НАҚШИ ЗАН-МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ШОИСТАИ ФАРЗАНДОН ДАР РӮҲИЯИ ВАТНДӮСТИВУ ХЕШТАНШИНОСӢ ВА ПЕШГИРӢ АЗ ХУРОФОТУ ҶАҲОЛАТ

Мо дар арафаи Иди модарон қарор дорем. Иде, ки барои ҳамаи мо муқаддас аст, зеро модар барои ҳар кас, новобаста аз ранги пӯст ва гуногунии забон, маҳбубтарин калима аст. Ҳақиқатан, модар ягона шахсест, ки то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар фикри фарзанд аст, агар зарур бошад, баҳри наҷоти фарзанд бе фикру андеша худро фидо мекунад. Модар, гавҳараки дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани мост. Аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддиву маънавӣ моро бархӯрдор ва комгор гардонидааст. Дар роҳи тарбияи фарзанд чӣ ранҷҳову заҳматҳо кашидааст. Аксари лаззатҳо ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардааст. 
 
Модарон ба мисоли мактабанд. Дар ҳақиқат модар барои фарзанд ҳам мактаб аст, ҳам муаллим. Шахсиятест, ки лоиқу сазовори эҳтиром аст. Ҳар кас ҳурмати модарро ба ҷо орад, ба мақому манзалати баланд сазовор мегардад.
 
Дар ин раванд ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода мешавад. 
 
Имрӯз занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
 
Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба масъалаи бузургдошти мақоми занону бонувон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, чунин фармуданд: 
«Зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.
 
Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.
 
Дар васфи манзалати модар дар китоби «Симои Имоми Аъзам»-и Шиблии Нуъмонӣ омада:
Падари бузургвори Имом Абӯҳанифа қабл аз расидани Имом ба синни булуғ вафот карда буд, аммо модари гиромии эшон то муддати тӯлонӣ дар қайди ҳаёт буд. Ва мавқеияти хидмати модар барои эшон фароҳам гардид. Имом Абӯҳанифа ин фурсати тиллоиро ғанимат шумурда, бо тамоми вуҷуд машғули хидмат шуд. Модари Абӯҳанифа монанди умуми занон ба воизони достонсаро ва ақволашон бештар эътимод дошт. Дар Кӯфа воизе бо номи Амр ибни Зар зиндагӣ мекард, ки модари Имом Абӯҳанифа ба ӯ хеле эътимод ва эътиқод пайдо карда буд. Ва ҳар масъалаеро, ки барояш пеш меомад, ба Имом дастур медод, то аз Амр ибни Зар истифто кунад. Имом низ тибқи дастури модар назди Амр мерафт ва ҷавобро ҷӯё мешуд. Аммо Амр маъзаратхоҳӣ мекард ва мегуфт: «Чӣ гуна метавонам дар ҳузури Шумо лабкушоӣ кунам? Имом Абӯҳанифа (р) изҳор медошт: «Модарам маро чунин дастур додааст». Дар аксар авқот Амр ҷавоби масоилро намедонист ва аз Имом Абӯҳанифа дархост мекард, то ҷавоби масъаларо бигӯяд ва ӯ аз забони Имом ҷавобро такрор мекард.
 
Боре ҳокими вақт Ибни Ҳубайра, Имом Абӯҳанифаро барои қозӣ шудан даъват намуд ва эшон ин пешниҳодро қабул накарданд. Бар асари он Имом Абӯҳанифаро шаллоқ заданд. Модари Имом зинда буд ва бисёр нигарон шуд. Имом Абӯҳанифа мефармуд: «Аз ин шиканҷа нороҳат нестам, вале аз ин ки модарам аз ин масъала ғамгин мешавад, нороҳат ҳастам».
 
Ҳамчунин, ривоят аст, ки Султон Увайси Қаранӣ модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷӯи шир дар маҳаллаҳо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хоҳад, пиёла дар даст, то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хӯрда, дар ҳаққи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост.
 
Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.
 
Ин иқдом бо мақсади дар сатҳи баробар қарор додани занону мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, илму маориф, тандурустӣ, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ карда мешавад. Зеро зан-модари тоҷик дурри гаронбаҳоест, ки агар суфта шавад, гавҳари ноёб мегардад».
 
Дар баробари фазилати мақоми падару модар, дар назди онҳо вазифаи пурмасъулият низ истодааст. Ин тарбияи шоистаи фарзандон аст. Шариат аз онҳо сабру таҳаммул, бурдборӣ ва заҳмату талоши пайвастаро ҷиҳати тарбияи солими фарзандон тақозо дорад. Мутаассифона, баъзе падару модарон ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир накарда, ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, ки оқибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсӯс ки пушаймонӣ суде надорад.
 
Дар тарбияи шоистаи фарзандон мо ҳаргиз бояд бетараф набошем! Нагузорем, ки фарзандони мо хурофотпараст ва ифротгаро шаванд, нагузорем, ки шахсони тасодуфӣ ба мафкураи фарзандони мо ақидаҳои экстремистиро ҷойгир намуда, онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд. 
 
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.
 
Пешвои муаззами миллат насли ҷавонро ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мешуморанд. Аз ин рӯ, дар Паёми худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, вобаста ба ватандӯсту ватанпарвар будан, омодагӣ дар мубориза бар зидди хавфу хатарҳо, омӯзиши илму дониш ва дурӣ аз хурофоту ҷаҳолат ба ҷавонон таъкидҳои падарона намуданд.
 
Таъкид гардид, ки “ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.
 
Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд”.
 
Сарвари давлат ба масъалаи хурофот ва хурофотпарастӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, зарари онро барои ҷомеа ва махсусан ҷавонон таъкид менамоянд. Пешвои муаззами миллат сароҳатан иброз намуданд, ки «бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷое намерасад. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад.
 
Бинобар ин, падару модарон барои ҳифзи фарзандон аз хурофоту ҷаҳолат бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.
Зеро ташкилотҳои ифротӣ аз ғафлати мову шумо моҳирона истифода бурда, фарзандонамонро ба сӯи хурофоту ифротгароӣ мекашанд. Оқибатҳои талхи чунин ғафлатро як маротиба халқи тоҷик чашида буд, ки то абад барои мову шумо дарс аст.
 
Ҳақиқатан давлати мо ба ҷавонон - нерӯи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунад ва бовар дорад, ки ҷавонон аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароянд.
 
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонони бонангу номусро лозим аст, ки аз ин ҳама имкониятҳои мусоид самаранок истифода баранду тамоми ҳастии хешро баҳри омӯхтани илму дониш ва ҳунарҳои гуногун равона созанд. Ҳунару касб омӯзанд ва ҳамчун ояндагони ин меҳани биҳиштосо саҳми арзандаи худро дар рушду нумӯи ин сарзамин гузоранд.  
 
Дар ин раванд падару модарон бояд ба таълим ва тарбияи фарзандони худ диқкати ҷиддӣ зоҳир намоянд, онҳоро аз корҳои бад боздошта, ба сӯи илму маърифат роҳнамоӣ кунанд, зеро таълиму тарбияи фарзандон, боздоштан аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо вазифаи муқаддаси падару модарон аст.
 
Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо бояд ба қадри неъмати бебеаҳо – амният ва сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзу ҳимояи Ватани азиз ҳарис бошем, зеро дӯст доштани ватан,  ҳимояи марзу буми Ватан фарз аст. Мо аз тоҷик будани худ ифтихор дорем ва бо ҷону дил истиқлоли Ватани азизро ҳифз менамоем! 
 
А.Ваҳобзода - муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика