Яке аз идҳои қадимаи халқи тоҷик ин иди наврӯз баҳисоб меравад. Маънои калимаи наврӯз яъне ҷашн ва вожаи ҷашн дар фарҳанги мардуми тоҷику форс ба маънои рӯзи шодмонӣ истифода мешавад. Ҷашнгирии Наврӯз дар ҳамаи давру замон ба чашм мерасид ва хусусиятҳои хоси ҷаҳонӣ дошт. Мисол дар давраи Ҳахоманишиён, ҷашнгирии Наврӯз хислатҳои хоси худро дошт, ки подшоҳон бо як шукӯҳу шаҳомати бодабдаба ба тахти салтанат менишастаанд ва аз фармондорони вилоятҳо, ки бо худ барои тақдим ба подшоҳ ҳадяҳо меоварданд, бо хоҳиши том қабул мекарданд. Чунончи, аз тасвироти Кохи Оподоно дар Тахти Ҷамшед пайдост, ин ҳадяҳо аз аспу гов, гӯсфанду шутур ва ашёи пушиданӣ ва хӯрока иборат будаанд.
Мутобиқи сарчашмаҳои эронӣ нахустин бархӯрди мо бо Наврӯз дар ҳуҷҷатҳои таърихии аҳди салтанати Волоши аввали Ашконӣ боз мегардад. Волоши аввалро умуман поягузори асосии маросимҳои бисёри бостонӣ, аз он ҷумла маросими Сада меноманд. Навишта шудани қисматҳои Авесторо низ ба даврони ӯ нисбат медиҳанд. Мутаассифона, камбудии мадорики комил моро аз таҳқиқи муҳим оид ба таърихи ҷузъиёти баргузории Наврӯз дар даврони Ашконӣ маҳрум месозад. Дар давраи Сосониён маросими наврӯз бо якшукӯҳи тоза ҷашн гирифта мешуд.
Маросими Авестоӣ усулан ситоиши амшоспандон мебошад. Ясноҳо низ сурудҳое ҳастанд, ки барои ситоиши Митрову Аноҳито ва дигар амшоспандон навишта шудаанд. Калимаҳои “ҷашн” ва “ясно” аз як реша ҳастанд. Дар натиҷа дар бахшҳои қадимаи Авесто зикре аз ҷашнҳои Наврӯз, Чоршанбесурӣ, Сенздаҳбадар ва ё ҳатто Садаро дар даст надорем. Нахустин нишонаи Наврӯз дар Авесто дар фаргарди дуввум (Видюдот) ҳаст, ки зимни тавзеҳи зиндагии Еям (Ҷамшед) ба дастури баргузории Наврӯз низ ишора шудааст. Ин ривоятро Фирдавсӣ низ дар “Шоҳнома” зикр мекунад.
Аммо Ванюдот аз ҷадидтарин бахшҳои Авесто мебошад, ки бо эҳтимоли зиёд дар даврони Сосониён навишта ё дар он даврон бознависӣ шудааст. Зикр бояд кард, ки бисёре аз русумоти зардуштии Сосониён ба ин китоб ворид шудааст.
Дар Бобулистон иди Наврӯз ба ҳайси авввали соли баҳор ҷашн гирифта мешуд. Дар рӯзи оғози баҳор подшоҳ ба сӯи маъбади Мардук (Худои Бобул) мерафт ва бо ба даст гирифтани дастҳои ин Худо ҳимояти ӯро аз салтанати худ нишон медод. Баъд аз иҷрои ин маросим подшоҳ ба қаср бармегашт ва ба ходимону надимон ва раият дастуру зиёфат медод. Ҳар касе мехост, метавонист ба мулоқоти подшоҳ биёяд.
Аҳамияти ин маросим то он дараҷае баланд буд, ки баъд аз тасхири Бобул тавассути Куруш ва ҳатто то замони Ҳашиёршоҳ ҳам ин маросим ҳамасола доир мегардид. Поёни афсонаҳои Бобулӣ дар рӯзи 13-уми баҳор (ки аввалин бор рақами 13 дар афсонаҳои Бобулӣ бо унвони адади бад шинохта шудааст) бо рафтани ҳамаи аҳолии шаҳр, аз он ҷумла подшоҳ ба даштҳои хориҷи шаҳр эълон карда мешуд. Наврӯз дар тӯли таърих ҳамеша ба унвони ҷашни муттаҳитдкунанда ва бидуни вобастагиҳои нажодӣ, забонӣ ва динӣ матраҳ будааст. Наврӯз рӯзи миллӣ ва ҷашни ҳамаи онҳоест, ки таъриху фарҳангӣ муштарак доранд, аз он ҷумла рӯзи миллӣ ва ҷашни тоҷикон, афғонҳо, курдҳо ва сокинони сарзаминҳое, ки дар тӯли қарнҳо бо номҳои гуногун Шоҳаншоҳии Эрон ё худ Хуросони Бузургро ташкил додаанд. Дар баробари ин, дар тӯли таърихи дуру дароз Наврӯз рӯзи миллии ҳамаи мардумоне гардидааст, ки аз кӯҳҳои Помири Бадахшон то интиҳои кӯҳҳои Курдистони Сурия ва аз Қафқоз то руди Синд ва минтақаҳои халиҷи Форс сукунат доранд. Вале ҳар кадоме аз миллатҳои мухталифи дар ин иқлимҳо сукунатдошта маросими хоси худро барои ҷашн гирифтани Наврӯз доранд. Сарфи назар аз ин, ҳамаи онҳо ин ҷашнро бо забони соҳибони аслиаш “Наврӯз” меноманд ва фаро расидани онро ҳамчун рӯзи аввали баҳор мешиносанд.
Ҷашнгири наврӯз дар даврони ислом низ ба чашм мерасад: “Мардуми араб иди Наврӯз ва Меҳргонро аз замони қадим ҳамчун ҷашнҳои мардуми Аҷам мешинохтанд. Бо сабаби он ки Наврӯз оғози солшумории хуршедӣ ва ҷамъоварии молиёт барои хазинаи давлатҳо буд, яке аз сабабҳои мондагории Наврӯз дар кишварҳои исломӣ шуд. Дар замони давлатдории Оли Муовия (661-750 м.) дар рӯзи Наврӯз аз тамом манотиқи Хилофат то 2 млн. дирҳам ҳадя оварда мешуд, ки ин молиёт сабаби густариш ва мондагории Наврӯз дар аҳди Хилофати Араб ва дигар кишварҳои исломӣ мебошад.
Дар замони хилофати Аббосиён (750-1258) дар пойтахти давлат шаҳри Бағдод (Ин шаҳр ба ҷойи шаҳри бошукӯҳи ба дасти арабҳо тахрибгаштаи Тайсафун-Мадоини Сосонӣ бо заковату матонати мардуми эронитабор азнав сохта шуд. А.Б.) афрӯхтани оташ ва обпошӣ одат будааст, ки дар рӯзи ҷашни Наврӯз ҳатто ба муҳтасибон-назораткунандагони ахлоқи ҷомеа обпошӣ мекардаанд. Сабаби нуфуз пайдо кардани Наврӯз ва дар маҷмӯъ фарҳанги мардуми Аҷам (тоҷику эронӣ) дар замони Хилофати Аббосиён ҷалб шудани намояндагон хонадонҳои ориётабори Бармакиёни Балх, Ковусҳои Истаравшан ва баъдан Тоҳириёни Хуросон буд. Ҳамзамон, фарзандони халифаи Бағдод Ҳорунаррашид Амин ва Маъмун ва халифаҳои баъдии ин хонадон аз тарафи авлоди модариашон хуни ориёӣ доштанд”. [11].
Дар Эрон ва Афғонистон Наврӯз оғози соли расмии кишвар аст. Дар баъзе ҷойҳо низ бо вуҷуди расмӣ набудани ин маросим, ҳар сол шумораи зиёди мардум ин ҷашнро баргузор мекунанд. Мисли Сурия, ки ҷашни Наврӯз дар зиндагии курдҳои он кишвар ба эҳтиром ва мақоми вижае бархурдор аст. Ҷашни имрӯзаи Наврӯз яке аз ҷашнҳои бунёдии Осиё шинохта мешавад. Наврӯз дар нӯҳ кишвари Осиё – Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркия бо ҳамин ном таътили расмист.
Садриддин Айнӣ дар бораи баргузории ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон менависад, ки бо сабаби аввали баҳор, вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо рост омадани ин ид табиати инсон ҳам ба ҳаракат медарояд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон мегӯянд: “ҳамал ҳама чиз дар амал”. Дар ҳақиқат, ин ид ба ҳаракат даромадани кишту кор ва дигар соҳаҳои заминдорию кишоварзӣ, ки инсонро сер мекунад, сабабгори бардавом зистани ӯ мешавад.
Мардуми Тоҷикистон дар айёми иди Наврӯз хонаро чунон тозаю озода мекунанд, ки гарде аз соли кӯҳна боқӣ намонад. Дар ин сарзамин пухтани суманак, қалама, кулча ва хӯроку таомҳои гуногуни лазизу хуштамъи хоса ба иди Наврӯзӣ ҷузъҳои расму русуми ин айём аст. Ҳамчунин баргузории мусобиқот аз қабили гӯштингирӣ ва бузкашӣ низ дар ин айём аз ҷумлаи анъанаи қадимаи наврӯзист. Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид байни кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия ва Туркманистон мебошад, ки Наврӯзро дар сатҳи миллӣ ҷашн мегиранд, омода шуда, мавриди ҳимояти умумии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифта буд, ба тасвиб расид. Наврӯз танҳо муаррифии як рӯз дар тақвим нест, балки фарҳанги амиқ ва решадор аст, ки бо тамоми одоб ва суннати худ ҳамасола умеду шодмониро барои инсонҳо дар саросари курраи Замин ба армуғон меоварад.
Наврӯз бузургдошти решаҳо, арзишҳои инсониро ҳифз ва мунтақил сохтааст. Манотиқе, ки дар он ҷашни Наврӯз бо сабкҳо ва шаклҳои гуногун баргузор мешаванд, танҳо бо чанд кишвари минтақа маҳдуд намешавад. Имрӯза Наврӯзро дар Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёна, Қафқоз, нимҷазираи Балкан, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва нуктаҳои дигари ҷаҳон гиромӣ медоранд. Дар воқеъ, ҷуғрофияи Наврӯз бо номи Наврӯз ё мушобеҳи он саросари Ховари Миёна, Балкан, Қазоқистон, Тотористон, Бошқирдистон, Туркистони Чин, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Непал, Тибет ва ҳатто Америкаи Шимолӣ шомил мешаванд. Ҷашнҳои шабеҳи ҷашни Наврӯз дар ин кишварҳо низ баргузор мешаванд. Боиси хушнудист, ки дар таърихи 30 моҳи марти соли 2010 Порлумони федералии Канада аввалин рӯзи баҳори сол — 21-уми мартро бо унвони Наврӯз номгузорӣ кард. Акнун дар ин мамлакат минбаъд ҳамасола иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
Боварии комил бар он дорем, ки ҷуғрофияи фарогирии иди Наврӯз дар Шарқу Ғарб ва Ҷанубу Шимоли курраи Замин то чанде васеътар доман паҳн мекунад ва он вақт дур нест, ки Наврӯз аз ҷумлаи идҳои дӯстдоштатарини мардуми Сайёра хоҳад шуд. Зимни ин гуфтаҳо ифтихор аз он дорем, ки яке аз нишонаҳои гуворотарин ва башардӯсттарин аз тамаддуни мардуми тоҷику форс, ки Наврӯз мебошад, имрӯз беш аз пеш ба рӯзғори мардуми ҷаҳон ворид гардида, чун дар ҳазорсолаҳои қаблӣ нақши муттаҳидсозӣ, таҳкими дӯстию бародарӣ ва ҳамбастагии ҷомеаю табиатро иҷро хоҳад кард.
Адабиёти истифодашуда:
1.М. Элназаров, Ш. Амирхонов, П. Давлатов. “Фалсафаи худшиносии миллӣ”.- Душанбе: Сино, 2019-196 с.
2.Эмомалӣ Раҳмон. “Ориёнҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”.-душанбе: Ирфон, 2006-35 с.
3.Комилов Рустам. “Фалсафаи тоҷик аз аҳди бостон то ба имрӯз”.-Душанбе: Ирфон, 2011-303 с.
4.Раҳмонов Э. Ш. “Тоҷикон дар оинаи таърих”: Аз Ориён то Сомониён. -Лондон, 1999-240 с.
5.Ҳазратқулов М. “Эътиқоду анъанаҳои Бостонии Аҷам”.
6.А. Берунӣ. Осор –ул-боқия, с. 1990, “Ирфон”, с. 285.
Фотимаи Ш – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ.