Паём - қутбнамои миллат аст!

 

 

Тибқи  банди  4 - и Нақшаи чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, рӯзҳои 14 - 18 июли соли ҷорӣ сафари гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Марказ А. Холиқзода, кормандон А. Мирзозода, А. Қодирӣ ва Абдуллоев Н. ба ноҳияҳои Нуробод ва Сангвор анҷом дода шуд. 

 

Вохӯрӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдурраҳим, раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пӯлод, муовинони раис, мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳия, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони маҳалла, фаъолон, имомхатибон ва дигар қишрҳои ҷомеа баргузор гардид.

 

Нахуст раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон ташрифи ҳайати гурӯҳи кориро ба ноҳияи Нуробод хайра мақдам гуфта, салому паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланди ноҳияи Нурободро, ки санаи 12 - июли соли равон ба шаҳри Роғун сафар карда буданд, расонид. 

 

Мавсуф дар бораи иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, инчунин дар бораи тезонидани корҳои НБО - и " Роғун " сохтмони роҳҳои Оби Гарм - Нуробод ва дигар масъалаҳои мубрами ноҳия ибрози андеша карданд.

 

Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдурраҳим дар бораи иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, суҳбати муфассал намуд.

 

А. Холиқзода дар бораи дастоварду пешравиҳои ноҳияи Нуробод ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки бо вуҷуди ҳамаи пешрафту комёбиҳо дар ноҳия боз ҳам ҳастанд камбудиҳое, ки моро қонеъ карда наметавонанд.

 

Холиқзода Абдурраҳим дар бораи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, камбудии маводи озӯқаворӣ дар ҷаҳон ба хусус Тоҷикистон, таъсири ҷангҳои минтақа ба кишвари мо, таваҷҷӯҳи деҳқонон ба ҳар як ваҷаби замин, Ваҳдати миллӣ ва зурурати он дар Тоҷикистон, муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат, омӯзиши илмҳои дақиқ, туризм ва сайёҳӣ, илму маориф, экстремизму терроризм, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, аҳамияти мутолиаи китоби Бобоҷон Ғафуров дар тақвияти андешаи миллӣ, озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ, сафари ҳоҷиён ба Макка, дастгирии ятимону бепарасторон, бегонапарастӣ дар байни ҷомеа, Қонуни Ҷумҳурири Тоҷикистон ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон”, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” , ҷангҳои шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он, инчунин зиракии сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ шудан дар атрофи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбати самимӣ ва ошкоро намуд.

 

Дар фарҷом директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдурраҳим мардуми ноҳияи Нурободро бобати тарғибу ташвиқи таомҳои маҳаллӣ , пӯхтани кулчаву дигар намудаи таомҳои миллӣ, ваҳдату дӯстӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намуда, байни иштирокчиёни мулоқот саволу ҷавоб сурат гирифт.

 

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир 

Яндекс.Метрика