Осори Муҳамади Ғаззолӣ, ки аз хатти форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ ба ёдгор мондааст...
Аз Ғаззолӣ осори зиёде ба форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ ба ёдгор мондааст, ки онҳоро дар марҳалаҳои мухталифи зиндагиаш таълиф кардааст.
Теъдоди асарҳои ӯро аз 48 то 457 адад зикр кардаанд, вале бисёре аз онҳо шояд тақаллубӣ бошанд. Абдурраҳмони Бадавӣ дар «Муаллафоту-л-Ғаззолӣ» аз ин теъдод 72 номгӯйро қатъан моли Ғаззолӣ дониста, боқимондаро машкук хондааст.
Муҳимтарин таълифоти Ғаззолӣ «ал-Ваҷиз фи-л-фурӯъ», «ал-Иқтисод фи-л-эътиқод», «Илҳому-л-аъвом ан илми-л-калом», «Кимиёи саодат», «Мақосиду-л-фалосифа», «ал-Мунқиз мина-з-залол», «ал-Мустасфо», «ал-Мустазҳирӣ», «Насиҳату-л-мулук», «Таҳофуту-л-фалосифа», «Эҳёу улуми-д-дин» мебошанд.
Бахши умдаи ин таълифотро баҳсҳои ӯ бо машшоиён, исмоилиён (ботиниён) ва масеҳиён ташкил намуда, иддаи дигар ба илмҳои ахлоқ, фалсафа, мантиқ, усул, фиқҳ, сиёсат ва Ғаззолӣ марбутанд.
Гирдоварандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