Нахустин ёдоварӣ аз Ғазнин дар асари ҷаҳонгарди маъруфи чинӣ Сюан Сзян дар соли 644-и милодӣ мушоҳида шудааст. Ӯ шаҳри мазкурро Ҳусина номидааст. Решаи ин вожаро муҳаққиқон Газанг медонанд, ки ба маънои хизона мебошад. Ёқути Ҳамавӣ ҷуғрофидони маъруф дар асараш «Муъҷаму-л-булдон» перомуни шаҳри Ғазна навиштааст, ки «Ғазна талаффузи омма аст, саҳеҳ назди уламо Ғазнин аст ва онро таъриб кунанду Ҷазна гўянд ва маҷмуи билоди онро Зобулистон номанд ва Ғазна курсии он аст». Шоири шаҳири ин диёр Саноии Ғазнавӣ низ дар байте ба номи аслии шаҳр ишора карда чунин менависад:
Аршу Ғазнин ба нақш ҳарду як аст,
Гарчӣ Ғазнин рафеътар фалак аст.
Ғазнин дар аҳди ҳукумати оли Сабуктагин ба авҷи шукўҳу ободонӣ расид. Шаҳре, ки на қаблан ва на баъдан ҳеч гоҳ маркази сиёсӣ набуду нашуд ва аз лиҳози стротежию мавқеи тиҷоратӣ низ чандон ҷойгоҳу ҷозибае надошт. Хонадони Сабуктагин, махсусан фарзандаш Маҳмуд ин шаҳрро мақарру маркази худ қарор дод ва дере нагузашт, ки исмаш достони оламиён шуду дар андак муддат ба пойтахти яке аз бузургтарин имперотуриҳои аср табдил ёфт. Ғазнин то асри XI бо Марву Нишопуру Ҳирот қобили қиёс набуд. Як қарн муқаддамтар аз Сабуктагину Маҳмуд Истахрӣ дар бораи ин шаҳр навишта буд, ки Ғазнин монанди Бомиён асту вале боғистон надорад, аммо нисбат ба дигар шаҳрҳои атроф пурколотару тиҷорати он боравнақтар аст, чун «бандари Ҳинд аст». Мақдисӣ дар охири асри Х менависад, ки ҳокими Ғазнин ҳамвора дар ҷангу ситез аст. Бобур, ки дар асри XVI ба қасди Ҳинд аз Ғазна мегузашт, сари ангушт ба дандон мегузорад, ки амирони Хуросону Ҳинд (Ғазнавиёну Ғуриён) дар ин шаҳр чӣ бартарию боландагӣ дидаанд, ки онро пойтахт баргузидаанд.
Академик С. Толстов муҳаққиқи зодгоҳи Берунӣ – вилояти бонеъмату равнақи Хоразм, дар як навиштаи ихтисосияш роҷеъ ба Берунӣ иллати боландагиву саромадии Ғазнин дар ин асрро тавре дигар арзёбӣ кардааст. Ӯ менависад, ки Ғазнин, ки як шаҳри дуруфтода буд, барои Маҳмуди ғоратгару худкома пойгоҳи муносиб шуд ва ҳеч халале барои пешбурди аҳдофи ӯ дар ин ҷо мавҷуд набуд.
Султон Маҳмуду фарзандонаш барои ободию шавкати Ғазнин ҳиммат гумошта, хидмати босазое карданд. Дар давраи салтанати ин хонадон Ғазнин ба маркази бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мубаддал гардид. Ибни Асир муаррихи қарни XIII зимни баёни лашкаркашии Санҷари салҷуқӣ ба Ғазнин навиштааст, ки ҳангоми ғорати ин шаҳр ба дасти сипоҳиёни салҷуқӣ чаповулгарон хеле мол ба даст оварданд. Агар Бухорои асри Сомониён «Бағдоди сонӣ» унвон гирифта бошад, пас метавонем ба итминони комил Ғазнаи асри ҳукумати дудмони Сабуктагинро «Бухорои сонӣ» номем. Бо талошҳои фаровони Маҳмуду ворисонаш Ғазна маркази муҳимми сиёсӣ, минтақаи умдаи тиҷоратӣ ва конуни илму маърифати рўзгор мегардад, бад-он ҳадд, ки баъзе аз муҳаққиқон Ғазнини аҳди Маҳмудиёнро «пойтахти маънавии олами ислом» хондаанд.
Пештар аз Ғазнавиён, аз лиҳози ҷуғрофӣ, Ғазнин якҷо бо Кобул дар як вилоят мутаҳид буда, Зобулистон хонда мешуд ва шаҳру навоҳии дигаре ҳамчун Бомиён бо он ҳамроҳ буданд. Дар радифи шаҳру вилоёти тобеи Ғазнавиён, ки муаррихи Байҳақӣ нигоштааст, мулки Зобулистон зикр шудааст, ки Ғазнин маркази он ба шумор мерафт.
Дар қарни XI шаҳри Ғазнин маркази имперотурӣ ва мавриди таваҷҷуҳи сарони кишварҳои хориҷӣ ҳам буд. Маъмуроне омилу номвар дар ин ҷо таъйин гардида, низоми дақиқи шаҳрдориро ба роҳ мемонданд. Байҳақӣ аз раиси шаҳри Ғазна Музаффар писари Хоҷа Алии Микойил ёдовар шуда, ўро марде далер, донову кордон меномад. Вай яке аз наздикони Амир Масъуд буд ва ҳангоми зарурат борҳо ба машварат даъват мешуд. Аз чумла ҳангоми бозгашти Масъуд аз сафар, шаҳрдори Ғазна масофаи зиёдеро тай карда, ба пешвози амир мебарояд. Пойтахт ба ҷуз аз раиси шаҳру ноибони он, ҳамчунин раҳбару мансабдори рутбаҳои мухталиф буд, аз ҷумла тамоми девонҳои марказӣ барои саботу низоми вилояти Зобулистон дар Ғазнин мақар ихтиёр карда буданд.
Яке аз шуғлҳои баланду боаҳаммияте, ки Байҳақӣ онро таъкид медорад, мушрифи Ғазнин ё сарвари мушрифон буд. Метавон натиҷа гирифт, ки аз сабаби зиёд будани теъдоди хориҷиён ва дигар тоҷирону ҳунармандони дохилию берунӣ, саъй мешуд, ки амнияти пойтахт мудом беҳу боло бошад. Дар ин шаҳр қасрҳои хосса эъмор шуда буд барои қабулу гусели меҳмонони хориҷӣ ва ё баргузории маросимҳои расмӣ.
Бартарии дигари Ғазнин мавқеи хуби роҳбурдии он барои юриш ба самти Ҳинд буд. Яке аз маконҳои муҳимми Ғазнин, ки шоирону адибони ин давра аз он мукаррар ёд кардаанд, дашти Шобаҳор будааст. Он дар ҳошияи шаҳри Ғазнин доман кашида буд, ки ба манзалаи подгони ҳарбӣ истифода мешуд. Қабл аз лашкаркашӣ ва баъд аз пирӯзиҳои низомии Ғазнавиён дар дашти Шобаҳор, ки дар аксари фаслҳои сол он майдон сабзу дорои бутаҳои набототу гулҳои хуррам буд, маросими сон дидани лашкар ва ё ҷашнҳои пирӯзӣ баргузор мешуд. Гардезӣ ҳам ривоят кардааст, ки дашти маъруфи Шобаҳор дар ҳошияи шаҳр доман кашида буд, ки ба манзалаи подгони ҳарбӣ истифода мешуд. Фаррухии Систонӣ дар як қасидаи хеш онро чунин тавсиф мекунад:
Бо ман ба Шобаҳор ба ҳам буд ба чоштгоҳ,
Моҳи ман, он-к рашк бар ӯ зад ду ҳафта моҳ.
Гуфто фароҳпаҳно дашти кушода чист,
Гуфтам, ки арсагоҳи шаҳи беадад сипоҳ.
Тамоми артиш дар ин ҷо ҷамъ омада, амир бо гурўҳи низомиён ва сарони артиш лашкарро сон медиданд. Лашкар пас аз фарҷоми тадорукот ба самти Ҳинд равона мегашт. Муаллифи «Таърихи Масъудӣ» овардааст, ки амир ба вазир таъкид медошт, ки аз Ғазнин дур гаштан раво нест, зеро Ҳинд аз даст меравад.
Ғазнин бузургтарин маркази тиҷоратии асри Ғазнавиён низ гардид. Аз тамоми гўшаву канори олам молҳои мавриди ниёзи аҳолӣ оварда мешуд. Вобаста ба ҷойгоҳи Ғазнаву нуфузи он ва шумори вофири кормандони маъмурӣ дар ин ҷо нарху наво нисбат ба дигар шаҳрҳо баландтар буд. Ба навиштаи Утбӣ аз Ғазнин ба дигар кишварҳо барда, ки аз Ҳинд ба даст меомад, содир мешуд.
Шаҳре, ки пойтахти Ғазнавиён гардид, тадриҷан ба маркази фарҳангӣ табдил ёфт. Ин шаҳр ба вижа дар замони Маҳмуд ба авҷи шукуфоӣ расид. Адабиётшиносон Эдвард Броун, Забеҳуллоҳ Сафо, Ғуломҳусайни Юсуфӣ ва Аҳмад Абдуллоев дар хусуси муҳити адабии Ғазнаин маълумоти муфассал додаанд. Дар қатори пажўҳиши муҳити адабӣ ва чигунагии рушди Ғазнин онҳо ба сабабҳову марҳилаҳои ташаккули ин маркази нав дар марзҳои шарқии ҷаҳони ислом низ дахл кардаанд. Тамоми сарвату дороии шаҳрҳову сарзаминҳои забтшуда ба Ғазнин оварда мешуд. Аз ҷумла, пас аз тасарруфи шаҳри Рай (соли 1029) аз ҷониби Султон Маҳмуд, китобҳои нодири ин шаҳр ба Ғазнин фиристода шуданд, ки дар миёнашон осоре аз Абуалӣ ибни Сино низ мавҷуд буд. Ховаршиноси маъруф Лен-Пол қайд мекунад, ки то он таърих ҳеч як аз пойтахтҳои Осиё бад-ин гуна мазҳари шукўҳу ҷалол қарор нагирифта буд.
Коху биноҳои муҳташам ва масоҷиду минбарҳои ин шаҳрро муаррихону шоирони зиёд ёдовар шудаанд. Утбӣ дар асари хеш муҳимтарину зеботарин бинои Ғазнин – Боғи Пирӯзиро зикр карда, менависад, ки саҳну атрофу гулдонҳои он аз рухом буду ниҳолҳои мевадору ороишӣ боғро ороста мегардонд. Навъҳои гуногуни мурғу дигар парандагон, аз ҷумла қумриву фохтаву сора дар ин боғ чаҳ-чаҳ мекарданд. Бо мушоҳидаи ин кохҳо бинанда «ёди қасри Хаварнақу айвони Мадоинро аз хотир фаромӯш мекард.... Мусаввирини чобукдасти мисриву хитоӣ, ки ҳар яки онон дар кашидани тасовиру рангомезиҳо монанди нигоргарон будаанд дар ин кох, як деворро майдони муҳорабаву разм ва девори дигарро маҳфили суруру базм, савумиро тасовири шикоргоҳ, чаҳорумиро ба тасвирҳои кӯҳсору обшорҳои табиӣ ба наҳве нақшу нигор карда буданд, ки дидаи ҳеч офарида назири ин айвонро дар зебоиву резакориву қашангӣ надида буданд». Ғазнин низ боғҳои фаровон дошт, ки машҳуртарин он ҳамин Боғи Пирӯзӣ буда, мувофиқи васияти Маҳмуд моҳи апрели соли 1030 вайро дар он боғ ба хок супурданд. Байҳақӣ инчунин Боғи Садҳазорро низ ном бурдааст.
