Қисми 3.
Аз анъанаҳои дигари зишт, ки дар замони қадим дар байни баъзе қавму қабилаҳо ривоҷ дошт, анъанаи «ҳақи шаби аввал» мебошад. Дар асрҳои миёна то асри XVIII дар Россия ва кишварҳои дигари Аврупо феодалҳо, яъне заминдорон ҳуқуқеро соҳиб буданд, ки тибқи он ҳангоми хонадоршавии муздурон ва деҳқонони иҷоракори худ дар шаби авали пас аз бастани ақди никоҳ бо арӯс ҳамхоба мешуданд ва ӯро аз бакорат маҳрум мекарданд. Аммо, дар баъзе мавридҳо марди изивоҷкарда метавонист бо пардохтани хироҷи махсус ин ҳақро аз феодал харад ва бо ин тарз худро ва арӯсашро аз шармандагӣ наҷот диҳад. Ҳамин навъ ҳуқуқ барои хешоавандони домод ва арӯс дар байни баъзе қабилаҳои африқоӣ ва ҷазираҳои Балеар, инчунин, барои доҳиён ва шаманҳои қабилаҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ вуҷуд дошт. Ин анъана дар замони муосир дар байни баъзе қавму қабилаҳои маскуни Аляска боқӣ мондааст.
Дар Мисри Қадим агар зане ба шавҳараш хиёнат мекард, шавҳараш ӯро ҳатман дар оташ месӯзонид, аммо агар шавҳар ба зани худ хиёнат мекард, ҳеҷ танқиде намешунид ё ҷазое дода намешуд. Дар Шумери Қадим агар зан аз хона чизеро мебаровард, ӯро ба дуздӣ муттаҳам мекарданд ва шавҳараш гӯшҳои ӯро мебурид. Пас аз вафоти шавҳар бевазан дар ихтиёри аҳли хонаводаи шавҳари марҳумаш мемонд ва муваззаф буд, ки ба яке аз аъзои он хонавода издивоҷ кунад. Дар Руси қадим институти издивоҷ ва никоҳ умуман вуҷуд надошт. Мардҳо аз тариқи дуздидан ё маҷбуран бо худ бурдани шумораи номаҳдуди занону духтарон бо онҳо хонадору ҳамхоба мешуданд. Дар ҷомеаҳои динӣ-этникии яҳудӣ ва насронӣ низ ҳуқуқу озодиҳои занон хеле маҳдуд карда шуда буданд. Мутобиқи таълимоти Библия (Аҳди Қадим, китоби якуми Мӯсо: фасли 3, сатри 16), таъкид шудааст, ки занон бояд то қиёмат мӯҳтамили дарду ранҷ бошанд ва зери итоату фармони мардон қарор гиранд: «Ба зан гуфт: «заҳмати туро бо дарду ранҷи ҳомиладорӣ меафзоям, бо дарду ранҷ тифлонатро мезойӣ, ва шавқу рағбати ту ба шавҳарат хоҳад буд ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард» . Ин ду кайфари зан (бори ҳамлу дарди таваллуд ва итоати якумрӣ ба мард )ба хотири он аст, ки Ҳаво иштибоҳ кард ва аз дарахте, ки мамнӯъ буд, як миқдор меваи онро хӯрд. Ҳамчунин, аз нақли Аҳди Қадим чунин бармеояд, ки зан ҳамтирози мард нест, балки як фаръи тобеъи мард аст, ки аз як қабурғаи мард офарида шудааст.
Тибқи таълимоти Аҳди Қадим, инсон ба сурати мард (Одам) офарида шуд ва сипас аз як узви ӯ зан ба вуҷуд оварда шуд: «Ва Худованд хоби гарон бар Одам муставлӣ гардонд, то (Одам) бихуфт ва яке аз қабурғаҳояшро гирифт ва гӯшт дар ҷояш пур кард. Ва Худованд он қабурғаро, ки аз Одам гирифта буд, зане бино кард ва вайро ба назди Одам овард» (Аҳди Қадим, китоби якуми Мӯсо: фасли 2, сатрҳои 21-22) . Муҳаққиқони зиёде зимни таҳқиқи мақоми занони яҳудӣ дар замони бостон ҳамин оятҳои Тавротро дар назар дошта, мегӯянд, ки вазъи занони яҳудӣ аз вазъи ғуломон ҳеҷ фарқе надошт, яъне занҳо мисли ғуломон ҳеҷ гуна ҳуқуқу озодӣ надоштанд.
Чунин андеша алалхусус, дар байни муҳаққиқони замони шӯравии таърих ва фалсафаи дин хеле маъмул буд. Сабаби дар ҷомеаи насронӣ ривоҷ доштани нобаробарии миёни марду зан ва анъанаи латукӯби зан аз тарафи шавҳар низ, ба андешаи муҳаққиқон, баъзе муқаррароти Аҳди Қадим мебошад, ҳарчанде, ки насрониҳо, мантиқан, бояд дар рафтори худ ба суннати Исои Масеҳ ва аҳкоми Аҳди Ҷадид, на ин ки ба аҳкоми Аҳди Қадим (Тавроти яҳудиён) пайравӣ кунанд. Дар ҳар сурат, дар Аҳди Қадим гуфта шудааст, ки зан бояд ба никоҳи мард дароварда шавад Ин мафҳум дар Фарҳанги Библия чунин шарҳ дода шудааст: «Занро ба никоҳи худ даровардан чунин маъно дорад, ки мард занро бо пул мехарад ва ба ӯ соҳиб мешавад».
Аз лиҳози ҳуқуқӣ, зимни ба расмият даровардани издивоҷ розигии духтар ҳатмӣ нест, чунки дар ин бора дар Аҳди Қадим (Таврот) чизе гуфта нашудааст. Ҳақорату тамасхур ва суханони қабеҳу таҳқиромезеро, ки падарони калисои насронӣ нисбат ба ҷинси зан раво донистаанд ва гуфтаанд, ҳеҷ каси дигар нагуфтааст. Дар воқеъ, дар осори падарони калисои насронӣ ё худ насронияи ибтидоӣ зан «дарвозаи ҷаҳаннам» ё «дари дӯзах», «модари ҳамаи бадиҳо ва палидиҳои заминӣ (индунёӣ)» муаррифӣ шуда, сабаби аз биҳишт ронда шудани Одам ва ғарқи гуноҳ шудани инсоният эълом шудааст. Дар тафсирҳои Библия гуфта шудааст, ки зан танҳо аз тариқи таваллуди фарзанд, покдоманӣ, порсоӣ ва итоат ба шавҳари худ имкони гуноҳи худро шустан ва роҳ ёфтан ба «Салтанати самовӣ»-ро пайдо мекунад. Нобоварӣ нисбат ба зан дар ҷомеаи насронияи ибтидоӣ то он ҳад зиёд буд, ки рӯхониёни насронӣ то дер замоне дар бораи рӯҳ доштан ё надоштани зан натавонистаанд, як қарори барои ҳамагон мақбул қабул кунанд. Танҳо дар соли 585 дар Анҷумани маконии Калисо (ш. Макон, Фаронса) чунин қарор қабул карда шуд, ки тибқи он, зан, ҳарчанде махлуқи дараҷаи паст бошад ҳам, як чизе шабеҳи рӯҳ дорад.
Ин гуна андешаҳои мардсолоронаи рӯхониёни насронӣ оид ба зан сабаби дар Аврупо ва кулли олами насронӣ густариш ёфтани муносибати манфии мардҳо ба занҳо шудааст. Дар фалсафаи Юнони Бостон, ки маншаи муҳимтарини фаслсафаи асримиёнагии тоҷик мебошад, низ ҳуқуқу озодиҳои занон сахт маҳдуд ва поймол карда шудаанд. Барои тасдиқи ин фикр ба афкори Афлотуну Арасту роҷеъ ба зан мухтасаран шинос мешавем.
