Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Милитсияи тоҷик, ки ҳамасола он 10 ноябр дар кишвар таҷлил мегардад, табрик менамояд.
Воқеан саҳми мақомоти милитсия дар пойдории оромиву суботи кишвар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муассир арзёбӣ гардида, хизматҳои фарзандони барӯманди меҳан ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумат қарор дорад.
Ҳар як корманди бо ору номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсти ин ниҳоди пурифтихор баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, пос доштани арзишҳои волои ватандорӣ, бахусус истиқлоли давлатӣ ҳамеша талош менамояд.
Бори дигар ба ҳар яки шумо Рӯзи Милитсияи тоҷик муборак бошад!
Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