МУТТАСИЛИЯТИ ТАЪРИХИИ МАРОСИМИ ДАФН ВА ТАҲАВВУЛИ ҶУЗЪИЁТИ МАЪНАВИИ ОН

Маросими дафн яке аз муҳимтарин унсурҳои фарҳанг ба шумор меравад, зеро он бо ҳалли бузургтарин ва даҳшатноктарин муаммои ҳастии инсон – гузариш аз ҳаёт ба марг алоқаманд аст. Ин ҳолат, аз як тараф, устувории расму ойинҳои маросими дафн ва аз тарафи дигар, синкретизми онҳоро муайян мекунад: онҳо таҷрибаи априории ҷамъиятро ифода мекунанд, ки бо вуҷуди амалан санҷишнопазир буданашон, дар ташкили дигар амалияҳои чамъиятӣтаъсир ва нақши назаррас доранд. Маросими дафнро дар шакли схематикии худ маҷмўи амалҳое ҳисоб кардан мумкин аст, ки иҷрои онҳо барои ҳалли ду вазифаи асосӣ- аввалан, интиқоли рўҳи марҳум ба маконе, ки бояд бошад, ва дуюм, зиндамондагонро аз таъсири зарарноки он муҳофизат намудан пешбинӣ шудааст.

 

Ҷиддияти масъалаи баррасишаванда кам кардани омили тасодуфиро дар иҷрои ҳар як амал тақозо мекунад, аз ин рӯ, дар маҷмӯъ, мавҷудияти ҳар як унсури маросими дафн ба мавҷудияти унсурҳои дигар вобаста аст. Дар доираи ин таҷрибаи асотирӣ-иҷтимоӣ, истифодаи ашёи рўзмарра ба онҳо маънои хосеро мебахшад, ки он аз  маънои маъмулӣва дар ҳаёти рўзмарраи воқеӣдоштаи ин ашё фарқ мекунад.

 

Таҳқиқи хусусиятҳои истифодаи ашё дар маросими дафн имкон медиҳад, ки тарзи тафсири рамзи маъноии маросими дафн ошкор карда шавад. Ин равиш махсусан  барои археология бинобар хусусияти сарчашмаи худ аҳамияти калон дорад: он ба муҳаққиқ имкон медиҳад, ки далелҳои пароканда ва аксаран пора-пораро то ҳадди имконпазир бо ҳам пайваста, бо ин усул ҷузъи маънавии маросимро то ҳадди имконпазир барқарор кунад. Истифодаи силоҳ дар расму оинҳои дафн, ки онро бостошиносон дар асоси таҳқиқи дастовардҳои ҳафриёт ёдгориҳои давраи неолит қайд кардаанд, метавонад ҳамчун яке аз маъмултарин архетипҳо шумурда шавад, ки инро бозёфтҳои аслиҳа ё боқимондаҳои онҳо дар қабрҳои фарҳангҳои гуногуни археологӣ шаҳодат медиҳанд. Бо вуҷуди ин, маводи археологӣ, ки далели истифодаи силоҳро дар иҷрои дафн тасдиқ мекунанд, аксар вақт ба саволе, ки онҳо бо кадом сабаб, ба чӣ мақсад, ба чӣ сифат истифода шудаанд ё чи вазифаро иҷро мекунанд, ҷавоб намедиҳанд. Ҳангоми тафсири ин ҷузъиёти маросим, чун қоида, ду консепсия истифода мешаванд, ки дар илми муосир бартарӣ доранд: 

 

1) Функсионализми транссенденталӣ, ки тибқи он силоҳ барои мурда дар дунёи дигар барои ҳамон ҳадафҳое истифода мешавад, ки дар ин дунё истифода мешуд. Чунин тасаввуротро, чуноне ки таҳқиқи силоҳу лавозимоти ҷангии қабрҳои қадимаи аз ҷониби бостоншиносон кашфшуда собит менамояд, метавонанд расму оинҳои махсус, мисли  сӯзондан, осеб расондан ва ғайра ҳамроҳӣ кунанд, ки барои «гузаронидани» ашё ба дунёи дигар пешбинӣ шудаанд.

