БОЗНАШР:
Бо пешрафту тараққиёти рӯзафзуни технологияҳои иттилоотӣ, истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ низ афзоиш ёфта истодааст. Дар ин замина шаҳрвандонро мебояд дар баробари мақсадноку оқилона истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамзамон дар хотир дошта бошанд, ки ҳар навору акс ва матнҳои нашр намудаи шаҳрвандон, ки хусусияти экстремистӣ - террористӣ дошта бошанд, боиси ба ҷавобгарӣ кашидан ва маҳрум намудан аз озодӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолии кишвар дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешаванд ва мутаассифона ҳастанд бархе аз нафароне, ки бо мақсади зиёд намудани обуначиён ва муштариёни худ тавассути интернет наворҳои бархе аз рӯҳониёни ифротии афғонитаборро дар фазои маҷозӣ паҳн менамоянд, ки боиси ҷавобгарии ҷиноӣ ва маҳрум намудан аз озодӣ мегардад.
Тавре, ки дар Моддаи 42 -и Конститутсия омадааст: "Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад".
Пас, дар хотир дошта бошем, ки ҳар навору акс ва матнҳои нашр намудаи шумо, ки хусусияти экстремистӣ - террористӣ дошта бошанд, боиси ба ҷавобгарӣ кашидани шахс ва маҳрум гардидан аз озодӣ мегардад!
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир .