9-уми марти соли равон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар қасри бошукуҳи Ваҳдат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагону фаъолони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои миллат зимни суханронии худ атрофи он муфассал андеша ронданд, масъалаи мубориза бо таассубу хурофот мебошад, ки мисли заҳрпечак тамоми тору пуди ҳаёти динӣ, ахлоқу маънавиёт, махсусан урфу одатҳо, анъанаву маросимҳои динии моро бо худ печида ва фаро гирифтаанд.
Пешвои миллат махсусан ба таассуб ва хурофоте, ки дар иҷрои маросими Ҳаҷ дар солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, ишора карда, ба ходимони дин, олимону мутахассисони АМИТ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати бартараф кардани ин гуна таассубу хурофоти «навбаромад»-и динӣ тадбирҳои илмию амалӣ андешанд.
Пешвои миллат хотирнишон карданд, ки «хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат омили бадбахтии миллат аст!». Дар воқеъ мо худ шоҳиди онем, ки чӣ гуна хурофоту таассуб, ҷаҳолату ифротгароӣ ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азим оварда, ҷомеаро ба ҷанги бародаркушӣ таҳрик дода буд.Ва ҳамин сабақи таърихиро Пешвои миллат дар назар дошта, моро огоҳ мекунанд, ки нисбат ба таассубу хурофот саҳлангору бепарво набошем, барои пешгирӣ ва аз байн бурдани онҳо якдилона, дастаҷамъона мубориза барем.Як нуктаи ташвишовар ин аст, ки агар чунин таассубу хурофоти «навбаромад» сари вақт пешгирӣ нашаванд, дар он сурат онҳо худ бо мурури замон ба одат ва анъана табдил ёфта, ба таъбири Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ, ҷаҳли моро боз ҳам мураккабтар хоҳанд кард.
Пешвои миллат аз ходимони дин хоҳиш карданд, ки ба мардум роҷеъ ба муқаррароти маросими Ҳаҷ, шартҳои он, фарқияти Ҳаҷи фарзӣ аз «умра» маълумоти дурустро дар асоси таълимоти Қуръону аҳодиси набавӣ ва фиқҳи ҳанафӣ баён карда, бо ин роҳ барои пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ, таассубу хурофот ва тақлидкорӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар иҷрои маросими Ҳаҷ кӯшиш кунанд.
Дар воқеъ, барои аксарияти мардуми мусулмони Тоҷикистон, дар солҳои шӯравӣ ва оғози давраи Истиқлол як навъ шуури «тақлидкорона»-и динӣ хос буд. Аксарияти мардум он чизе, ки дар бораи дини мубини Ислом ва таълимоти он, аз ҷумла дар бораи фарзу суннатҳои исломӣ медонистанд, бештар донишҳои тақлидӣ, нақлӣ, аз дигарон шунидашуда буданд, на донишҳое, ки дар худи матни Қуръону ҳадисҳо ё мазмуни мантиқии онҳо мавҷуданд.
Аз ин рӯ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, пас аз фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, давлат ба масъалаи аз байн бурдани тақлидкориҳои ҷоҳилона, таассубу хурофот, каҷрафторию исрофкориҳо, ифротгароӣ ва ҳар гуна рафтору падидаҳои номатлуб, бо асли таълимоти ақлонӣ, таҳаммулмеҳвар ва дорои мазмуни амиқи инсондӯстонаи мазҳаби ҳанафӣ бегона, инчунин танзими ҳуқуқии раванди эҳё ва таҷдиди шуури динии тоҷикон ҳарчӣ бештар таваҷҷуҳ намуд. Ба ин мақсад санадҳои махсуси меъёрию ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва ғ.) қабул ва дар амал ҷорӣ карда шудаанд, мунтазам тадбирҳои зарурии илмию фарҳангӣ андешида ва амалӣ карда мешаванд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат таъкид карданд, боиси ифтихори мост, ки бунёдгузори мазњаби њанафї, ин мазҳаби бузургтарин ва бонуфузтарини исломӣ, ки аксарияти мутлақи халқу миллатҳои мусулмони ҷаҳон пайрави он мебошанд, аз лиҳози мансубияти нажодӣ – ориёӣ, эронитабор аст. Балх- ватани аҷдодии Имоми Аъзам ҷузъе аз сарзамини паҳновар ва тамаддунхези Ориёнвиҷ- ҳудуди таърихӣ-ҷуғрофиёии густариши тамаддуни зардуштӣ ва сукунати халқҳои ориёӣ маҳсуб мешуд, ки Осиёи Марказӣ, Эрон ва як қатор минтақаҳои дигари бо онҳо ҳамҷаворро дар бар мегирифт. Дар чунин як сарзамини бузург ҳанӯз чоруним ҳазор сол пеш аз зуҳури Ислом дини тавҳидии зардуштӣ густариш ёфта буд, ки ба пайравонаш дар зиндагии фардию иҷтимоӣ ҳамеша ва қотеъона риоя кардани принсипи сегонаи ахлоқӣ- пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро талқин ва ташвиқ кардааст. Ҳарчанде, ки баъзе олимони шарқию ғарбӣ, дини зардуштиро дини политеистӣ (бисёрхудоӣ) пиндоштаанд, вале дар асл, чуноне ки Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор ул боқия» ин нуктаро таъкид кардааст, дини зардуштӣ – дини монотеистӣ (тавҳидӣ, яккахудоӣ) мебошад. Ба андешаи баъзе муҳақкиқони муосир низ, дини зардуштӣ як навъ дини марҳилаи гузариши ориёҳо аз эътиодои аблии бисёрхудоӣ ба эътиқоди яккахудоӣ буд, ки бешуба табиати яктопарастӣ дошт.Худованди ягонаву офаридгор дар Авесто ва маъхазҳои дигари зардуштӣ Маздо ё Аҳура Маздо ном дорад.Аз ин ҷост, ки дини зардуштиро дини Маздопарастӣ ё Маздоясноӣ низ номидаанд.
Имоми Аъзам, ки бешубҳа аз мазмуну асолати тавҳидии дини ниёгони худ воқиф буд, кӯшиш кардааст, ки ҷавҳари таълимоти ба мақсади таҳкими некию адолат дар ҷомеа нигаронидашудаи дину эътиқоди ниёгони худро дар осори худ бо таълимоти исломӣ ҳамоҳангу пайванд созад. Чунин иқдом ба Имоми Аъзам имкон дод, ки аз як тараф, суннатҳои неки ниёгони худро аз хатари фаромӯшӣ ҳифз кунад, аз тарафи дигар онҳоро дар коркарди низоми ҳуқуқии исломӣ оқилона ва эҷодкорона истифода барад. Дар натиҷаи чунин фаъолият ва равиши ақлонии ҳуқуқэҷодкунӣ Имоми Аъзам мазҳаберо барпо кард, ки имрӯз ҳамчун як мазҳаби таҳаммулмеҳвару адолатпарвар қисми аз ҳама бештари халқу миллатҳои мусулмони ҷаҳонро муттаҳид кардааст.
Аз ин иқдоми неку наҷиби Имоми Аъзам ҳам фарҳанги куҳанбунёди миллии мардуми Аҷам фоида ҳосил кард ва ҳам фарҳанги исломӣ аз монополияи арабҳо озод шуда, ба як дин ва фарҳанги ҷаҳонии фаромиллӣ табдил ёфт.
Идома дорад...
Шоев З.