Наврӯзи бостонӣ офаридаи фарҳанги ориёӣ-тоҷикӣ буда, он ҷашни сароғози баҳор, таҷаллигоҳи зеботарин чеҳраи табиат ва саршавии соли нави мардуми тоҷику форсизабонони олам мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дошта, куҳантарин ва дерпойтарин ҷашни миллии мардумони ориёитабор маҳсуб гашта, инъикоскунандаи таърихи маданият ва оини миллии мо ба шумор меравад. Аз қадимулайём гузаштагони мо ақида доштанд, ки ҳар касе Наврӯзро ҷашн гирад, ба хуррамӣ пайвандад ва то Наврӯзи нав умри хеш ба шодмонӣ гузаронад. Наврӯз рӯзи эътидоли баҳорӣ - рӯзи баробаршавии шабу рӯз, аз нав зинда гаштани табиат, рӯзи ба бурҷи Ҳамал расидани Офтоб аст. Бо омадани Наврӯз табиат қолини мунаққаш аз гулҳои баҳориро ба мисли чакани зебосанамони диёри биҳиштосои мо ба бар мекунад. Лолаву ёсуман ва дигар гулҳои наврӯзӣ гӯиё бар як пой рост истода, бо замзамаҳои оҳанги нафиси боди баҳорӣ ба рақс медароянд:
Рӯзест, ки дар умр наёбанд чунин рӯз,
Солест, ки дар умр наёбанд чунин сол.
Эй рӯз, чӣ рӯзӣ ту бад ин зиннату ин зеб,
К-аз зиннату зеби ту дигар шуд ҳама аҳвол.
Донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия»-и хеш чунин зикр намудааст: «Овардаанд, ки дар Наврӯз ҷоме пур аз ҳалво бар Пайғамбар (с) ҳадя оварданд. Он Ҳазрат пурсид: «Ин чист?» Гуфтанд: «Имрӯз рӯзи Наврӯз аст». Пурсид: «Наврӯз чист?» Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён аст». Фармуд: «Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард». Пурсиданд: «Аскара чист?». Фармуд: «Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд бар онон фармуд: «Бимиред! Пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Он гоҳ (Расули акрам (с) аз ҳалво тановул кард) ва фармуд: «Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд». Аз ин ҷо суннати об пошидан дар Наврӯз ривоҷ ёфтааст. Дар китоби мазкур Абурайҳони Берунӣ аз забони Алӣ бинни Яҳё чунин нигориштааст: «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китоби дигари худ «Ал-тафҳим» зикр намудааст: «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишони соли нав аст».
Наврӯз қадимтарин дар ҷаҳон ҷашни куҳану бостонӣ ва фархундаи фарвардин буда, эҳёгари табиат ва паёмовари ваҳдату муҳаббат, покию садоқат ва зебоию садоқат мебошад. Дар ин ид дехқонон ба киштукори саҳроӣ мебароянд. Маҳз маҳсули меҳнати деҳқон аст, ки мардум ба хотири ҷамъ ва осоишта умр ба сар мебаранд:
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ заръ гоҳе бӯстон аст.
Муносибат ба ин иди баҳор дар ҳар ҷо гуногун аст. Ҷашнгирии ин иди баҳор дар даврони шӯравӣ манъ буд, зеро Наврӯзро иди динӣ меҳисобиданд. Бояд хотиррасон намоем, ки иди Наврӯз ва дини ислом ду чизи аз ҳамдигар ҷудо буда, омехта кардани онҳо ба ҳамдигар ноҷоиз мебошад ва метавонад боиси сар задани нофаҳмиҳо гардад. Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат хело ба маврид таъкид намудаанд: “То замони интишори ислом гузаштагони халқи тоҷик низ дорои фарҳангу тамаддун, дину оини бостонӣ ва соҳибкитоб буданд. Бинобар ин, мо имрӯз набояд ба саҳифаҳои заррини таърихи чандинҳазорсолаи миллати худ аз рӯи таассуб ё ноогоҳии динӣ хати батлон кашем ва таърихи гузаштаи халқи хешро инкор созем. Чунонки мушоҳида мегардад, баъзеҳо арзишҳои бузурги ахлоқиву маънавии миллиро, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги мардумӣ то имрӯз нақши муайянкунанда мебозанд, нодида гирифта, мехоҳанд онҳоро ба арзишҳои динӣ муқобил гузоранд. Муаллифони чунин мавод набояд фаромӯш кунанд, ки баръакс Наврӯз яке аз ҷашнҳои воқеан ва табиатан милливу мардумии мост ва бо ягон дину мазҳаб муносибат надорад”.
Дар ин ҷо ба як нуктаи муҳим бояд ишора намуд, ки Алӣ ибни Абутолиб ва Абдуллоҳ ибни Аббос, ки ба иттифоқи тамоми мазоҳиби исломӣ яке аз фақеҳтаринҳо буданд, ҷашнгирии Наврӯзро манъ накарданд, ҳол он ки ин саҳобаҳо дину диндориро аз урфу одат беҳтару бештар фарқ карда метавонистанд. Мувофиқи ақидаи исломӣ ҳар рӯзе, ки дар он некӣ бошад, он рӯз барои мусулмон рӯзи муборак ва нек аст. Дар ин ҷо мисоле овардан бамаврид аст, ки аз ибтидои зуҳури ислом то ба ҳол тамоми давлатҳои исломӣ рӯзҳои хосеро ҷашн мегиранд, ба монанди рӯзи истиқлол, рӯзи ғалаба ва ғайра. Ҳеҷ касе ин рӯзҳоро маҳкум намекунад, баръакс онро ҷашн мегиранд ва фархунда медонанд. Наврӯз низ ҳамчун падидаи зиндашавии замин аз қадимулайём ҷашн гирифта мешавад. Он нафароне, ки эрод мегиранд ва даъво доранд, ки Наврӯз яке аз идҳои маҷусиҳост, хато мекунанд. Зеро, таърих исбот намудааст, ки Наврӯз ба ҳеҷ як дине марбут намебошад.
Дар Афғонистон бошад толибон Наврӯзро оини зардуштӣ ҳисобида, қатъиян ба ҷашнгирии он иҷозат намедиҳанд. Курдҳои Ироқу Туркияю Эрону Гурҷистон, ки аз насли ориёитаборон мебошанд, ин идро бо тантанаҳои назаррас, ҳамчун иди Наврӯз, ҷашн мегиранд. Дар Ҷумҳурии Сурияи Араб то солҳои 2010 ҷашнгирии ин ид расман манъ шуда буд ва 21 мартро ҳамчун “Рӯзи модар” қайд мекарданд. Сабаби ин кор дар он аст, ки курдҳои дар қисмати шимолу шарқии Сурия (заминҳои ҳаммарз бо Туркия) қаблан 21 март Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, вале ҳангоми тантанаҳои идона ба бетартибиҳо роҳ медоданд, аз аслиҳаҳои оташфишон истифода мебурданд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Сурия маҷбур гашта буд, то ба ҷашнгирии расмии ин ид иҷозат надиҳад. Тантанаҳои наврӯзӣ бо рақсҳои “дабка”-и курдӣ дар шаҳрҳои Киркук, Мосул, Сулаймонияи Ҷумҳурии Ироқ аз қадимулайём то ба имрӯз идома доранд. Дар Эрону Озарбойҷон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҷашнгирии ин рӯз шукуҳу шаҳомати хешро дорост. Дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА, ки тақрибан наздики 2 млн эронитабор дар он ҷо умр ба сар мебаранд, бо иҷозати расмии ҳокимони шаҳр ҳамасола дар майдонҳои муайяншуда ин идро ҷашн мегиранд. Дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия ин идро ҳамватанони дар он ҷо будаи мо барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ низ қайд намуда, бо ин восита маданияту урфу оини миллии куҳанбунёди моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки бо ташаббус ва иқдомоти пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 бо Қарори ЮНЕСКО Наврӯз ҳамчун Иди байналмиллалӣ эълон гардида, ҳар сол рӯзи 21-уми март дар тамоми мамолики олам ҳамчун ҷашни муждадиҳандаи баҳор таҷлил мегардад. Инро Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело бамавқеъ зикр намудаанд: - “Мақоми байналмилалиро касб кардани Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми олам аз фалсафаи эҳёгаририву созандагӣ ва башардӯстонаи ин ҷашни бисёр қадима ҳарчи бештар огоҳ гарданд, зеро Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, суннату анъанаҳои неки он метавонанд ҳамчун василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат намоянд”.
Шоиру донишмандон ва ниёкони мутафаккири мо роҷеъ ба Наврӯз ашъору асарҳои мухталифи илмиву тадқиқотӣ офаридаанд. Умари Хайём дар рисолаи тадқиқотии хеш бо номи «Наврӯзнома», ки нигориши равшангаронае ба Наврӯз ва хусусиятҳои оини он мебошад, чунин овардааст: «Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн гирад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад... Аммо сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад…Чун Каюмарс аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардум онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз ҳангоми бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омада ва муъбадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз он оғоз кунанд». Баъдан, пас аз чандин солҳо абераи Каюмарс-Ҷамшед «чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳо ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».
