Навъҳои мутолиа дар равиши таҳқиқ ва тақсимбандиҳои гуногуни он.

1.Мутолиаи фаъол (Active Reading).

- дар ин равиш, фард ба таври фаъол даргир мешавад; аз ҷумла ёддошткунӣ, пурсидани савол ва азнавхонии мавзуот.

Дар ин навъ мутолиа ҳадаф ин аст, ки дар бораи мавзуоте, ки мутолиа кардаем, дарки амиқ дошта бошем. 

2.Равиши дуввум, ба шакли рӯзномахонист. (Skimming)

- ин равиш бештар ҳангоми хондани рӯзномаҳо ба кор бурда мешавад. Дар ин тарзи мутолиа, шахс фақат дар пайи нуктаҳои асосӣ ва иттилооти муҳим аст, на дар пайи ҷузъиёти он. 

3. Мутолиаи нопайваста. (Scanning)

-фард махсус дар пайи касби итиилоот ё калимаҳои асосию калидӣ дар матн аст. Ин равиш бештар барои зуд пайдо кардани як мавзуи хос дар китобҳо ва мақолаҳои муҳим ба кор бурда мешавад.

4. Мутолиаи ботакрор. (Repetitive Reading).

- дар ин тарзи мутолиа, шахс як матнро чандин бор мехонад то мавзуотро беҳтару хубтар азёд кунад.

5. Мутолиаи нақшаи зеҳнӣ (Mind Mapping).

- ин усул бо истифода аз нақшаҳои зеҳнӣ (Mind Maps) анҷом дода мешавад. Фард мавзуотро ба таври тасвирӣ ба ҳам пайваст медиҳад. Ин равиш дар ёдгирии чашм бисёр кӯмак мекунад.

6. Мутолиаи гурӯҳӣ.

- дар ин тарзи мутолиа, афрод бо ҳам ба таври гурӯҳӣ мутолиа мекунанд ва мавзуотро дар байни ҳам шарик месозанд. Ин равиш метавонад ба мубодилаи афкор, идеяҳо ва фаҳму дарки беҳтару хубтар мавзуот мусоидат кунад.

7. Мутолиа бо техникаи SQ3R.

- ин равиш шомили панҷ марҳила аст:

1. Пешмутолиа; (Survey)

2. Савол кардан;(Question).

3. Хондан; (Read)

4. Бозгӯйӣ; (Recite).

5. Мурур ё аз азнавхонӣ (Review).

Ин техника дар шеваи ёдгирии мавзуот мусоидат мекунад.

8. Мутолиаи хулоса нависӣ.

- дар ин равиш, шахс ба таври хулоса мавзуотро менависад ва нуктаҳои муҳим ва асосии онро аз даруни матн истихроҷ ва берун мекунад. - ин равиш барои тезтар аз худ кардани мавзуот бисёр муҳим аст.

9. Мутолиаи замонбандишуда. (Pomodoro Technique).

- ин равиш аз техникаи Помодоро истифода мекунад; яъне мавзуоти мавриди мутолиаро ба чанд қисми кӯтоҳ масалан 25 дақиқаӣ тақсимбандӣ мекунад ва баъди тамом шудани ҳар як қисм, истироҳати кутоҳ дар назар гирифита мешавад.

10. Мутолиаи интиқодӣ. (Critical Reading).

- дар ин тарзи мутолиа, шахс матнро ба таври дақиқ таҳлил ва арёбӣ мекунад, дар пайи дидгоҳу назарҳо, далилу ҳуҷҷатҳо мегардад ва ба ҷанбаву паҳлӯҳои қавӣ ва заифи он диққат мекунад. Хулоса, ин равишҳое, ки мо дар боло зикр кардем, метавонанд дар танҳоӣ ё ҷамъ боҳам истифода шаванд. Албатта ин тавсияҳо ба чигунагии мавзуот ва ёдгирии мову шумо низ вобастагӣ доранд.

Адабиётҳо:

1. Алиакбар Сайф, равишҳои ёдгирӣ ва мутолиа. Интишороти "даврон".

2.Доктор Алӣ Диловар, равиши таҳқиқ дар равоншиносӣ ва улуми тарбиятӣ. https://prozhefa.com/research-method-in-educational-sciences/, интишороти вироиш.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика