Аҳкоми “ Бисмиллоҳ” ҳангоми забҳи қурбонӣ
1.“Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” гуфтан пеш аз забҳ лозимӣ аст. Агар шахсе онро қасдан тарк кард, моли қурбониашро хўрдан дуруст нест ва ў гунаҳгор мешавад. Сураи “Анъом”, ояти 121
2. Агар шахсе фаромўшона “ Бисмиллоҳ”- ро тарк карда, ҷонварро забҳ кард, гўшти он мол ҳалол аст, метавонад аз он бихўрад. “Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.299«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 288.
3.Бисмиллоҳи валлоҳу акбар” бо “вов” ва “Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” бе “вов” , ҳарду лафз дар китобҳо ёфт мешавад ва ҳардуяш дуруст аст. Албатта, бе “вов” беҳтар аст. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 288. «Раддул-л- мухтор”,ҷ.6, саҳ.304;
4.Агар шахсе “Бисмиллоҳ” гуфта молро забҳ кард ва “ Аллоҳу акбар” нагуфт,ё“ Аллоҳу акбар” гуфта, “Бисмиллоҳ”-ро тарк кард, хўрдани гўшти ин гуна ҷонвар дуруст аст, вале ин кор хилофи суннат ва макрўҳ аст. “Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.301;«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 286;
5.Соҳиби қурбонӣ агар бо қассоб шарик шуд, яъне дасти қассоб ё кордро бо ҳамроҳии ў дошт, дар ин сурат, ҳар ду бояд “Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” гўянд, вагарна мол ҳалол ҳисоб намешавад.Аммо он шахсоне, ки дасту пои молро медоранд, аз барои онҳо “Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” гуфтан шарт аст. ;«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 304;
6.Агар касе ду ё се молро дар як вақт қурбонӣкардан хост, дуруст аст, вале барои ҳар як мол алоҳида“Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” гуфтан зарур аст. ;«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 288.
Суннатҳо ва одоби қурбонӣ
Беҳтар он аст, ки моли қурбониро соҳибаш забҳ кунад, зеро ҳамин суннат аст. “Саҳеҳ”-и Бухорӣ, ҳадиси 2143
Агар забҳ карда натавонад, дигар кас ҳам ин корро кунад, ҳеҷ боке надорадва қурбонияш ҷоиз мешавад. Нияти қурбониро ба дил ҳам кунад мешавад, ба забон овардан шарт нест. Суннат ин аст, ки шахси забҳкунанда рўяшро ба тарафи қибла гардонад. Бе узр таваҷҷўҳи қибларо тарк кунад, макрўҳ аст. ;«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 288.
Вақти забҳ “Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” гуфта, молро забҳ кунад. Баъди забҳ кардан ин дуоро хондан суннат аст.Беҳтар аст,ки дуоро бо ин алфоз бихонад: “Ай бор Худоё! Аз ман ин қурбониро қабул кун, ҳамчуноне ,ки қабул карда будӣаз ҳабибат Муҳаммад(с) ва халилатИброҳим(а)”. “Мишкоту-л-масобиҳ”ҷ.2, саҳ. 300-301; “Хулосатул фатово”.ҷ.4, саҳ.321;
Беҳтар он аст, ки молро чанд рўз пеш харида, онро хуб бихўронад. Шир ё пашми онро гирифтан ҷоиз нест. Агар шахсе саҳван ин корро кунад, ҳамон андоза бояд садақа кунад.
Агар ҷонварро чанд рўз пеш ба нияти қурбонӣгирифт ва ҳанўз айёми қурбонӣнаомада ба шир ё пашм гирифтани он ҳоҷате пеш омад, дар ин сурат, онро бигирад ва садақа кунад.
Кордро бояд хуб тез кард, ва як ҷонварро дар назди ҷонвари дигар набояд забҳ кард.
Н. Исоев - шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