Муносибати Маҳмуд бо писараш Масъуд дар солҳои охири ҳаёти ӯ ба тирагӣ гароида, саранҷом ба як тавтеа ва табаддулоти давлатӣ мунҷар шуд. Масъуд, ки дар умури давлатдорӣ равише мухолиф бо падарро пеша кард, дар кохи зебову муҷаллали падар нанишаст ва барои худ бо харҷи зиёд як кохи дигар сохт, ки онро Кушки (нави) Масъудӣ меномиданд. Байҳақии дабир борҳо аз он он ёдовар шудааст. Ба навиштаи Байҳақӣ Масъуд кушки худро тарроҳӣ кард «ва хатҳои ӯ кашид ба дасти олии хеш, ки дар чунин адавот хусусан дар ҳандаса ояте буд. Ва ин кушк ба чаҳор сол бароварданд». Будҷаи бинои онро низ Байҳақӣ аз забони як муҳандис шунидааст, ки ҳафт бор ҳазор-ҳазор (ҳафт миллион) дирам будаст. Кушки Давлат, Кушки Сапед, масҷиди Аруси Фалак аз дигар биноҳои машҳури Ғазнин буданд. Масҷиди Аруси фалак, ки масҷиди ҷомеъ буд, бо дастури Маҳмуд бунёд гардид. Зеро шаҳри Ғазнин акнун як шаҳри музофтӣ неву маркази имперотурӣ буд ва масҷиди қадимии он дигар наметавонист ҳамаи намозгузоронро дар худ гунҷоиш диҳад. Барои сохтмони он низ маблағҳои бузург аз ҳисоби ҷангҳои ғоратгаронаи Ҳинд ихтисос дода шуд. Муҳандисон аз кохи Пирӯзӣ то он масҷид роҳеро таъйин ва пӯшиш карда буданд, ки Султон ҳамроҳи се ҳазор ғулом бемамониат ба онҷо раваду намозро барпой дорад. Муҳаққиқи афғонистонӣ Ҷалолӣ навиштааст, ки ҳар кас ин масҷидро медид, «ангушти ҳайрат ба дандон мегирифту бо худ мегуфт: ай он ки масҷиди Димашқро дидаву ба он шефта шудаӣ, биёву масҷиди Ғазнинро тамошо кун, то аз рӯйи муойина ба бартарии он эътироф намоӣ».
Садҳо биноҳои маъмурӣ, қасру кушку масҷиду мадрасаҳо дар ин шаҳр бунёд ёфт. Биноҳои шаҳр бо аксҳои рангорангу зебо ороста буданд. Инро аз як навиштаи Байҳақӣ низ метавон пай бурд. Байҳақӣ дар баёни омадани селобе ба Ғазнин, ки 1 июли соли 1031 иттифоқ уфтод, аз вайрониҳои воридаи ин офат ба шаҳр ҳикоят карда, аз даҳҳо ободҳову ифтихороти ҳунарию меъморӣ ном мебарад. Аз ҷумла бозорҳо, маҳалли саррофон, силсилаи дукконҳо, қалъа, Пули Бомиён, анбуҳи дарахтон, ки пирояи шаҳру хеле ороста буданд, аз ин селоб хароб мегарданд. Ин воқеаро ҷамъбаст карда, Байҳақӣ меафзояд, ки «Ва ин сели бузург мардумонро чандон зиён кард, ки дар ҳисоби ҳеч шуморгир наёяд..... Ва аз чанд сиқаи зовулӣ шунидам, ки пас аз он, ки сел бинишаст, мардумон зару симу ҷомаи табоҳшуда меёфтанд, ки сел он ҷо афганда буд ва Худой, азза ва ҷалла, тавонад донист, ки ба гуруснагон чӣ расид аз неъмат».
Муҳаммад Иқбол пас аз нуҳсад сол ба ёди Ғазнаи рўзгори Маҳмуд уфтода, ободии бемонанди шаҳрро чунин тавсиф мекунад:
Шаҳри Ғазнин як биҳишти рангу бў,
Оби ҷўйҳо нағмахон дар коху кў.
Қасрҳои ў қатор андар қатор,
Осмон бо қуббаҳояш ҳамканор.
Бузургтарин мутафаккири Шарқ Абурайҳони Берунӣ аз ҷумлаи донишмандоне буд, ки дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ вуҷуди ӯро мояи мубоҳоту фахр дониста, ба шаҳри Ғазнин фаро хонд.
То тасарруфи Хорзам ба дасти Султон Маҳмуд дар соли 1017 Беруниву чанд тани дигар дар ин вилояти муҳими таърихӣ ба пажӯҳишу ковишҳои илмӣ банд буданд. Муҳаққиқ Толстов навиштааст, ки Берунӣ чунон нуфузе дошт, ки дар як зиддияти иҷтимоӣ миёни мардум ва ҳукумати Хоразм миёнрав шуду ошубро фурӯ нишонд.
Берунӣ аз имконоти Маҳмуду дарбори ӯ огоҳӣ дошт ва вақте дар тарозуи хиради хеш миёни ду роҳ интихоб мекард, дар итоати Маҳмуд будану машғул гаштан ба илмро беҳтар аз оворагиву номуайянии сарнавишт донист. Албатта назари дигаре ҳам ҳаст, ки Низомии Арузии Самарқандӣ меоварад ва бар асоси навиштаи ӯ Берунӣ на бо икроҳ, балки бо даъвати Маҳмуд қабл аз тасарруфи Хоразм ба Ғазнин омаду аз марҳамати шоҳонаи Маҳмуд баҳраманд гардид. Мансур ибни Алӣ ибни Ироқ аз хонадони Оли Ироқи Хорзам яке аз устодони Берунӣ буда, Хоразм дар замони қудрати ин силсила яке аз марказҳои муҳими фарҳангии он рӯзгор будааст. Аммо ишораи Низомии Арузии Самарқандӣ далолат бар он дорад, ки Маҳмуд як фармонравои мустабиду ситамгар буд ва назари аҳли илму ҳунарро ба пашизе намехарид. Гузашта аз ин, Маҳмуд тассаби сахти мазҳабӣ дошт, ки мухолиф бо равиши зиндагии Берунӣ буд ва куштори олимону сӯзондани ҳазорон китоб далели ин гуфтаҳост.
Яке аз равишҳои таҳқиқӣ ки Берунӣ бо он мавсуф будааст, пойбандӣ ба услуби дақиқи илмӣ мебошад. Ӯ ба ҳар чизе ба дидаи шакку тардид нигариста, то расидан ба яқин ба чизе бовар намекард. Яке аз шиорҳои ӯ дар амри касби дониш ин буд, ки мегуфт: «ҳар чиро ки шунидӣ, дар бутаи инкор бигузор, то хилофаш бо далелу бурҳони қотеъ бар ту ошкору собит гардад». Байҳақии дабир дар муҷаллади даҳуми таърихи хеш зимни зикри Хоразму ҷойгоҳи он, ишорае ба Берунӣ карда, ӯро дар як ҷумла ба наҳве аҳсан сутудааст. Байҳақӣ менависад: «Ва пеш аз ин ба муддати дароз, китобе дидам бо хатти устод Абурайҳон ва ў марде буд дар адабу фазлу ҳандаса, ки дар асри ў чун ў дигаре набуд ва ба газоф чизе нанавиштӣ».
Дар ин шаке нест, ки Берунӣ донишманди энсиклопедист буда, дар тамоми улулми он рӯзгор дасти боло дошта, муваффақ низ гашта буд. Ӯ дар заминаи таърих ва сиёсат низ изҳори назарҳое карда, ки ҳикоят аз соҳибназару шахсияти мумтоз будани ӯ дорад. Дар замоне ки иддае дар Хуросон (ва ҳатто дарбори Бухорову Ғазин), хусусан руҳониёни қишриву иртиҷоӣ ҳанӯз бовар доштанд, ки Аббосиён ҳокими мутлақи ҷаҳони исломанд, ӯ бо ҷасорат навишт, ки риёсате ки пас аз пирўзии Оли Бўя ба Бағдод (соли 945) дар дасти Бани Аббос монд, амри динию эътиқодӣ буд, на салтанати дунявӣ. Нуктаи дигари ҷолиб аз андешаҳои таърихии устод Абурайҳони Берунӣ он аст, ки дар Ғазнин истода шаҷарасозии силсилаҳои ҳукуматгарро ба боди интиқод мегираду ғолиби онро ботилу ҷаълӣ медонад. Иллати аслии таълифи шоҳкори бемисли худ – «Осору-л-боқия»-ро зарурати онрӯзаи ҷомеаи мусулмонӣ, яъне ихтилоф дар усулу пайдоиши тарихи миллатҳо медонад. Берунӣ решаи форсҳову суғдиҳоро як дониста, русуми онҳо, аз ҷумла маросими сӯгвории суғдиёнро тасвир мекунад. Деворнигораҳои Панҷакат ин гуфтаҳои устод Абурайҳонро таъйид мекунад.
Равиши таҳқиқи Абурайҳон дар масъалаи таъриху фарҳанг ва ойини миллал дур аз тассубу ифротандешӣ аст, ки хосси замони ӯ буд. Вай аз ҷумла, ба баъзе муаррихони араб, ки «кинаҳову душманиҳо бо эрониён доранд» назири Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муслим ибни Қутайбаи Динаварӣ (828-889) тохта, фазлтарошии ӯ дар боби арабҳо ва мазаммати аҷамиҳоро маҳкум мекунад. Берунӣ тааҷҷубб мекунад, ки як донишманд ба бартар донистани арабҳо бар эрониён кифоят накарда, мардуми эрониро забунтарини халқҳову пасттарини махлуқот мешуморад. Берунӣ китобсӯзиву муғкушии Қутайба ибни Муслими Боҳилиро накӯҳиш кунад ҳам, вале зардуштӣ боқӣ мондани қисме аз аҳолии Хоразмро, натиҷаи таассуб медонад. Донишманди хоразмӣ менависад, ки «акнун аз бозмондагони маҷуси Хоразм ҷуз муште, ки устуворӣ дар дини худ надоранду ба зоҳири дин ихтисор кардаанду аз маонию ҳақиқати дини зардуштӣ ғофиланд». Абурайҳон мегуфт, бояд ҳамаи адёну фирақ ва ақидаву оройи миллатҳоро омӯхт ва ҳамонеро қабул кард, ки бар пояи илму далоили мантиқӣ ва ақлонӣ устувор бошад. Дар асри ҳукумати тассубу ҷаҳли асримиёнагӣ ин хидмати бузург буд, ки як донишманд илмро аз дин ҷудо донаду гиромӣ дорад.
Алиакбари Деҳхудо фарҳангнавису донишманди эронӣ корномаи илмии Абурайҳони Беруниро чунин натиҷагирӣ мекунад: «Дар ҳазор сол пеш бурду тастеҳ аз тастиҳоти чаҳоргонаи курра мутафаттин гаштан, навъи чоҳи ортезиан кашф кардан, ба истихроҷи синуси як дараҷа тавфиқ ёфтан, бинои улуми табии бар риёзӣ ниҳодан, садҳо сол муқаддам аз Коперник ва Галилей дар назди подшоҳе чун Маҳмуд дар ақидаи мутаҳаррик будани замин исрор варзидан барои маърифати иҷмолии доҳии кабир кофӣ аст».
Шояд зеботарин лаҳзаи зиндагии Абурайҳон охири умри ӯ бошад. Фақеҳ Абулҳасани Алӣ гуфтааст, ки он гоҳ, ки нафас дар синаи ӯ ба шумор уфтода буд, болини вай омадам. Дар он ҳол пурсид «ҳисоби ҷаддоти фосидаро, ки вақте маро гуфтӣ боз гӯй ки чи гуна буд? Гуфтам: акнун чӣ ҷойи ин суол аст? Гуфт: ай мард кадом як аз ин ду беҳтар? Ин масъаларо бидонаму бимирам, ё нодониставу ҷоҳил даргузарам? Ман он масъаларо бозгуфтам. Ҳанӯз қисмате аз роҳро напаймуда будам, ки шеван аз хонаи ӯ бархост».
САЙФУЛЛОҲИ МУЛЛОҶОН
доктори илмҳои таърих