Дар баробари пайдоиши меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоӣ худшиносии инфиродӣ нақши меҳварӣ касб кардааст. Вале дар ҷомеаи мусулмонӣ худшиносии инфиродӣ ҳамчун падидаи бегона ба таври зарурӣ ташаккул наёфт ва то ҳол ҳам таҷдиди назар нашудааст. Ин дар ҳолест, ки вазифаи ҳар як дин, аз ҷумла дини ислом берун овардан аз торикӣ баравшанӣ,ислоҳи шуури фард, ислоҳи муносибати ў бо Худо ва тарбияи худи инсонҳо ифода меёбад. Мутаассифона, бо умеди ташаккули уммати исломӣ ҳамчун низоми идеологӣ-сиёсӣ тарбияи фард - инсони оқил канора шуд. Дар ниҳоят уммати исломӣ ба бўҳрони маънавии дохилӣ дучор шуд, ки он то имрўз идома дорад.
Бояд иқрор шуд, ки дар шарқи мусулмононӣ давлатдорӣ ва миллатсозиро бо омадани ислом як медонанд, ки ин фаҳмиши хатост. Зеро мусулмононе мисли тоҷику форс қабл аз ислом ҳам миллат буданд ва ҳам давлат доштанд. “Фаромўш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панчҳазорсола дошта, ҳанўз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд”(Эмомалӣ Раҳмон).Давлатдории то исломии мо дорои мероси фарҳангии фарохтар ва ғанитар аз давраи исломӣ мебошад, чун он давраи то панҷҳазорсоларо дарбар мегирад. Барои ин халқҳо дини ислом ҳамчун маҷмўи меъёрҳои ахлоқӣ ва диёнатӣ-эътиқодӣ гардид. Вале ҳамчун мактаби сиёсӣ натавонист амалӣ шавад. Зеро низоми сиёсии империя аз лиҳози сохтори сиёсӣ нисбат ба низоми динӣ ташакулёфта буд. Вале бо сўъистифода аз эътиқоди динии мардум минбаъд ҳама гуна низоми сиёсӣ, давлатҳои сулолавӣ, хилофатҳои қавмӣ ва империяҳои ташкилшуда худро ҳомии ислом муаррифӣ мекарданд. Дар амал ба ғайр аз татбиқи чанд масъалаи шаръӣ ягон қавонини динӣ татбиқ намешуд. Мутлақ будани ваколати амир ё шоҳ ва тобеъ будани қозӣ ҳамчун намояндаи дин ба низоми шоҳӣ инро собит мекунад. Ҳамаи ин давлатҳои сулолавӣ ба ғайр аз ҳикоятҳои зулму истибдоди мардуми бумӣ асаре барои таърих боқӣ нагузоштанд. Ҳақиқат ҳамин аст! Оё мо метавонем амали ваҳшиёни ғазнавиёнро дар ҳақи мардуми Балх талаботи шариати ислом ном барем, ё қатлу куштори мардуми бумии тоҷик аз дасти манғитиҳоро бақои ислом ном барем. Оё аз каллаи мардуми мусулмон сохтани ягон манора зарурати исломӣ дошт. Албатта не! Дар ин байт чунин рафторро шоир ҷолиб баён кардааст:
Аз шурби хамри ҷаҳл сарат гашта пурхумор
Акнун зи чоми ақл давои хумор кун.
Аввал ҳамаи ин сулолаҳо хусусан хонҳо аз пайванди худ бо насаби чингизи муғул ифтихор доштанд ва ин даъво худшиносии фардияшонро нишон медод. Дар ниҳоят ҳамаи ин сулолаҳои бодиянишин аз манфиатҳои қабилавӣ ҳимоят мекарданд ва ҳатто муқаррар шуда буд, ки ғайр аз хонҳо ҳеҷ кас ҳуқуқи ҳоким шуданро надорад. Агар дар фарҳанги арабӣ меъёрҳои ҳуқуқии маволӣ (мусулмони ғайриараб) дақиқан бо асоси динӣ маҳдуд шуда бошад, дар минтақа мансубияти миллӣ сабаби аз даст додани нақши сиёсӣ дар ҷомеа гардид.
