Нақши фақеҳ Абубакр Муҳаммад ибни Ямони Самарқандӣ дар ташаккул ва рушди мактаби ҳанафия дар ҳавзаи Мовароуннаҳр

Новобаста ба дастрас набудани манбаъҳои илмӣ доир ба хусусиёти воқеии Мовароуннаҳр дар асри 9 баъзе сарчашмаҳое вуҷуд доранд, ки онҳо метавонанд ба масъалаҳои илми калом, ҳадис ва фиқҳ равшанӣ андозанд. 
 
Дар ин самт метавон аз осори Абубакр Муҳаммад ибни Ямони Самарқандӣ ном бурд, ки онҳо иникосдиҳандаи тасвири ҳолати мавҷудаи асри 9 ва фазои ҳуқуқии минтақа мебошанд. Ў албатта, чунин олими бузургу шинохтаи фикҳ набуд, ки тамоми насли оянда ўро ҳамчун устоди худ қабул карда бошанд, лекин вай ҳамчун олими ҳанафӣ дар ҷомеаи ҳамондавраи Мовароунннаҳр ҷову мақоми хосси худро дошт.
 
Абубакр Муҳаммад ибни Ямони Самарқандӣ дар соли 881 м. (268ҳ) вафот кардааст ва чи тавре, ки аз номаш меравад, вай ҳаёти худро дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд, ки маркази илмӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳр маҳсуб мегашт, гузаронидааст.
 
Дар фарқият аз ҳамасрони Самаркандиаш аз ў то замон мо номгӯи зиёди дастнависҳо расидаанд. Дар хусуси китоби аввалини ӯ таҳти унвони Китобу-л-Анвор  ҳеҷ кас ягон маълумоте надодааст. Доир ба Китобу-л- Эътисом  –и вай танҳо як масъала маълум аст, ки ин асар ба ҳадис бахшида шудааст. 
 
Асари дигари Абубакр Муҳаммад ибни Ямони Самарқандӣ таҳти унвони Китобу-р-Рад ала-л-карромия низ то замони мо омада нарасидааст.  Лекин чи тавре, ки аз номи он бармеояд, дар он муфаккир дар радди андешаҳо ва таълимоти карромия даст задааст. 
 
Қобили зикр аст, ки мактаби карромиҳо дар замони ў хеле маъруф гардида, таълифоти ҷонибдорони он қариб дар саросари хилофати Аббосиён маълуму машҳур буданд. Ба қавли баъзе сарчашмаҳо тахмин меравад, ки вай дар ин асари худ дар чаҳорчубаи илми калом баъзе далелу баёнияҳои ҷолиб овардааст. Болотар аз ин чунин тарзи инкор кардани карромиҳо, ки дар ин асар омадааст, ягона матне дар асри 9 мебошад, ки ба он дар қарнҳои баъдӣ низ муроҷиат мекарданд. 
 
Дар баробари ин, сарчашмаҳо боз як матни дигаре, таҳти унвони Маолим-д-Дин ки бо қалами Абубакр Муҳаммад ибни Ямони Самарқандӣ тааллуқ дорад ва он то замони мо дар шакли дастнавис дар ҳаҷми 365 варақ, ки таърихаш соли 804 мелоди муқаррар гаштааст, расидааст. 
 
Шиносоӣ бо ин дастнавис нишон медиҳад, ки мавзӯи меҳварии вай дар атрофи масоили фиқҳӣ буда, дар бораи калом ё илоҳиётшиносӣ чизе нагуфтааст, вале вобаста ба ин китоби мазкур ҳамчун як кори илмии асри 9 оид ба масъалаҳои фиқҳ манбаи хеле пурарзиш мебошад.
 
Наботов М. А. - сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ
Яндекс.Метрика