Замоне ки Афлотун ба арсаи андеша ворид шуд, мақоми зан дар ҷомеаи Юнони Бостон аллакай аз он маҳдудаи танге, ки дар достонҳои Ҳомер тасвир шудааст, хуруҷ карда, ва зан акнун чархи ресмонресии худро як сӯ гузошта, аз чодархонаи худ берун мешуд. Зани юнонӣ дар замони Афлотун, ҳарчанде ки аз ҳуқуқу имтиёзҳои расмӣ маҳрум буд, вале аллакай шахсияти инсонии худро дарку касб намуда, худро ҳамчун як қувваи ҷамъиятӣ муаррифӣ менамуд.
Чунин таҳаввулот дар раванди худшиносӣ ва камолоти инсонии занро Афлотун на танҳо эътироф ва истиқбол намуд, балки ҷиҳати таҳкиму таҳаввули минбаъдаи мақоми иҷтимоии зан андешаҳои ҷолиберо дар осори худ ба ояндагон мерос гузошт. Андешаҳои нисбатан ҷолибу пешқадамонаи Афлотун роҷеъ ба мақом ва манзалати ҳуқуқию иҷтимоии зан дар маъруфтарин асари ӯ «Ҷумҳурӣ», зимни тарҳрезии сохтори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи ормонии ӯ баён гардидаанд.
Тибқи андешаи Афлотун, зан пеш аз ҳама инсон аст ва ҳамон ҳуқуқу вазифаҳоеро дорад, ки мард дорад. Бинобар ҳамин, ӯ мехоҳад, ки зан мисли мард тарбия ва маълумот гирифта, шоиру мусиқидон, варзишгар, олиму муҳаққиқ бошад ва вазифаҳои баланди давлатиро иҷро кунад. Ӯ мӯътақид буд, ки дар байни марду зан, аз лиҳози қувату қобилиятҳо, ҳеҷ гуна тафовути сифатӣ, ки боиси аз якдигар фарқ кардани ҳуқуқ ва соҳаи фаъолияти онҳо мешуда бошад, вуҷуд надорад. Афлотун чунин меандешид, ки камолоти касбиву меҳнатӣ аз ҷинсият, яъне мард ё зан будани инсон не, балки аз қобилияту истеъдодҳои фитрии ӯ дар ин ё он навъи касбу ҳунар вобаста мебошад.
Бо ҳамин далел, Афлотун пешниҳод мекунад, ки занон низ мисли мардон дар интихоби касбу ҳунар озод ва комилҳуқуқ бошанд ва ҳеҷ гуна маҳдудият надошта бошанд. Бо ҳамин равиш, қонуне, ки онро Афлотун барои ҷумҳурӣ эълом мекунад, яъне баробарҳуқуқии занону мардон дар ҳамаи соҳаҳои меҳнат ва фаъолияти ҷамъиятӣ, азҷумла дар соҳаи сиёсат ва умури давлатдорӣ, ба андешаи худи Афлотун, комилан одилона ва табиӣ мебошад в баръакс, нобаробарии мардону занонро, ки дар замони ӯ вуҷуд доштааст, ҳамчун поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои фитрии занон маҳкум намудааст. Ӯ талаб менамояд, ки занон аз маҳдудаи вазифаҳо ва ӯҳдаориҳои оилавӣ озод карда шаванд ва, мисли мардон, аз ҳуқуқи фаъолият намудан дар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ бархӯрдор бошанд. Аз ин рӯ, ҳамон низоми маориферо ки мардҳо аз худ мекунанд, занон низ бояд омӯзанд. Бояд эътироф намуд, ки Афлотун ҳангоми баён намудани ин ақидаҳои худ ба эродҳи зиёди мубоҳисону мухолифонаш дучор мешуд. Масалан, мухолифони андешаи баробарҳуқуқии зан ва мард чунин далел меоварданд, ки дар сурати ба баъзе касбу ҳанарҳои варзишӣ ва ҳарбӣ роҳ додани занон, онҳо бояд мисли мардҳо тани худро луч ё нимаурён намоян, ки ин мухолифи меъёрҳои ахлоқу одоб буда, боиси коҳиши иффату номуси онҳо мешавад.
Ба ақидаи ин гурӯҳ, зан дар сурати машғул шудан ба чунин касбу ҳунарҳо арзишмандтарин сарвати маънавии худ – шарму ҳаёро аз даст медиҳад ва ба гирдоби рафторҳои зишту нолоиқ меафтад. Аммо Афлотун ба чунин эродҳо ҳеҷ гуна аҳамияти ҷиддӣ намедиҳад, балки худ онҳоро ҳамчун натиҷаи таъсири андешаву тасаввуротҳои хурофотӣ рад намуда, боварӣ дорад, ки чунин андешаҳои хурофотӣ нисбат зан ва мақоми иҷтимоии ӯ, бо мурури замон, дар баробари рушд в густариши раванди иҷтимоишавии занон, тадриҷан аз байн мераванд. Чуноне ки Афлотун мегӯяд, танҳо бо сатру ҳиҷоб ва либос пӯшонидану аз чашми мардум пинҳон доштани бадани ӯ имкон доштани ҳифзи номусу иффати зан як фикри соддалавҳона мебошад. «Сипари асосии номусу иффати зан, - мегӯяд Афлотун, - шарму ҳаё мебошад, на сару либос, аз ин рӯ, зани бошарму ҳаё зимни фаъолият дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ҳатто дар соҳаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, номусу иффати худро аз даст нахоҳад дод». Дар ҳар сурат, чӣ тавре, ки аз ин назари мухтасар ба олами андешаҳои иҷтимоии Афлотун дар «Ҷумҳурӣ» хулоса кардан мумкин аст, Афлотун аввалин мутафаккири ғарбӣ мебошад, ки тавониста буд, аз қолаби тасаввуротҳои патриархалии пастзанандаи мақоми иҷтимоии зан даст кашида, ба зан на аз чашми таҳқир, балки аз чашми таҳсин, ҳамчун ба инсони бо мард аз лиҳози мақом ва нақши иҷтимоӣ комилан баробар назар андозад. Ба андешаи Арасту, занҳо табиатан ғуломсифатанд, яъне дар онҳо қудрату малака ва ё донишу таҷрибаи сарварӣ кардан вуҷуд надорад, бинобар ҳамин барои комёб шудан дар зиндагӣ бояд дар зери итоати мардҳо бошанд ва онҳоро фармонбардорӣ кунанд.
Аз ин рӯ, марду зан баробарҳуқуқ буда наметавонад. Ин андешаи Арасту, бешубҳа баёнгари дағалтарин ва ифротитарин нигоҳи паьтрипархалӣ ба мақом ва ҳуқуқу озодиҳои зан ба шумор меравад, ки дар фарҳанги умумибашарии муносибатҳои гендерӣ дар тӯли ҳазорон сол таъсири бағоят шадид гузоштааст. Дар тамоми ниҳодҳои ҷомеаи мутамарказе, ки Арасту онро дар «Сиёсат»-и худ тасвир намудааст (оила, шаҳру деҳот, давлат) муносибати мард аз ҳамин гуна нуқтаи назари поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои зан шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Тибқи андешаи Арасту, азбаски мард дар муқоиса бо зан, табиатан бартарияту афзалиятҳо дорад, пас мақоми ҳуқуқии ӯ низ нисбат ба мақоми зан болотар аст, аз ин рӯ мард ҳукм меронад, зан бошад, ба мард итоат мекунад.
Ҳамин тариқ, Арасту ғояеро, ки тибқи он ҳамаи одамон озод таваллуд мешаванд, комилан рад мекунад. Ӯ ба таври бошуурона, дидаву дониста, таълимоти роҷеъ ба ҷомеаи ғуломдории худро бо андешаҳои мутафаккероне, ки маншаи табиӣ доштан ва бо қонунҳои табиат мувофиқ будани ҷомеаи ғуломдориро рад менамуданд, муқобил мегузорад.
Аҷиб аст, ки Арасту тавлиди мардро як ҳодисаи қонунмандонаи табиӣ, тавлиди занро бошад натиҷаи риоя нашудани чунин қонунмандӣ медонад. Ӯ ҳамчун зан ба дунё омадани инсонро бо нуқсонҳо ва заъфи қувваҳои рушддиҳандаи худи тифли тавлидшаванда вобаста макунад, бо падар шабоҳат надоштани писарро як падидаи ғайримеъёрӣ мешуморад.
Шоев Зиёвиддин – мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.