Дар раванди ташаккули фарҳанги миллӣ масъалаи бартарияти ҳувияти динӣ бар ҳувияти миллӣ ба як баҳси тўлонӣ ва низоъангез табдил ёфтааст. Бинобар он таҳқиқи илмии масъалаи мазкур дар давлатдории миллӣ муосир падидаи мусбат аст ва аз он набояд ҳаросид. Масъала сари он аст, ки муносибати байни миллият ва диният дар дохили як фарҳанг ва аз он ҳам маҳдудтар андар андешаи як фард чӣ хел танзим мешаванд. Зеро аксари мусулмонон ба мисли туркҳо, арабҳо, пуштуҳо, форсҳо, қибтиҳо, шомиҳо ва ғ. ба ҳар дуи ин арзишҳо эҳтиром доранд. Мо то ҳол аз забони ягон турк ё пушту нашунидаем, ки мусулмон буданашро асли ягона донаду аз миллат куллан рў гардонида бошанд. Ҳатто ҳаракати Толибон бо ҳамаи таассуби динию ифротӣ аз фарҳанги пушту ҳимоя дорад ва таҳмили онро болои мардуми дигари бумӣ вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобад. Танг кардани доираи нуфузи забони форсӣ - дарӣ мисоли аёни ин муборизаҳост. Зеро аз лиҳози динӣ ҳеҷ имконият надорад, ки бартарияти забони пушту ё фарҳанги пуштуро бар дарӣ собит гардад. Шояд ба маврид бошад, агар барои тоҷикони аз худ бегонашуда сухани марди сарсупурдаи миллати тоҷик Аҳмадшоҳи Масъудро ёдовар шавем.“Боре дар ҷанги зидди Толибон чанде аз афсарон пеши ў омада изҳор доштанд, ки як хабарнигори радиои Хуросон, ки ҳиндуасл аст, мехоҳад бо Шумо дар бораи мақоми забони форсӣ сўҳбат кунад. Мо чанд бор ўро гуфтем, ки ҳоло вақти ҷанг асту соҳиб Масъуд имконияти бо шумо сўҳбат карданро надорад ва мавзўи сўҳбати шумо дар айни замон муҳим нест. Аҳмадшоҳ ба тарафи онҳо бо чашмони пуралам нигоҳе карду гуфт:“Фарёд кунед он хабарнигорро, ман бо ў сўҳбат мекунам. Охир ҳамаи ҳамин ҷанг барои ҳифзи забони форсӣ аст”.
Имрўз халқҳои дигар мисриҳоро араб меҳисобанд, вале худи мисриҳо худро қибтӣ гуфта муаррифӣ мекунанд ва худро меросбари фарҳанги қибтӣ меҳисобанд ва ин матлабро Президенти Миср дар суханрониаш таъкид карда буд. Воқеан таърихи фарҳанги қибтӣ аз таърихи араб дарозумртар ва ғанитар аст. Агар онро мардуми дигари араб қабул надошта бошанд ин айби мисриҳо нест, ки онҳо чунин таърихи бойу ғанӣ доранд. Агар араб таъриху анъанаҳои то исломии худро ҷоҳилият эълон карда бошад ва воқеан ҳам он ҷоҳилият буд (зинда гур кардани духтарон). Пас ин проблемаи онҳост ва муносибати онҳо ба гузаштаи худашон аст. Вале барои чӣ бояд тоҷику форс ё қибтӣ, ки таърихи давлатдории зиёда аз панҷҳазорсола доранд ва дар ташаккули тамаддунҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла фарҳанги исломӣ нақши бориз доранд, таърихи худро ҷоҳилият эълон кунанд. Баҳси мо масъалаи эътиқодӣ-диёнатӣ нест, балки худшиносии инфиродӣ аст. Зеро мардуми мусулмони тоҷиктабор дар тўли ин ҳазору чорсад сол аз дини ислом пайравӣ доранд, ба арзишҳои динӣ эҳтиром доранд ва бо он фахр доранд, ки пайрави дини барҳақанд. «Исломро аз фарҳангимиллӣвафарҳангимиллироазисломҷудоҳисобиданхатост» (Эмомалӣ Раҳмон). Бо ин сухан ба баҳси сохтаи гурўҳҳои хушунатҷў хотима дода шуд. Мо ҳадафи ботил кардани ягон андешаи динӣ ё ғайридиниро надорем ва инро бояд хонанда дарк кунад.
Тоҷикон ба таълимоти ислом эҳтироми хоса доранд ва шояд дар масъалаҳои адолату саховат, эҳтиром ба эътиқоди динии шахси дигар аз дигарон болотар бошанд. Зеро дар таърихи мардуми тоҷик ин арзишҳо сутуни фарҳанги миллӣ буданд ва ҳаёти мардуми тоҷикро бе ин арзишҳо тасввур кардан ғайриимкон аст. Дар фарҳанги мардуми бадавӣ бошад ин арзишҳо бо омадани ислом нақше пайдо карданд.
