Пажӯҳишгарон нусхаи хаттии «Девон»-и Туғрали Аҳрориро пайдо намуданд

Пажӯҳишгарони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз пайдо кардани нусхаи ягонаи дастнависи «Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, шоири маъруфи охири асри XIX- аввали асри XX хабар медиҳанд.

Тибқи иттилои Маркази мероси хаттӣ, ходимони шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигаҳдории мероси хаттии марказ зимни маъракаи омӯзиш ва ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ дар оғози соли 2023 чандин нусхаи хаттии нодир, аз ҷумла дастнависи нусхаи хаттии «Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрориро пайдо ва ташхиси аввалӣ карда, онро вориди «Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи академик А.Мирзоев»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намуданд.

Бояд гуфт, ки то кунун муҳаққиқон дар ҷустуҷӯи нусхаи дастнависи Туғрали Аҳрорӣ қарор доштанд, аммо онро пайдо накарда буданд. Бинобар ин нусхаи воридшуда ягона маҳсуб гашта, ҳеҷ намунаи осори хаттии дигари мансуб ба Туғрали Аҳрорӣ дар ягон маркази осори хаттии ҷаҳон мавҷуд намебошад.

Яке аз вазифаи асосии мутахассисони «Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев» пайдо намудани нусхаҳои қадимӣ, аз эҳтимоли нобудшавӣ наҷот додани онҳо, тармим, нигаҳдорӣ ва таҳия намудани осори ниёгон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдории осори хаттии ниёгон дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шароит ва имконоти зарурии моддӣ ва техникӣ муҳайё шуда, ба мақсади эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ таҳқиқ, таҳия ва оммавигардонии осори ниёгон бо маром ҷараён дорад.

 

Бознашр аз АМИТ «Ховар» ДУШАНБЕ, 27.02.2023 

Яндекс.Метрика