш дифоъ намудан аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар фарди баномуси миллат аст.
Барои мардуми фарҳангдӯсту хештаншинос ҳамчунин ташаббуси Пешвои миллат дар хусуси таъсиси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ низ ҳодисаи хотирмон боқӣ мемонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллат ҳомии фарҳанги миллӣ будани худро борҳо бо ташаббусҳои созандаашон исбот намуда буданд. Ташаббуси навбатӣ бори дигар ба меҳру муҳаббати беандозаи Пешвои миллат дар нисбати фарҳанги миллӣ далолат намуда, аҳли зиё ва фарҳангдӯсти кишварро нерӯи тоза ва илҳоми муассир бахшиданд ва бешак барои эҷодкориҳои навбатӣ ҳидоят менамоянд.
Дар баробари тамоми дастовардҳо ва ҳидоятҳо дар Паёми имсола якбора зиёд намудан музди меҳнат ба андозаи 40 фоиз тамоми мардуми кишварро хеле хурсанд намуд ва бори дигар хусусияти иҷтимоӣ доштани сиёсати давлатро амалан собит намуд. Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки барои дар оянда ҳам зиёд намудани музди меҳнат мо саъю кӯшиш менамоем. Бо боварии комил метавон гуфт, ки зиёд шудани музди меҳнат якбора ба андозаи 40 фоиз тамоми мардуми кишварро дар атрофи Пешвои худ боз ҳам зичтар муттаҳид менамояд ва барои меҳнати содиқона нерӯю илҳоми тоза мебахшад.
Хулоса, Паёми имсола нерӯи барқиеро мемонад, ки ҷисмҳои шахшуда ва зеҳнҳои хуфтаро бедор намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои воло ҳидоят менамояд. Ба қавли шоир шахсе, ки дар партави Паёми имсола фаъолияти худро дучанд қавӣ намегардонад, «Ё одам нест, ё аз ин олам нест».
Абдухалилзода К.