Бинобар ин, хоҳ - нохоҳ то ҳол анаъанаҳои зиёди то исломии араб имрўз ҳам дар ҳаёти мардум таъсири худро доранд. Ин падидаи табиӣ аст.Барои тоҷикон арзишҳои миллӣ баръакс миллатро аз махлутшавӣ ва нест шудан ҳимоят карданд ва дар айни замон ин арзишҳо ҳамчун шоҳсутуни давлатдории миллӣ хизмат мекунанд. Дар заминаи ҳамин фарҳанги миллӣ давлатдории Сомониён барқарор шуда буд, вале баъдан аз байн бурда шуд. Чаро!
Дар зери таъсири идеяи фаромиллии дин қисме аз мардум ҳувияти худро аз даст дода буд ва арзишҳои миллӣ дар ҳаёти онҳо нақше надоштанд. Омили динӣ барои турку араб ҳам ба сифати барангехтани низоъҳои динӣ-мазҳабӣ дар миёни миллатҳои ғайритуркзабон ва ҳам ба сифати унсури муттаҳидкунандаи халқҳои мусулмони турктабор истифода шудааст ва “фаромўш набояд кард, кимаҳз мардуми турктабор бо дастгирии арабҳо, бо истифода аз омили динӣ-мазҳабӣ давлати Сомониёнро барҳам зада буданд”. Ҳадафи ниҳоии аҷнабиҳо аз арсаи сиёсат ва давлатдорӣ канора кардани мардуми бумии тоҷик буд ва ниҳояти кор ба ҳамин ҳадаф расид. Чунин як имтиҳони таърихӣ боз баъди 10 аср ба сари тоҷикон омад ва тарҳи бозии навбатиро боз аҷнабиён тарҳрезӣ карданд, ки боз ҳам тоҷикон бохтанд.
Дар асрҳои XIX - XX ҳаракатҳои миллӣ сабаби озод шудани аксари кишварҳои мусулмонӣ аз мустамликаи ғарбиҳо ва давлатдории сулолаҳои аҷнабӣ шуданд. Чаро ҳаракатҳои динӣ не! Баъди суқути давлати Сомониён аксарияти давлатҳои аҷнабии сулолавӣ худро ҳомии ислом муаррифӣ мекарданд ва рўҳонияти таассубгаро дар бақои чунин низом манфиати худро медид. Дар натиҷа барои равшанфикрону ҳомиёни миллат ба ғайр аз душманони аҷнабӣ боз як табақаи дигари бадбину хусуматгаро дар дохил пайдо шуданд,ки шоири муосири мо Бозор Собир онро хеле ҷолиб баён кардааст:
Араби аҷнабӣ агар як бор
Арабитозӣ кард то Фархор,
Араби хонагӣ, арабтабор,
Арабитозӣ мекунад то ҳол,
Ҳеҷ моро надод истиқлол.
Уламои таассубгаро дар бунёди ҳама гуна империяҳои бо номи дин, бунёди хилофати исломиро, ки уммати исломиро мутаҳид мекард, медиданд. Бинобар он дар бунёди ҳама гуна империяҳои динӣ онҳо татбиқи ормонҳои диниро тасаввур мекарданд. Дастгирӣ ёфтани ДИИШ аз ҷониби баъзе уламои исломӣ бо ҳамин далел асос меёбад. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо ҷавонон 23 маи соли 2013 дар кишвар пайдо шудани равияҳои динии ғайрисуннатӣ, ҳизби сиёсии хусусияти динидошта ва ба онҳо шомилгардии ҷавононро яке аз мушкилиҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирӣ кардан аз онро яке аз вазифаҳои муҳими мақомотҳои дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ашхоси ба ору номуси миллат ва ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд донистааст.
Вале кирдори пайравони ҳаракатҳои ифротгарои динӣ на беҳбудӣ, балки пояи давлатҳои мусулмониро шикаст ва маъюсию ноумедиро дар тафаккури одамон ҷойгузин кард.
Аз ибтидо то ҳол дар миёни мусулмонон се навъи муносибат ба дин роиҷ аст:
- Диндорон - новобаста аз касбу кор ва донишу маърифат динро муқаддас медонад ва эҳтиром мегузоранд. Ин гурўҳ кўшиши ғанӣ гардонидани олами маънавии худи онро риоя ва эҳтиром мекунанд;
- Динсозон - ин гурўҳи мардум бо назардошти манфиатҳои шахсӣ динсозӣ карда, худро ҳамчун соҳибони дин муаррифӣ мекунанд ва гўё ҳуқуқи дар бораи дин сухан гуфтанро ҳамин гурўҳ доранду халос ва онҳо метавонанд каломи саҳеҳи ҳар мусулмонро ботил ва беарзиш созанд;
- Динбоз - ин гурўҳи мардум ба дин ҳамчун як олоти тавоно мисли сиёсат, зурӣ, зулм барои ба даст овардани қудрат бозӣ мекунанд. Барои ин табақаи мардум дин дар асли худ қудсият нест, танҳо онро ҳамчун идеологияи пурқуввати фарогири ҳамагон истифода мебаранд.
Бинобар ин, ҳаёти динии мусулмонон аз ин доира берун нест ва таҷрибаи татбиқи онҳоро дар шарқи мусулмонӣ метавон ёфт.
Масалан, ҳуҷуми муғулро мардуми диндори солим ҳамчун ғасби давлату дин ва Ватану миллат қабул доштанд ва бо онҳо мубориза бурданд.
Табақаи динсозон онро ҷазои Худо гуфта, ба итоат аз он даъват мекарданд ва бо ин худро бо аҷнабиён ҳамчун соҳибони дин муаррифӣ карданд, то манфиатҳои худро ҳифз кунанд.
Табақаи динбозон минбаъд бо истифодаи насаби муғулӣ ва даъвои мусулмонӣ қудрати сиёсиро ба даст оварданд. Муборизаи тоҷик бо муғул на маънои ҳифзи Ватан дошт, балки он ба маънои мубориза бо ислом маънидод мешуд ва бо онҳо ҳамчун душмани ислом мубориза мебурданд.
Бо шабехуну турктозӣ агар,
Аз Аҷам турки аҷнабӣ рад шуд,
Ҳар қизилбошӣ хонагӣ лекин,
Аз қизилбошии аҷнабӣ бад шуд.
Зулми аксарияти сулолаҳои аҷнабиро болои мардуми бумӣ асоси динӣ дода, барои манфиатҳои шахсии худ аз ин низомҳои золим пуштбонӣ мекарданд. То ҳол мо аз зулми Ғазанавиён, Темуриён ва Шайбониён дар ҳаққи мардуми тоҷик таҷрибаи ҳаётӣ набардоштаем. Чаро! Дар айни замон ҳам барои як гурўҳи ҷомеа идеяи миллат умуман мақбул нест ва ҳама гуна ҳаракатҳои миллиро маҳкум мекунанд.
Муғули аҷнабӣ каму бисёр
Хонамунсўзӣ кард агар як бор,
Муғули хонагӣ муғултар шуд,
Нест чун мо дар хона душмандор.
Вале новобаста аз муборизаҳои дохилӣ ҳаракатҳои озодихоҳ дар умум шакл гирифтанд ва ба ҳадафи асосӣ - озодӣ расиданд. Ҳатто ҳаракати ваҳҳобия, ки имрўз баъзе онро эҳёи ислом ё исломи даврони Паёмбар ном мебаранд, дар умқи решаи худ ҳаракати миллии арабҳо барои мубориза ба муқобили туркҳо аз ҷониби феодалони араб бо дастгирии ангилисҳо таъсис дода шуда буд. Ниқоби динӣ касб карданаш бошад танҳо ба хотири он буд, ки тафаккури миллии арабҳо дар асоси ислом ташаккул ёфта буд ва то либоси динӣ касб намекард, аз ҷониби доираҳои динии арабҳо дастгирӣ намеёфт. Чун доираҳои динӣ дар мадди аввал арзишҳои диниро ҷой медиҳанд ва онҳоро сутуни асосии фарҳангсозӣ медонанд. Чунин иддао аз ҷониби мубаллиғони ҳизби наҳзати исломӣ (“Сутунмўҳраи фарҳанги миллӣ ислом аст”) дар кишвар низ таблиғ шуда буд. Вале дар воқеият ҳеҷ имконият надорад, ки дар кишвари Тоҷикистон мероси фарҳанги тоҷикро нодида гирӣ. Пас барои кӣ давлат месозем! Бинобар он, эътибор додан ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи решаҳои таърихии онҳо, омили ташаккули тамаддуни муосири тоҷикон хоҳад буд.
Маҳрами Анварзод- котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон