НАҚШИ МЕҲВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Солҳои 90-уми асри ХХ, барои Тоҷикистон давраи мураккаби бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ маҳсуб мегардад. Дар ин давра, аз як тараф мухолифату муборизаҳои шадид байни неруҳои сиёсӣ дар кишвар идома дошт. Аз тарафи дигар бошад, ғояи ризоияти миллӣ байни қувваҳои мухолиф дастгирӣ меёфт.
Метавон қайд намуд, ки ин давраи инкишофи ҷамъиятӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи озмоишӣ буд. Дар ин шароити мураккаб ва душвор барои Тоҷикистон сарвар ва ташкилотчие зарур буд, ки тавонад халқро муттаҳид намуда, ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшад. Чӣ тавре, ки коршиносони соҳа қайд менамоянд, маҳз дар ҳамин давра ғояи ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ташаккул ва инкишоф ёфта, заминаҳои ташаккули сарвари сиёсии нав дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда шудааст, ки дар коркард ва амалӣ намудани тафаккури нави сиёсӣ саҳми арзанда гузошта, бо ҷасорат ва қатъият роҳи барқарор намудани ризоияти миллиро дар сарзамини тоҷикон пеш гирифтааст.
Ҳамин тариқ, метавон қайд намуд, ки дар натиҷаи ризоияти миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ ташаккул ёфтааст. Дар асоси саҳми худ дар инкишофи ҷомеа, мустаҳкам намудани арзишҳои асосии ҷамъиятӣ, таъмини интегратсияи унсурҳои асосии инкишофи ҷамъиятӣ, сиёсатмадори алоҳида ё мансабдори зинаи болоӣ метавонад обрӯю эътибори хоссаеро ба даст оварда, сарвари сиёсӣ гардад. Ҳамин тариқ, дар адабиёти сиёсӣ ақидаҳои мухталифи ташаккул ва инкишофи сарварони сиёсӣ ҷой дорад, ки дар доираи онҳо чунин мавқеъ бартарӣ дорад, ки барои ташаккули сарвари сиёсӣ як қатор ҷиҳатҳои характер муҳим мебошанд.
Якум, ин сатҳи ворид шудан ба образи сарвар, қабул намудани нутқ, рафтор, услуби худнигоҳдорӣ аст, яъне ба сиёсатмадор зарур аст, ки ӯ худро ҳамчун сарвар нишон диҳад, рафтор, баромадҳо, нутқ ва ғояҳои ӯ бояд намунавӣ бошанд ва ба рафтори дигар одамон таъсир расонанд.
Қайд намудан зарур аст, ки қадамҳои аввалини роҳбари давлат шаҳодати он буданд, ки дар амалҳояшон на мантиқи зиддияту мухолифат, балки муттаҳиднамоӣ ва мақсади солим ҷой дорад. Раиси нави Шӯрои Олӣ худро ҳамчун сиёсатмадори уҳдабаро ва ояндабин нишон дод.
Дуюм, ин сатҳи ташаббускории сарвар, самтгирии ӯ нисбати дурнамо, амалӣ намудани ақидаҳо мебошад.Тавре муаллифони зиёд қайд менамоянд, дар чунин ҳолат шуҳрати сиёсатмадор имкониятҳои ӯро ба муваффақият бештар мегардонад. Лекин, тавре ки таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ташаббуси сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он рӯзҳо дар кишвар на он қадар машҳур буданд, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба итмом расид. Метавон қайд намуд, ки раванди ташаккули Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии умумимиллӣ дар Тоҷикистон аз сессияи таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз мегардад. Баъд аз оне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб мешаванд, бо ташаббусашон раванди ризоияти миллӣ оғоз мегардад.
Сеюм, ин аз худ намудани ташаббуси сиёсатмадор аз ҷониби аҳолӣ, ки дар раванди он нақши ҳалкунандаро иттилоотдиҳии саривақтӣ ва чандинкаратаи аҳолӣ оиди ташаббусҳо, баҳогузории воқеӣ ва натиҷаи амалӣ намудани ташаббусҳои сиёсатмадор мебозад.
Чорум, ин муайян намудани шакл ва воситаҳои дастгирӣ намудани сиёсатмадор аз тарафи аҳолӣ ва гурӯҳҳои сиёсии рағбатдошта, яъне то чӣ андоза ташаббус ва амалӣ намудани ғояи сиёсатмадор аз тарафи аҳолӣ ва неруҳои сиёсии дар кишвар амалкунанда дастгирӣ меёбад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба изҳор намуданд, ки «то он даме, ки мо сулҳ ва оромиро дар хонаи худ барқарор накунем, то он даме ки яроқҳоро нагузорем ва ба меҳнати созандагӣ оғоз набахшем, ҳеҷ як қувва аз берун наметавонад, ки вазъияти моро беҳтар намояд. Биёед гунаҳкорнамоии тарафайнро хотима бахшем, тамоми ҷиҳатҳои манфии гузаштаро фаромӯш созем, яроқҳоро гузорем, ҳамчун бародар дасти якдигар гирем ва ба меҳнати созандаи осоишта оғоз намоем» Қайд намудан зарур аст, ки дар баромадҳои дохилӣ ва хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафҳумҳои сулҳ ва ризоият дар Тоҷикистон дар тамоми маҳалҳо аз тарафи мардум дастгирӣ меёфт.
Ҳамин тариқ, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ризоияти миллӣ аз тарафи аксарияти аҳолӣ дастгирӣ карда мешуд. Ба даст овардани ризоияти шаҳрвандӣ дар кишвар танҳо дар асоси интихоби як қатор воситаҳо ва роҳҳо имконпазир буд. Якум, зарур буд, ки фазои зиддият ва душманӣ байни тарафҳои мухолиф бартараф карда шавад ва бунёди фазои боварӣ ва якдигарфаҳмӣ таъмин карда шавад. Дуюм, муносибати ҳаматарафа дар фаъолият дар ҳолати ҳалли моҷаро, ки метавонист раванди бадастории ризоияти умумиро дар кишвар тезонад.
Ҳамин тариқ, дар амалӣ намудани ризоияти миллӣ нақши Раиси Шӯрои Олӣ, сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Дар асоси фаъолияти самараноки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани анъанаҳои давлатдории демокративу дунявӣ дар Тоҷикистон дар охири асри ХХ ва мустаҳкам намудани Истиқлоли давлатӣ имконпазир гардид, ки бебозгашт буда, ба инкишофи давлат ва боло рафтани эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ мусоидат намудааст.
Хулоса дар як муддати кӯтоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуву омоли халқро таҷассум намуданд. Тамоми қувва ва қудрати худро баҳри қатъ намудани ҷанги таҳмилӣ ва бадаст овардани сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ эҳтироми аҳолиро ба даст оварданд.
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика