ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ  ба шумор меравад қарор доранд. 
Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатии мо ба шумор рафта дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. 
Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар  он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои  зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин рамзҳои нахустини давлатӣ соҳибистиқлоламон - Парчам ва Нишон қабул карда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24-уми ноябрро рўзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
Парчами миллӣ имрўз тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чун рамзи давлатдории тоҷикон дар назди тамоми биноҳои мақомотҳои давлатӣ, намояндагиҳои корпуси дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, идораҳои давлатию маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои шаҳрвандон ва дигар ҷойҳо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.  
Мавҷудияти парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ дар муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муҳим аст. Ва имрўз баҳри ҳифзи ин рамзи давлатӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон сутуни парчам бо баландии 165 метр, паҳноии матои парчам  60 метр ва дарозии матои парчам 30 метр гузошта шудааст, ки бинандаро боз ҳам ба худшиносии миллӣ, худогоҳии комили инсонӣ водор мекунад. Баъди қабули ин рамзи давлатӣ ҳамкориҳои сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи васеи созмонҳои байналмилалӣ зиёд гардид. 
Парчами миллӣ айни замон дар мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳо, ҷашну маросимҳои давлатӣ, қабули роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, рамзи асосӣ ҳисоб мешавад.
Воқеан мардуми шарафманди Тоҷикистон нисбат ба рамзҳои давлатӣ аз ҷумла, Парчам ва Нишон эҳтироми хоса пайдо кардаанд. Мо аз расонаҳои хабарӣ хуб огоҳӣ дорем, ки варзишгарон, иштирокчиёни озмунҳои олимпӣ ва дигар чорабиниҳо бо эҳтироми хоса ба парчам ба майдон мебароянд. Воқеаҳои начандон дурро ёдовар шудан ба маврид аст. Рӯзҳои 19-уми сентябр то 8 октябри соли чорӣ варзишгарони мо дар бозиҳои Осиёӣ,ки дар шаҳри Ҳангжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гашт иштирок намуда, бо 7 медал, 2-тилло, 1- нуқра ва 4-биринҷ ба ватан баргаштанд. Янеъ 7 маротиба Парчами Тоҷикистон парафшонӣ шуд. Ҳангоми супоридани ҷоиза ва барафрохтани парчам ашки варзишгарон аз чашмонашон мерехт. Ин аст ҳисси ифтихори ватандорӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ. 
Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ҳамасола беш аз чор ҳазор шаҳрвадони ҷумҳуриро барои анҷом додани ҳаҷи фарзӣ ба шаҳрҳои Маккаи мукарама ва Мадинаи мунаввараи Мамлакати Арабистони Саудӣ сафарбар менамояд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ пеш аз сафар ба шаҳрвандон таъкид ба амал меорд, ки рамзи муқаддаси миллиро дар либосҳояшон дузанд. Инчунин, аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар меҳмонхонаҳое, ки ҳоҷиён дар он зиндагӣ мекунанд парчами ҷумҳурӣ афрохта шудааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як зиёраткунанда бо парчами худ ифтихори ватандорӣ мекунанд. 
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистони мо ҳам парчами худро дошт. Аммо дар он давра, он ба он шукӯҳу шаҳомате, ки мо имрӯз озодии комил дорем, ифода намекард. Тоҷикону точикистониён ба куҷое, ки сафар намекарданд, ё дар кадом мусобиқаи байналхалқие баромад намекарданд, парчами СССР-ро намояндагӣ доштанд. Имрӯз бошад, парчами мо тоҷикон дар тамоми дунё танҳо нишонаи сарзамини тоҷикон ва халқҳои Тоҷикистон мебошад.      
Парчам дар ҳақиқат рамзи иттиҳоду сарбаландӣ мебошад. Он ҳисси ифтихори ватандорӣ, шинохти миллӣ, соҳибдавлатию соҳибмулкии тамоми хурду бузурги мамлакат аст. 
Бинед ки, чӣ тавр миллату халқиятҳои гуногуни олам, ҳама соҳиби парчам буда, ба он эҳтиром мегузоранд. Бо парчамҳои худ ифтихор мекунанд. 
Халқиятҳое, ки асрҳои аср давлатдорӣ мекунанд ва имрӯз бо гузашти садсолаҳо хеле мустаҳкам ва пурқувват шудаанд, парчамҳои худро ба сифати рамзи муқаддас дар либосҳо ва таҷҳизоту асбобҳои техникӣ сабт карда, ба тамоми дунё паҳн месозанд, то ки онҳоро ҳамчун миллати пешрафта муаррифӣ намуда, ба ҷаҳониён шинос кунанд. 
Мардуми Тоҷикистон барои расидан ба ин рӯзҳои офтобии нек, ободию осудагӣ, парчамдорию Истиқлол бисёр роҳҳои душвору пурпечутобро паси сар намудаанд. 
Баъди ҳазор соли аз даст додани давлати миллиамон, яъне Давлати  Сомониён мо дубора соҳиби давлати миллӣ ва Парчами миллӣ гардидем. 
Ҳоло ҳам бисёр халқияту миллатҳое арзи ҳастӣ доранд, ки мехоҳанд соҳиби парчам ва давлати миллӣ бошанд. Вале, то имрӯз ба онҳо ин хушбахтӣ насиб накардааст. 
Аз ин рӯ, ҷашни Рӯзи Парчам агар аз як тараф барои мо ифтихори бузурги ватандорӣ ва соҳибистиқлолӣ бошад, аз тарафи дигар вақтест, ки мо ба қадри сарҷамъию ҳамдилӣ ва суботу осудагӣ расем. 
Китобҳои таърихӣ тасдиқ мекунанд, ки куҳантарин парчами тоҷикон парчаме бо номи “Дирафши Ковиён” ва ё ливо будааст. Маҳз гузаштагону аҷдодони мову Шумо ба дигар ҳалқу миллатҳо анъанаи парчамдорӣ ва ватандӯсториро омӯзонидаанд. Парчамдорӣ дар ҳақиқат эҷоди мардуми сарбаланди тоҷик ва мардумоне мебошад, ки дар заминҳои таърихии мову Шумо умр ба сар бурдаанд. 
Ҳамин суннатҳои аҷдодони мо сабаб шудааст, ки дар марҳилаҳои баъдии таърихӣ давлатҳо, қавму қабилаҳо ва ҳатто гурӯҳҳое барои худ парчам сохатанду рамзи иттиҳоду ягонагӣ ва сарҷамъӣ карданд.  
Парчами миллӣ  имрўз  ҳамчун  нишони азму иродаи устувори мардум  барои ободии  кишвари  зебоманзарамон ҳаммароми  «Дирафши Ковиён»-и  ва ё ливо аҷдоди ориётаборамон  бо тобиши  се ранг,  ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ,  ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон  бори дигар  аз мавҷудияти  тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ,  давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Имрўз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромонона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.
 
Ҳ.Шокиров - мутахассиси пешбари шуъбаи итиллоот ва ташхиси диншиносии Маркази ислошиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Яндекс.Метрика