НАҚШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ГУСТАРИШИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ

Донишмандони илми антропология (инсоншиносӣ) ва ҷомеашиносӣ дар ин ақида мебошанд, ки дар ҷаҳон инсоният аз оғози пайдоиш ва зиндагии минбаъдаи худ дар мушорикат, омезиш ва доду гирифти ҳамешагӣ бо ҳамдигар умр ба сар бурдааст. Ин ҳамзистии инсонҳо дар замони муосир, ки ҳодисаҳои мудҳиши экологӣ ва фарҳангӣ бо ў даст ба гиребон шудаанд, аз ҳарвақта дида бештар зарур гаштааст.
Забон чун падидаи иҷтимоие, ки вазифаи он таъмини муошират байни одамон мебошад, дар ин росто истисно нест, зеро вай ҳамеша бо ҷомеаи башарӣ ҳамқадам буда, тағйироти он, хоҳ мусбат бошанд, хоҳ манфӣ, ба забон таъсири чашмрас мегузоранд. Чунон ки фонди луғавии ҳар як забон шаҳодат медиҳад, вай шоҳиди зиндаи машғулиятҳо, сатҳ ва дараҷаи маълумотнокӣ, тарзи зиндагии ҳаррўза ва алоқаҳои ў бо халқҳои дигар ва дар баъзе ҳолатҳо шоҳиди ягонаи ҳаёти гузаштаи халқҳост. 
Забон чун воситаи муошират ва якдигарфаҳмӣ ба ҳамаи қонуну қоидаҳое тобеъ мебошад, ки худи инсон аз онҳо вобаста аст, яъне забон низ давраи пайдоиш, тараққӣ ва камолот дорад. Ҳоли бисёре аз забонҳои қадим чунин будааст, зеро бисёре аз ин забонҳо дар даврони қадим пайдо шуда, инкишоф ёфта, ба марҳилаи камолот расидаанд ва сипас ба дар зери таъсири ҳодисаҳои таърихӣ ба инҳитот ва нобудӣ рў ба рў шуда, аз миён рафта, ҷойи худро ба забонҳои қудратмандтар додаанд. 
«Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки ҳар як миллат ва давлати миллӣ бо доштани забони миллии худ устувор ва пойдор мемонад. Дар таърих мардумоне, ки аз худ осор ва тамаддуни бузург ба мерос гузоштанд, кам нестанд. Аммо бештари ин мардумони соҳибтамаддун ва соҳибдавлат имрӯз бо номи қавму миллати хеш дигар вуҷуд надоранд ва бо иллати аз даст додани рӯҳи миллии хеш, яъне забони модарӣ аз саҳифаи таърих хориҷ шудаанд. Аз ин воқеияти таърих метавон чунин хулоса кард, ки маҳви забон дер ё зуд сабабгори маҳви миллатҳо ва мардумони соҳибзабон мегардад. Ин панди таърих дар замони муосир бо хатарҳои раванди ҷаҳонишавӣ барои аксарияти миллатҳо ва халқиятҳои хурду бузурги сайёра низ омӯзанда мебошад. Бинобар ин, ҳар як давлат дар дифои арзишҳои миллӣ, бахусус забон масъулияти волои таърихӣ дорад» (Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон. – С. 45). 
Ин андешаҳо шаҳодати он аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадими ҷаҳон дар пешрафти илму фарҳанги ҷаҳонӣ аз ҷумла тамаддун ва фарҳанги исломӣ нақши арзанда бозида аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, хело ба маврид таъкид намуданд, ки «.... тоҷикон дар давоми асрҳои зиёд пайваста дар таҳаввулу инкишофи тамаддун ва фарҳанги исломӣ саҳми бузург гузоштаанд. Шинохти комили таърихи ислом бе омӯзиш ва баҳои муносиб додан ба нақши махсуси тоҷикон аз имкон берун аст. Аз ин ҷиҳат, исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост» (Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 8 сентябри соли 2008).
Дар дарози таърих адабиёти оламшумули классикии тоҷик ҳамчун меъёри иҷтимоӣ дар тарбияи ахлоқӣ ва тарғиби тамаддун ва фарҳанги исломӣ нақши калидиро ба иҷро расонидааст. Барои ба ин шӯҳрату мартаба расидани он фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ба мисли устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Бедилу Аҳмади Дониш ва ҳазорон нафари дигар хизмати таърихӣ карда, бо осори ҷовидона ва пурарзиши адабиву илмии худ тавоноии ин забони шаҳдборро ба ҷаҳониён исбот намудаанд. Забони мо дар тӯли таърих ҳамчун забони робита ва муколамаи тамаддунҳову фарҳангҳои гуногун нақши арзишманд доштааст. Инчунин забони тоҷикӣ ҳамчун забони тарҷумаву тафсири китоби Қуръон пазируфта шудааст, ки ин худ далели шинохт, эътироф ва мартабаи бузурги забони тоҷикӣ дар ҷаҳони ислом мебошад.
Ҳамчунин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм дар тӯли қарнҳо шуҳрати ҷаҳонӣ гирифтан гуфтааст: «Забони мо дар мақоми забони илм низ таҷрибаи тӯлонӣ дорад, ки инро осори илмии гузаштаи мо бо он ҳама шӯҳрату маъруфияти ҷаҳонӣ собит намудааст» (Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон. – С. 47). 
Дар ҳақиқат таърих ин воқеиятро исбот кардааст. Аз шахсиятҳои барҷастаи дурахшони тоҷиктабор ки дар ҷаҳони илм хидматҳои шоён анҷом додаанд метавон чанд шахсиятро зикр кард. Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, асосгузори мазҳаби ҳанафӣ; Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мусо Алхоразмӣ, риёзидон, астроном, ҷуғрофиё ва кашфкунандаи алгебра, ки осори ӯ ин илмро ба аврупоиён муаррифӣ кардааст; Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, табиб, дорусоз ва файласуфи маъруф; Ибни Муқаффаъ, ки гуфта мешавад аз созандагони насри арабист;  Бадиуззамон Аҳмад ибни Ҳусайни Ҳамдонӣ, нависанда ва созандаи сабки мақом; Абӯрайҳони Берунӣ, барҷастатарин баҳрулулуми ҷаҳони Ислом; Шайхурраис Абуали ибни Сино, бонуфузтарин табиб ва файласуфи ислом ва нобиғаи фарогир; Ҷоруллоҳ Замахшарӣ муфассир, забоншинос ва адиб ва Муҳаммад ибни Абдулкарим Шахристонӣ муаррих ва садҳо нафари дигарро метавон ном бурд, ки дар рушду нумуи тамаддуни исломӣ нақши муассир гузоштаанд.
Ба саҳифаҳои гуҳарбори адабиёти классиконамон назар афканем шоҳиди он мегардем, ки  забони ноби тоҷикӣ-форсӣ дар тўли беш аз 1400 - сол ҳамчун сарчашмаи тамаддун ва фарҳанги милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик хизмат намудаанд, - тарбияи инсони аз ҳама ҷиҳат комилу фозил,  тазкияи нафси инсон ва пок сохтани он аз ҳама гуна разолати ахлоқӣ, мебошад.
Бинобар ҳамин, ҷалби таваҷуҳи мардум, махсусан, ҷавонону наврасон ба омўзиши таълимоти манбаъҳои суннатӣ ва тарбияи ахлоқӣ – аз ҷумла,  навиштаҷоту ашъори пурҳикмати мутафаккирону шоирони классикии тоҷик, барои пешгирӣ намудани хатари рахнаи ифротгароӣ ва таассубгароӣ ба мафкураи мардуми сулҳдўсту таҳаммулпарвари Тоҷикистон хеле муфид ва муҳим мебошад. 
 
Наҷотзода Мутеъулло – сармутахасиси шаъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ 
 
 
Яндекс.Метрика