 

2) Маънои иҷтимоӣ, ки мувофиқи он аслиҳа бояд мавқеи иҷтимоии инсонро дар давраи зиндагӣ, хизматҳои муайян ва дастовардҳояшро инъикос намояд. Дар расму оин ин ақидаҳоро бо ду роҳ – бо истифода аз намунаҳои бой, маросимӣ ва ё баръакс, намунаҳои назрӣ, ки барои ҳаёти воқеӣ номувофиқанд, вале ба сифати аломати хосият хизмат карда метавонанд, метавон инъикос кард. Ҳардуи ин тавзеҳот бо маълумотҳои этнографӣ тасдиқ шудаанд ва аз ин рӯ, онҳоро метавон комилан боварибахш ва асоснок ҳисоб кард. Илова бар ин, ҳардуи ин фарзияҳо метавонанд якҷоя, дар ҳолат ва дар як вақт вуҷуд дошта бошанд. 

 

Маълумоти этнографӣ мавҷудияти чунин расму оинҳоро дар байни бисёр халқҳо, аз ҷумла дар мардуми Сибир нишон медиҳад ва дар айни замон собит менамояд, ки дар ҳамон як фарҳанг ва дар ҳамон як замон силоҳ метавонад ба намуди гуногун амал кунад. Масалан, тоторҳои Бараба (Бараба - номи таърихии қаламрави васеъ, ки қад-қади роҳи оҳани Транссибир, тақрибан аз шаҳри Барабинск то шаҳри Каргат (вилояти Новосибирски муосир) тӯл мекашид) аз одати қадимаи бо либоси беҳтарин, бо камон ва ханҷар ба хок супурдани марҳум ёдовар мешаванд, ки бояд мақоми ӯро дар зиндагӣ инъикос мекард(Герасимов Ю.В. Очерки культурогенеза. М, 1994. –С. 352.).

 

Ин одат, яъне ҳамроҳи мурда гузоштани аслиҳа ва ашёҳои гуногун дар ҳудуди Осиёи Миёна аз қадимтарин давраҳо, аниқтараш, ҳанӯз дар давраи неандерталҳо вуҷуд дошт. Масалан, солҳои 1938-1939 бостоншиноси шӯравӣ А.П.Окладников дар шимоли минтақаи Амударё макони фарҳанги мустерӣ ва дафни боқимондаҳои скелет (косахонаи сар ва баъзе устухонҳо) - и кӯдаки неандерталии 8-9-соларо кашф кард.

 

Дар атрофи мадфани кӯдак шохҳои бузҳои кӯҳиро бо тартиб, ба шакли ҳалқа гузошта шуда буданд (Ниг.: Ғафуров Б. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. –С. 31.). Ин бозёфт аз мавҷудияти эътиқоду маросими динӣ дар байни неандерталҳои маскуни Осиёи Миёна шаҳодат медиҳад. Худи А.П.Окладников дар бораи ин бозёфт чунин навиштааст: «Ҳафриётҳои минбаъда манзараи ғайричашмдошт ва воқеан аҷиберо ошкор карданд, ки онро ҳеҷ як муҳаққиқ то ҳол надидааст: дар атрофи косахонаи одами мустерӣ (скелети кўдаки неандерталӣ аз мағоки Тешиктош -Ш.З.) шохҳои бузҳои кӯҳиро бо тартиби муайян, дар шакли доира гузошта буданд. Ин ба таври раднашаванда гувоҳӣ медиҳад, ки дар паси ин амал аллакай ақл, нақшаи мантиқии амал, як олами томи тасаввуротҳо мавҷуд буд»(Окладников А. П. Утро искусства. — Л.: Искусство, 1967. — С. 25.).

 

Аҷиб ин аст, ки одати мазкур, яъне гузоштани шохҳои бузи кўҳӣ дар атрофи мадфани мурда, имрўз низ дар байни мардуми тоҷик, масалан, дар байни сокинони навоҳии водиҳои Ҳисор ва Рашту Дарвоз маҳфуз мондааст. Ва ин худ далели муттасилии маросими дафн мебошад, ки беш аз 100 ҳазор сол муқаддам дар байни неандарталҳо дар партави кадом як эътиқоди примитивии динӣзуҳур карда, минбаъд бо зуҳури инсони оқил ва инкишофи тамаддун, рушди тафаккур ва донишу таҷрибаҳои динӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ва такомул ёфта, давраҳои гуногуни таърихиро муттасилона паймуда, то замони мо омада расидааст.   

     

Шоев Зиёвиддин - сардори шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика