Об дар қатори нури офтоб, ҳаво ва хок асоси зиндагонист. Мардум беҳуда онро сарвати Худодод, обу ободонӣ намегӯянд ва обро муъҷизаи табиат ҳисоб мекунанд. Аз чор се ҳиссаи сатҳи кураи Заминро табақоти об ташкил медиҳад.
Об аз неъматҳои бузурги Худовандист, ки ягон мавҷудоти рӯи Замин бе вай зиста наметавонад. Бе об ҳаёт вуҷуд надорад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо чунин вазифа гузоштаанд: Об ганҷинаи табиат аст, онро муҳофизат кун ва азиз дор. Бо пешниҳоди Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон аз Созмони Миллали Муттаҳид соли 2003-ро “Соли оби тоза” эълон намуда, солҳои минбаъдаро, яъне солҳои 2005-2015 - ро Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт номидааст.
Инак солҳои 2018-2028 солҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” аст.
Бо пешниҳоди сарвари давлат баҳри беҳуда масраф накардани оби нӯшокӣ, эҳтиёт намудани он чораву тадбирҳо андешида мешаванд. Алҳол сарварони кишварҳо мекӯшанд ба насли ояндаи кураи Замин ин ганҷинаи бебаҳои табиатро ба шакли аслиаш ба мерос гузоранд.
Об инчунин сарчашмаи шифои беморон аст. Абӯали ибни Сино обро нигоҳдорандаи саломатӣ гуфтааст. Аз ҷиҳати миқдори чашмаҳои шифобахш Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳо дар ҷойи аввал меистад. Об сарчашмаи ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти рӯи Замин ба об эҳтиёҷ доранду аз он баҳра мегиранд.
Мо Тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешаванд ва онҳо на инки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд.
Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна хисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.
Мо дар ҳама ҷо бо ифтихор Тоҷикистонро сарчашмаи обҳои Осиёи Марказӣ мегӯем. Ва имрӯз мебояд мутобиқи ҳамин ифтихор аз он самаранок ва оқилона истифода барем. Захираҳои об ва тозагии онро ҳифз кунем, ба қадри дарё, кӯлу чашмаҳои худ бирасем.
Абдуллоҳи Қодирӣ