Дар «Наврӯзнома»-и Фарзонаи Нишопурӣ чунин ишора шудааст: “Чун аз маликии Ҷамшед чаҳорсаду бисту як сол гузашт, Офтоб ба фарвардини хеш ба аввали бурҷи ҳамал омад ва бар бурҷи ҳамал ворид шудани Хуршедро Наврӯзаш ном ниҳод ва мардумонро фармуд, ки ҳар сол чун фарвардини нав шавад, он рӯз ҷашн кунанд ва онро «рӯзи нав» донанд, то он гоҳ ки давр бузург бошад, ки Наврӯз ҳақиқат бувад».
Ризо Шаъбонӣ фикру мулоҳиза ва баҳсҳои марбут ба Наврӯз ва Ҷамшедро ҷамъбаст карданӣ шуда, асосҳои пайдоиш, устуворию пойдории ин ҷаш¬ни бузурги миллиро дар чанд нукта баён намудааст. Нуктаҳои ҷолиби таваҷҷуҳе, ки ӯ ба онҳо аҳамият додааст, аз он иборатанд, ки аввалан аз рӯи номи рӯзҳои сол дар оини зардуштӣ муҳтарам будани Наврӯз ва муассиси ҷашни Наврӯз будани Ҷамшед мебошад. Аз ҷумла қайд намудааст, ки номи Ҷамшед батакрор дар маъхазҳои қадимии ҳинду¬эронӣ ёд шуда, муҳаққиқон бо истинод ба ин сарчаш¬маҳо Ҷамшедро аввалин баргузоркунандаи ҷашни Нав¬рӯз медонанд. Дар «Осору-л-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ чунин омадааст: «Иблиси лаъин баракатро аз мардум зоил карда буд, ба қисмате, ки ҳар андоза хурданию ошомиданӣ тановул мекарданд, ба таому шароб сер намешуданд ва низ бодро намегузошт ба ашҷор бивазад. Ба ҳамин ҷиҳат дарахтон пажмурданд ва наздик буд, ки дунё нобуд гардад. Пас Ҷам (Ҷамшед) бо амри Худованд ва раҳнамоии ӯ ба қасди сукунатгоҳи иблис ва пайравонаш озими Ҷануб шуд ва дергоҳ он ҷо бимонд, то он ки мусибату балоро бартараф намуд. Он гоҳ мардум ба сарзамини амну осоиш баргаштанд ва аз мусибат раҳо шуданд».
Ибни Балхӣ дар «Форснома», Саолибӣ дар «Ғурару ахбори мулуки-л-фурс ва сияруҳум» ва дигар олимону мутафаккирони асрҳои миёна ривоятҳои зиёдеро дар бораи Ҷамшед ва Наврӯз нақл кардаанд.
Донишмандони дигар низ аз қабили Истахрӣ, Масъудӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ ва Ибни Балхӣ ҳам асосгузори ҷашни Наврӯз Шоҳ Ҷамшедро ҳисобидаанд:
Ҷашни қадиму файзбор, ҷашни ниёгони манӣ,
Мерос аз Ҷамшедшоҳ, шамъи фурӯзони манӣ.
Пайғом аз фасли баҳор, айёми суру кишту кор,
Пайки наву оғози кор, иди бузургони манӣ.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш дар бораи ба тахти шоҳӣ соҳиб шудани Ҷамшед ва Наврӯзро аз ҷониби ӯ «рӯзи нав» хонданро чунин ба риштаи назм кашидааст:
Ба фикри каёнӣ яке тахт сохт,
Чу моя бад-ӯ гавҳар андар нишохт.
Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,
Зи Ҳомун ба гардун барафроштӣ.
Чу Хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар-ӯ шоҳ(и) фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,
Шигифтӣ фурӯ монда аз бахти ӯ.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Бад-он рӯзпо «рӯзи нав» хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,
Баросуд аз ранҷи тан, дил зи кин.
Бо истинод ба сарчашмаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки Ҷамшед симои марказӣ дар ташкили аввалин ҷашни иди Нав¬рӯз мебошад. Ӯ дорои Ҷоми Ҷам буда, барои овардани борон ва дафъи бало (вабо) дар қаламрави кишвараш бо қувваҳои аҳриманӣ мубориза бурда, бар ҷодуи девон ғалаба кард ва баракати заминро, ки девон рабуда буданд, ба замин баргардонид, дар ҳафт иқлим ба некбахтӣ шуҳратманд гашт. Парвариши галаву рамаро ба роҳ монд, хушнудию хуррамиро дар қаламраваш барпо карда, дар 300 соли аввали ҳукмрониаш ҳамаи беҳтарин сифатҳои заминию осмониро дар қаламрави кишвараш ҷорӣ намуд, дарду ранҷу бемориро аз байн бардошт ва ҷаҳониён ҳама эмину солим буданд. Даврони шаҳрёрии Ҷамшедро бисёре аз муҳаққи¬қон асри тиллоии таърихи Эронзамин мешуморанд.
Муаллифи «Бурҳони қотеъ» Муҳаммадҳусайн ибни Халафи Табрезии мутахаллис ба Бурҳон (с.т.1652 м.), луғатшиноси бузурги форсизабони Ҳайдарободи Ҳиндустон, дар рӯзи аввали Фарвардин (=Наврӯз) ба тахт нишастани Ҷамшед, тоҷ бар сар ниҳодани ӯ, тобидани Хуршед бар тоҷ ва аз ин рӯ, ба «Шед» мулаққаб шудани ин шаҳрёри бостониро қайд намуда, бо дастури ӯ ҷашн гирифтани Наврӯзро ба қалам додааст. Деҳхудо дар «Луғатно¬ма» роҷеъ ба ин масъала ибрози ақида намуда, аз ҷумла навиштааст: «…Сабаби ин ки ин рӯзро Нав¬рӯз ном монанд, ин аст, ки дар айёми Таҳмураси Девбанд собеия (оину мазҳаб) ё ситорапарастӣ ба вуҷуд омад. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, оини қадимро таҷдид кард ва ин кор хеле бузург ба назар омад. Он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».
Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоёт, ибтидои Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишӣ низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Баррасиҳо бар рӯи сангнавиштаҳои замони Ҳахоманишиён нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд.
Ҳамчунин бояд зикр кард, ки дар адабиёти наврӯзӣ мувофиқи иттилои Абурайҳони Берунӣ, фикри дигаре низ вуҷуд дорад, ки тибқи он гӯё дар Басра вабое падид омад ва ҳамаи сокинони он ҷо мурданд. Чун аввали Фарвардин расид, Худованд бороне бар эшон биборид ва ононро зинда кард, эшон ба масокини худ баргаштанд. Пас подшоҳи замон гуфт: «Ин Наврӯз аст». Дар натиҷа ин рӯз ба Наврӯз ном баровард ва мардум онро муборак шумориданд.
Мардуми мо ба Наврӯз чун ба бузургтарин ва дурахшандатарин ҷашни бостонии хеш арҷ мегузорад ва фарорасии Наврӯзро ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосае ҷашн мегирад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши Наврӯзро ба замони нигориши китоби «Авасто», нахустин китоби муқаддаси ҷаҳон, ки аз ҷониби ниёкони мо бо забони форсии қадим эҷод гаштааст, нисбат медиҳанд. Таърихнигорон умри Наврӯзро даҳ ҳазор сол нисбат медиҳанд. Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём таърихи пайдоиши Наврӯзро ба аҳди Каюмарс, ба оғози офариниши инсон дар рӯи Замин нисбат додаанд. Дар асотири қадима Каюмарсро сараҷдоди одамизод номидаанд, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ Каюмарс ҳамчун «нахустин кадхудои ҷаҳон» васф шудааст.
Таърихи ташаккули Наврӯз ба асотири фалакӣ оид ба табиати миранда (зимистон) ва зиндашаванда (баҳор) вобаста будааст. Ба қавли Фахриддини Гургонӣ:
Зимистонро бувад фарҷом Наврӯз,
Ки бошад тирашабро оқибат рӯз.
Наврӯз ҳамчун малики ҷашнҳо дорои расму оинҳои гуногун аст, аз қабили хонабаророн, ба бар намудани либоси нав, додани туҳфаҳо, обпошӣ, шириничашонӣ, оростани хони наврӯзӣ (иборат аз «ҳафт син»-у «ҳафт шин») суманакпазӣ, базми рақсу суруд, гузаронидани чорабиниҳои наврӯзӣ (гӯштингирӣ, бузкашӣ, футбол, волейбол, вазнбардорӣ, дастхобонӣ ва ғайра), инчунин бозиҳои наврӯзӣ аз қабилӣ кабкҷанг, хурӯсҷанг, тухмҷанг ва ғайра. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз пос доштани хотира, зиёрати мазори бузургону гузаштагон ва дуою фотеҳа хондан дар ҳаққи эшон амалест аз ниёконамон бамеросмонда.
Солҳои охир шоҳиди онем, ки Наврӯз дар Тоҷикистон, махсусан дар пойтахти он шаҳри Душанбе, бо як шукуҳу шавкати нотакрори ба худ хосе ҷашн гирифта мешавад. Якҷоя бо сокинони пойтахт дар Наврӯзгоҳ теъдоди зиёди хориҷиён аз ИМА, Англия, Олмон, Ҷопон, Русия, Эрон, ҳамсоякишварҳо ва дигар давлатҳо ин иди оламиро ҷашн мегиранд. Наврӯз идест, ки ғайр аз қосиди баҳору оғози кори Бобои деҳқон буданаш, мустаҳкамкунандаи дӯстию бародарӣ байни қавму миллатҳост.
Наҷмиддин Салимов - мутахассиси пешбари Шуъбаи пажӯҳиши исломӣ