Дар Паём дастоварду пешравиҳои ноилгардидаи халқи Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зикр гардиданд.
Яъне ҳамаи нақшаҳои барои соли 2023 пешбинигардида дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа муваффақона амалӣ гардид.
Хушбахтона имрӯзҳо шароити зиндагии мардуми кишвар нисбат ба солҳои гузашта хеле беҳтар гардидааст.
Ҳоло сокинони мамлакат ба фардои боз ҳам ободу осуда дилпурона назар мекунанд ва ба хотири пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли худ софдилона заҳмат мекашанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳукумат барои бартараф кардани мушкилоти дар ҳаёти мардумамон ҷойдошта ва ҳаллу фасли масъалаҳои мавҷуда, барномаву нақшаҳои мушаххас қабул кардааст, ки онҳоро зина ба зина амалӣ месозад.
Расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҳадафҳои стратегие мебошанд, ки Ҳукумату Давлат барои амалӣ намудани онҳо тамоми захираву имкониятҳои худро сафарбар кардаистодааст.
Бо ин мақсад ҳоло дар кишвар бунёду азнавсозии неругоҳҳои азим, роҳу пулҳои замонавӣ, коргоҳу корхонаҳои муосир ва иншооти иҷтимоӣ, яъне муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва фарҳангу хизматрасонӣ бомаром идома дорад.
Бояд зикр намуд, ки дар ин раванд, Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа, яъне бо озуқавории истеҳсоли ватанӣ ҳарчи бештар таъмин намудани аҳолии мамлакат эътибори аввалиндараҷа дода истодааст.
Ҳадафи асосӣ Давлат аз иқдомоти зикршуда – муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ барои ҳамватанонамон, мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон ва фароҳам сохтани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як фарди Ватани маҳбубамон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки соли сипарӣ шуда, дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили сазовори 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ иқдому ташаббусҳои нек вусъати тоза пайдо карданд.
Дар паёми имсола, ки санаи 28-уми декабри соли 2023-юм аз ҷониби Пешвои миллат ироа шуд, чунин бармеояд, ки то имрӯз аз 28 ҳазору 350 иншооти тибқи нақша пешбинигардида 10 ҳазору 500 иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба истифода супорида шудаанд, ки 37 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Дар натиҷа ҳамаи гӯшаву канори мамлакат то дурдасттарин маҳаллу деҳоти он хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ бартараф шуда истодаанд.
Ҳамчунин бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ҳоло корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар бомаром идома доранд.
Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ бо саъю талоши ватандӯстонаи мардуми заҳматқарини кишвар бозҳам Тоҷикистони азизу биҳиштосоямонро ба гулистон табдил медиҳем.
Ҳамчунин, бо ифтихор гуфтан мумкин аст, ки маҳз ба шарофати ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии мардуми кишвар, сарҷамъии аҳли ҷомеа, саъю талоши содиқона ва заҳмати фидокоронаи халқамон нуфузу обрӯи Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол таҳким ёфта истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳоло Тоҷикистони мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим эътироф гардидааст.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳамватанони азизи мо аз вазъи ҷаҳони пурмоҷарои имрӯза, мушкилоти рӯз ба рӯз афзояндаи сайёра, вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ хуб огоҳанд.
Дар чунин шароит ҷаҳони пурмоҷарои имрӯза, ҳамватанони азизи мо бояд дар ғафлат намонанд. ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи неъмати бузургтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, дастовардҳои таърихии халқамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошанд.
Бояд гуфт, ки сидқан дӯст доштани Ватан ва таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлати соҳибихтиёри тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин дар паёми имсола аз ҷониби Пешвои миллат чунин таъкид шуд, ки: “Мо бояд дар Соли нави мелодӣ ва солҳои дигар ба хотири таҳкими истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва густариши худшиносиву худогоҳӣ, боз ҳам баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишварамон сарҷамъу муттаҳид бошем, бештар заҳмат кашем ва тамоми кӯшишу ғайрати худро ба хотири иҷрои рисолати олии ватандорӣ, яъне обод кардани Ватан ва пешрафта гардонидани давлати тоҷикон сафарбар созем.
Мо бояд ободии Ватанамонро аз хонаву маҳалли зисти худ оғоз карда, кӯшиш намоем, ки дар ободии сарзамини аҷдодӣ, сарсабзу хуррам гардонидани он, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми худро гузорем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани тоҷиконро ба ҷаҳониён собит созем”.
Исоев Насимҷон - cармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