Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад, ки махсусан, дар ҳаёти мардуми Эроннажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.
“Парчам” воҷаи суғдӣ (“parcam”) аст, ки маънои “зулфу кокул” ва ҳамчунин “пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғаҷговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебистанд”. Ин воҷа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худуди дирафш низ гуфта шуд. “Дирафш” зери се модаи луғавӣ чунин маънидод шудааст:
ДИРАФШ I -олоти нӯгтези дастадоре, ки бештар мӯзадӯзон барои сӯрох кардани чарм ва гузаронидани сӯзан ба кор мебаранд, дарафш.
ДИРАФШ II – ки парчам, ливо, байрақ: дирафши ковиёӣ, дирафши сурх.
ДИРАФШ III– ки дурахш, дурахшидан, тобандагӣ, дурахшиш.
Ногуфта намонад, ки парчамҳои Тоҷикистон низ бо тақозои талабот ва сиёсати вақт давра ба давра иваз шудаанд, ки аслан аз парчами ИҶШС (СССР) гирифта шуда буданд, ки чунин шакл доштанд: Тоҷикистон 14-уми октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон бунёд шуд ва 16-уми октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд, ки парчам 23-юми феврали соли 1929 қабул шудааст. Бо ҷумҳури итиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва пазириши қонуни асосии нав парчам он низ дигар шуд ва ин дирафшро 25-уми феврали соли 1931 сохтаанд. 4-уми июли соли 1935 прчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ ҳамчун Ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2-юми марти соли 1992 бо бардоштани парчами Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, СанМарино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар бинои Созмон оғоз шуд, барои қазоқистон, қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон бардошта шуд.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст, ки тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 ба қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 892 тасдиқ шудааст.
Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид. Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ин парчам то абад пойдор бимонад.
Рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки онҳо маънои амиқ дорад: ранги сурх рамзи ҷоннисориҳои миллат барои озодӣ, ранги сафед бахту иқболи сафед, сулҳ ва оромӣ, ранги сабз бошад сарсабзии кишвар мебошад. Ин рангҳо ё бархе аз онҳо дар парчамҳои дигар кишварҳову сарзаминҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла Эрону Афғонистон ва Осетияу Курдистон низ ба кор рафтаанд. Ин рангҳоро дар ин парчамҳо чунин таъбир мекунанд, ки ранги сурх намоди озодӣ аст ва ранги сапед — намоди оромӣ ва ранги сабз — намоди ободӣ.
Имрӯз, шаҳрвандони Тоҷикистон ҷашни муҳими давлатӣ - Рӯзи парчамро баргузор мекунанд.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: - парчам таҷассумгари таърихи куҳан, фарҳанги баланд, анъана ва урфу одатҳои мардуми тоҷик мебошад.
Шокиров Умедҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