Рафиқон афсарон, прапоршикон, сержанту сарбозон,
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Имрўз аз таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 - сол пур мешавад.
Бояд қайд намуд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш аз тамоми санҷишҳои таърихӣ гузашта, дар таъмини сулҳу субот, амнияту оромӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар саҳми арзанда гузоштааст.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшрн таъкид намуданд “марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон таърих, фарҳанг ва дигар муққаддасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад”.
Марзбонон ва сарҳадчиёни мо бо эҳсоси масъулияти баланд дарк менамоянд, ки пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ки маҳз тавассути марзҳо ва сарҳадоти як кишвар ба вуқуъ мепавандад, яке аз роҳҳои таъмини зиндагии осоиштаи мардум мебошад.
Мо боварӣ ва итминони комил дорем, ки марзбонони кишвариимо бо хизмати содиқона ва шарофатндонаи хеш дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳу амният, ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, дахлнопазирии он, баланд бардоштани обрўю эхтибор ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми саъюу талош, қувваву таҷриба ва маҳораташонро сафарбар менамоянд.
Дар ин рўзи фархундаву муборак, бори дигар ҳамаи Шумо - сарҳадбонони шуҷоъу далер ва муҳофизони марзу буми кишварро ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, дар роҳи хизмати бошараф – ҳимояи марзҳои давлати соҳибихтиёрамон барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед ҳомиён ва марзбони кишвар!
Роҳбарияти
Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон